Исмоилия шохаи калоне аз ташайюъ мебошад, ки дар Осиёи Миёна ба сурати бумӣ, торихи дурударозе дорад. Бо вуҷуди ин, шумори пайравони он ба нисбат андак аст, аммо ба далели иттиҳоди дарунии ҷамоат ва иртибот бо пешво ва имоме, ки дар Аврупо басар мебарад ва меҳвари асосии мазҳабро ташкил медиҳад, аҳамияти бисёре дорад. Хусусан, ки имом ва пешвои онон, Шоҳзода Карим Оқохони IY дорои обрӯи ҷаҳонӣ ва сарвати афсонаист.
Вай на танҳо бо маданияти ғарб ошноӣ дорад, балки ба умури пайравонаш машғул аст, ба хусус ки ба ин минтақа, манфиатдор ва алоқаманд мебошад ва аз тариқи шабакаи густардашуда, умуроти ҷамъияти исмоилиро раҳбарӣ мекунад.
Исмоилия яке аз фирқаҳои муҳимми шиа аст, ки пас аз фирқаи исноашарӣ, бештарин пайравонро дар миёни шиаёни ҷаҳон дорад.
Исмоилиён бо ихтилоф бар сари ҷонишинии Имом Ҷаъфари Содиқ(р) дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ, аз соири шиаёни имомӣ дар Куфа ҷудо шуданд. Онон дар муддати кутоҳе, ҳаракати инқилобиро бино ниҳоданд, ки ҳадафи сиёсӣ-мазҳабиаш барандозии ҳукумати аббосиён буд, ки монанди умавиён ҳамчунон хонадони Алиро аз пешвоӣ бар ҷомеаи мусалмонон маҳрум нигаҳ дошта буданд ва ба шиаён ва имомонашон зулму ситам мекарданд.
Даъвати исмоилия дар оғози густариш, адолатро дар паи ҳукмронии наздики Исмоил, фарзанди аршади Имом Содиқ, навид медод ва мусалмононро ба ҳимоят аз ӯ фаро мехонд ва ба суръат пайравони зиёде дар Эрон, Ироқ, Шом, Яман, Арабистони шарқӣ (Баҳрайн) ва шимоли Офриқо ба даст оварданд. Онон билахира дар соли 297 ҳиҷрии қамарӣ тавфиқ ёфтанд, ки хилофати Фотимиёнро ба раҳбарии имоми исмоилӣ дар Ифриқия поягузорӣ кунанд.
Ҳудуди ду аср пас аз ташкил ёфтани ҳукумати фотимиён аз сӯи исмоилия, ин ҳаракат бо муҳимтарин бӯҳрони дохилии худ, дар соли 487 мувоҷеҳ шуд, ки ба ихтилоф дар масъалаи ҷонишинии имом иртибот дошт. Дар он сол, исмоилия ба ду шоха низория ва мустаълия тақсим шуданд. Мустаълиён пас аз суқути давлати фотимиён дар соли 567 ҳиҷрии қамарӣ ҳаргиз натавонистанд қудрати сиёсии мустақилле касб кунанд, аммо низориён, ки бештарин теъдодашон дар асрҳои миёна ба таври умда бо Эрон муртабит буд, дар он ҷо сукунат доштанд.
Дар миёнаҳои асри севвум ҳаракати исмоилия ба сурати ҷунбиши мутамаркиз ва инқилобӣ ба суръат минтақаи Ҷибол дар шимол ва маркази Эрон, аз муҳимтарин пойгоҳҳои даъвати онҳо гардид. Чанд даҳа баъд, низ даъват ба Хуросон ва Мовароуннаҳр густариш пайдо кард. Доиёни эронӣ, ки дар он давраҳои нахустин, марокизи фаъолияташон дар шаҳрҳои бузурги Рай ва Нишопур қарор дошт, ба тадриҷ даъват ба исмоилияро дар навоҳии дигари Эрон густариш доданд. Ин фаъолият, илова бар ҷанбаи мазҳабӣ-сиёсӣ, аз равиши низомӣ низ бархурдор буд, ки таваҷҷуҳи муваррихонро ба худ ҷалб кард.
Исмоилиён ҳамзамон бо фаъолият дар манотиқи Ҷибол ва шимоли шарқи Эрон, дар Қумис низ ба иқдомоте дар ҷиҳати даъват ба ин фирқа ҳиммат гумоштанд. Авҷи нуфузи онон муқорин бо ҳукумати салҷуқиён буд.
Дар хоки Эрони қадим, Қумис яке аз иёлатҳое буд, ки аз қарни севвуми ҳиҷрӣ то ҳамлаи Ҳулоку бахше аз фаъолияти исмоилиён дар он ҷо мутамаркиз буд. Бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти ҷуғрфиёии ин минтақа ва вуҷуди қалъаи Гирдкуҳ дар Домғон ва иншиоби роҳҳои мухталиф ба он, тасаллут бар он, назди исмоилиён аҳамияти фаровоне дошт; ба тавре ки аз дидгоҳи Ҳасани Саббоҳ ва ҷонишинонаш, ин иёлат аз арзиши хоссе бархурдор буд.
Кеши исмоилӣ аз оғози пайдоиши худ дар Афғонистон ҳам вуруд пайдо карда ва дар даҳаи охири асри севвуми ҳиҷрӣ, фаъолияти ин мазҳаб дар Афғонистон бисёр намоён гашт. Носири Хусрав бузургтарин нақшро дар ривоҷ ва густариши кеши исмоилӣ дар Афғонистон дар асри панҷуми ҳиҷрӣ доштааст.
Вай аз соли 444 то соли 481 қамарӣ дар Балх ва Бадахшон ба унвони доӣ ва ҳуҷҷат ба таблиғи оини исмоилӣ машғул будааст.
Дар ҳангоми ҳамлаи муғул ба Афғонистон, манотиқи Бадахшон, ки дар ҳисори куҳҳои баланде буданд, аз ҳамлаи муғул эмин монданд. Бинобар ин, Бадахшон паноҳгоҳе шуд барои исмоилиёни низорӣ ва ба ганҷхонаи навиштаҳо ва осори низорӣ табдил шуд. Дар бораи торих ва маданияти ҷадиди исмоилиёни Афғонистон иттилооти фаровоне дар даст нест.
Дар маҷмуъ исмоилиёни Афғонистон дар давраҳои ахир аз лиҳози илмӣ ва маданӣ дар суқут афтоданд ва дар эътиқодоташон бисёр хурофотӣ шуданд.
Исмоилиён имрӯз дар Афғонистон дар мавриди Имом Алӣ(р) ва имомони исмоилиашон бисёр муболиға мекунанд ва эътиқод ба пардохтпазирӣ ва бозгашт дар мавриди имомон доранд. Онон ба аҳкоми шаръии дини ислом низ чандон дилбастагии комиле надоранд.
Исмоилиёни Афғонистон се дарсади ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд, ки дар вилояти Бадахшон, Кобул, Майдон, Бомиён, Парвон, Бағлон, Самангон, Зобул, Фориёб, Балх, Ҷузҷон, Қандаҳор ва ғайра парокандаанд.
Нависанда Навиди Донишвар