ЧАРО ДУИ ТОҶИК СЕ НАМЕШАВАД?!
ё пурсише, ки ба он посух наёфтаам…
Якум, бисёре аз мо дурӯғ мегӯяд. Мулло ба мурид, устод ба шогирд, фолбин ба корафтода, фурӯшанда ба харидор, шавҳар ба зан, зан ба шавҳар, дузд ба раҳзан. Ҳукумат дурӯғ мегӯяд, оппозитсия дурӯғ – бештар.
Дуюм, дурӯя будан ба хислати миллӣ бадал гаштааст. Дусамтӣ, дузабонӣ шарм шуморида намешавад. Рӯз мавъиза дар масҷиду шаб – секс дар рӯи ҷойнамоз, рӯз ҳукумативу шаб – оппозитсия ва ё баръакс. Дар айёми интернет падидаи нав – дучеҳраӣ падид омад. Бо чеҳраи аслии худ – бамаънишкаву бо чеҳраи фейкӣ – як даҳшатафкан…
Сеюм, бетарафии саросарӣ. Дунёро сел барад, аз осмон санг борад, кулбаи тоҷик дар амон бошад, парвое надорад.
Чаҳорум, танбалӣ. Он қадар тоҷик коҳил аст, ки рӯи кӯрпачаи ғажди пахтаҳояш аз абраю астар резон каҷпаҳлӯ карда, ҳамаро ба дӯши Худо бор мекунад. “Худоё, инам деҳу онам деҳ!”.
Панҷум, тарсуӣ. Ҳеҷ кас монанди тоҷик аз милисаву амниятӣ, имомхатиби масҷиду раиси ҷамоъат, аҷинаю ғӯрчакӯбак, торикии шабу сояи худаш наметарсад.
Шашум, безабонӣ – гунгии қариб саросарӣ. Ягона шояд миллатест, ки аз забони модарии худро надонистан шарм намедорад. Як бор кофист, сарсухани сухангӯёни тоҷикро бишнавед. Ба кадомин забон онҳо ҳарф мезананд? Оё Рӯдакию Мавлоно, Фирдавсиву Ҳофиз мефаҳманд, ки ба ном блогнавису видеобозони тоҷик чиҳо мегӯянд?! Аслан, хазинаи луғати як тоҷики миёнаҳол аз чанд калима иборат аст?! 400? 500? Шояд маймунҳое ҳастанд, ки забонашон аз забони бархе аз блогерҳои мо бештар вожа дорад!
Ҳафтум, хушомадзанӣ ва тамаллуқ. Аз кӯдакӣ тоҷик фарзандашро чунин тарбия мекунад: пеши бригадир аз ҷоят хез, раисро бинӣ таъзим кун, бо касе баҳс накун. Ҳатто дар тӯйҳо ва ҷанозаҳо ягон галстукдор ё шляпапӯши ношинос биёяд, ӯро аз ҳама боло мешинонанд ва наздаш чойи раисхӯру табақи оши сергӯшт мегузоранд. “На всякий случай…”
Дар ягон кишвари дунё ин қадар шеъру қасидаву мадҳияву шукрия (ихтироъи як Шоири халқии Тоҷикистон) дар бораи наркобарону мансабдору дуздҳо нанавиштаанд!
Ҳаштум, ҳеҷ кас чун тоҷик насиҳатгӯ нест. Бархе аз мо кони андарзу панду ҳикмат. Гоҳо гуфтоварду иқтибосҳо, зарбулмасалу мақолҳои коридаи ҳамватанонро хонда мехоҳам аз гиребонашон гирам: тақсири олам, агар чунин доноӣ, чаро чунин бадбахтӣ?!
Бо хандае, ки кӯҳро мекафонад, бо мақоли дигар посух медиҳад: “гуфтаи муллоя куну кардаашро не!”
Дар ҳамин ҷо иктифо мекунам.
Танҳо ҳаминро мегӯям, ки аз ман напурсед, ки чаро мо чунин зиндагии беиззату пурзиллат дорем?! Чаро якамон ду намешавад!?
Беҳтараш боз як бор матнро бихонед. Аз боло ба поён ё аз поён ба боло…
Д. А.