Низомиддин Зоҳидӣ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дар хости сафорати Тоҷикистон бо «Козим мусавии буҷнурдӣ», риёсат ва теъдоде аз мудирони баланд мартабаи марказии Энсиклопедияи калони исломӣ мулоқот ва гуфтугӯ кард. Дар ин дидор ки субҳи панҷшанбе 28 феврал сурат гирифт, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар ирода ва азми ниҳодҳои илмӣ ва пажӯҳишии Тоҷикистон дар заминаи густариши равобит бо ниҳодҳои марбут ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вежа дар бахши пажӯҳиш ва фарҳанг, ба баёни дидгоҳҳои худ дар ин замина пардохт.
Вай ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба тамоюли муассисаи Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон ба тавсиъаи ҳамкориҳои илмӣ ва пажуҳишии Тоҷикистон бо марказии Энсиклопедияи калони исломӣ ва шабакаи муҳаққиқон ва пажӯҳишгарони ин маркази илмӣ пешниҳод кард ки барои наҳодина кардани масири ҳамкориҳои ду ҷониба, тафоҳумномае ба ҳамроҳи барномаҳои иҷроӣ дар заминаҳои гуногун барои як муддати муайян шуда миёни тарафайн танзим шавад.