Ҳазору сад сол қабл аз ин, миллати шарафманди тоҷик таҳти раҳбарии абармарди одил Исмоили Сомонӣ ба шоҳроҳи эҳёи ҳайратовари миллӣ ва фарҳангӣ ворид шуд ва ба дастовардҳои оламшумул ва бебаҳои таърихӣ ноил гардид. Баъди ҳазору сад соли ин гардиши таърихӣ, мо тоҷикон, боз дар рӯ ба рӯйи дарёфти мақом ва ҷойгоҳи шойиста дар низоми навини ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтем.
Ин сиёсатмадори бузург ба корҳои созандагӣ ва ободонӣ, беҳбудии рӯзгору осойиши мардум, ривоҷу равнақи шаҳрдорӣ ва инкишофи илму фарҳанг таваҷҷуҳи доимӣ дошт. Исмоили Сомонӣ ба рукни ниҳоят муҳими давлатдории ориёӣ — масъулияти давлат дар таъмини шароити зарурии пешрафти кишвар садоқати беназире нишон дод.
Маҳз Сомониён тавонистанд ба эҳёи миллат ва фарҳанг асос гузоранд, забони модариро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд, ҳувийяти миллӣ ва арзишҳои фарҳангиро ҳифз намоянд. Фарҳангу тамаддуни аҳди Сомониён имрӯз на танҳо мероси таърихии халқи тоҷик, балки сарвати халқҳои Осиёи Марказӣ ва умумибашарӣ ба шумор меравад.
Давлатдорони Сомонӣ ба эҳёи фарҳангу тамаддун мусоидати ҳамаҷониба намуда, дар таъмини мақоми давлатии забони тоҷикӣ кӯшишҳои зиёд кардаанд. Тулӯи оламшумули забони тоҷикӣ ба талошу фаъолияти ин давлат ва сарварони соҳибхираду маърифатпарвари он иртиботи ногусастанӣ дорад. Маҳз дар ҳамин давра шеъри Рӯдакӣ оламгир шуд ва шоирони бузург Абӯмансури Дақиқӣ, Абӯшакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва дигарон ашъори гаронмоя эҷод карданд. Абулқосими Фирдавсӣ ба офаридани шоҳасари ҷовидонаи худ — «Шоҳнома» пардохт. Рушди бесобиқаи тиб, таърихнигорӣ, ҷуғрофия, улуми табиӣ, фалсафа ва улуми исломӣ низ аз бисёр ҷиҳат маҳсули фаъолияти ин давлат будааст. Заковати илмӣ ва эҷодии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва аллома Абӯрайҳони Берунӣ маҳз дар даврони Сомониён ташаккул ёфт ва шоҳкориҳои ҷаҳонии илмро ба бор овард. Эҳёи тамаддуни тоҷик, ки рушду нумӯи он ба даврони Сомониён ва шаҳрҳои бостонии Бухорову Самарқанд рост меояд, бо дастовардҳои фарҳангии гаронбаҳо ва нотакрораш ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Ин даврон роҳи илму донишро на танҳо барои мардуми ориёинажод, балки барои тамоми башарияти фарҳангдӯст мунаввар сохт.
Мо дар як замони мушкилу сарнавиштсози миллат муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомониро дар дили пойтахти тоҷикон — шаҳри Душанбе кушодем. Ин муҷассама, албатта, ба хотири парастиши зоҳирии ниёгон не, балки барои тақвияти ҳофизаи таърихӣ, бузургдошт ва эҳтироми роҳкушои миллати тоҷик — Исмоили Сомонӣ қомат афрохтааст.
Дастаи кӯҳнавардони кишварҳои гуногун яке аз баландтарин қуллаҳои ҷаҳонро дар қаторкӯҳҳои Бадахшону Помир фатҳ намуда, симои ҷовидонаи
Исмоили Сомониро ба куллан кӯҳ насб карданд ва қуллаи осмонгири сарзамини тоҷикон номи ин абармарди миллатро гирифт.
ба умеди пешрафти миллати сарбаланди Тоҷикистон