Эътиқод ба зуҳури мунҷии охиризамон, ақидае аст ки дар динҳои осмонии зартушт, яҳудӣ ва масеҳият ва даъвогарони ва пешгӯии паёмбарон маъмулан ва дини муқаддаси ислом хусусан, ба андозаи як асли мусаллам мавриди қабул воқеъ шуда аст. Шӯру шавқи интизори мавъуди охиризамон дар таърихи пур фарозу нишеби ин динҳо мавҷ мезанад. Пайравони оини зартушт, яҳуд ва масеҳият дар сар то сари таърихи пур аз ранҷи худ ҳар гуна озор ва шиканҷа ро ба ин умед бар худ ҳамвор кардаанд ки рӯзи «Сушиёнс» ё «Масеҳ» зуҳур хоҳад кард ва онон ро аз ҳамаи балоҳо ниҷот хоҳанд дод. Эътиқод ба мавъуд ва мунҷӣ ки сар анҷом рӯзе бо омаданаш дунё ро пур аз адл мекунад мавриди иттифоқи тамомии адён аст ва ҳар дину мактабе мутаносиб бо фарҳанги динӣ ва миллии худ аз охирин мавъуд сухан гуфтааст. Аз ҳамаи манобеъ ва ривоёти мавҷуд дар динҳои мухталиф дар меёбем ки масъалаи мавъуд ва мунҷӣ дар гузари замон ранг намебозад балки ба баррасии ба унвони як андеша ва бовари зарурӣ ва ғайри қобили инкор ҷилвагар шуда ва ҷойгоҳи худ ро пайдо мекунад.
Дар инҷо бо як баррасии дар меёбем ки мавриди иттифоқтарин асли эътиқодӣ дар таъолими акнуни динҳои бузурги қабл аз ислом ки ба гунае метавон он ро эътиқоди муштарак миёни ҳамаи динҳо номед, имон ва умед ба зуҳури наҳоӣ ва марбут ба охирузамон аст ки бо як инқилоби ҷаҳонӣ зулму ҷуру палидӣ ро аз байн бурдахоҳад канд. Агар дар ҳамаи динҳои бузурги илоҳӣ ва ҳатто ғайри илоҳӣ монанди оини ҳинду башоратҳои мутиадде бар омадани ишон дода аст ва аҷибтар он аст ки миёни матнҳои китобҳои муқаддас ин динҳо монандии ғайри қобили инкор ва бисёр маълуме ба чашм мехурад ва башоратҳои фаровоне дар ҳамаи китобҳои муқаддас дар адёни бузург дар мавриди мунҷии мавъуд вуҷуд дорад. Мунҷӣ бовари дар шарқ дар оинӣ Буддоӣ ва дар ғарб дар дини яҳуд ва масеҳият ва ҳатто дар оини митраизм ва анвоъи фирқаҳои ирфонӣ нуфузи фаровони дорад.
Яке аз муҳимтарин вежагиҳои муштараки Ислом, Яҳуд, Масеҳият, умедвор кардан ба оянда аст. Ҳар се дин, бо вуҷуди онки дар муддате аз замон, ҳаводиси ногувор ва талх ро пешгӯӣ кардаанд, умед ба ниҷоти инсон ро ба қавмҳои худ додаанд. Ҳар чанд замони зуҳури мунҷӣ, пинҳон аст, аммо нишонаҳои дар ҳар се дин барои он матраҳ шуда аст. аз ин назар,зуҳури (мавъуд) ба қиёмат шибоҳат дода шуда аст. Зеро ҳамчунон ки қиёмат нишонаҳое дорад, зуҳур низ аломатҳо ва нишонаҳо дорад ки қабл аз он ба вуқуъ мепайвандад. Асли вуҷуди нишонаҳои зуҳур ва баъзе аз нишонаҳои аз нуқтаҳои муштараки охиризамон адёни Иброҳимӣ аст.
Дар масеҳият калимаҳои охиризамон ва набувват иртиботе бо якдигар доранд хусусан ин ки паёмбарон, ин эътиқод ро тарвиҷ кардаанд. Башоратҳои бисёре дарбораи мавъуди охиризамон дар китобҳои муқаддас омада аст. Мавъуди охиризамон бештар дар Библия бо унвони писари инсон зикр шуда аст ки ин таъбир беш аз 80 бор дар Библия ва мулҳақоти он тикрор шуда ки фақат 30 мавриди он бо ҳазрати масеҳ (Исо) қобили татбиқ аст ва 50 мавриди дигари он аз наҷотдиҳандае сухан мегуяд ки дар охиризамон зуҳур хоҳадкард ва Исо низ бо у хоҳадомад ва у ро ҷалол хоҳаддод. Ҳамҷунин дини Зартушт дар миёни Эрониёни ки қабл аз зуҳури Ислом, буда аст. Бовар ба зуҳури наҷотдиҳанда аз таъолими аслии Зартушт аст. Ин бовар аз бонуфузтарин эътиқодоти онҳо аст. Муунҷии оини Зартушт ба номи «Сушиёнес» ё (Сушиёнет) ба маънои «раҳонанда« шинохта мешавад. Ё ҳаминтавр аз рӯзе ки Рӯмиён қадам ба хоки Яҳуд наҳоданд, ин миллати мағлуб ба умеди наҷотдиҳандае аз ғайб анвоъи шиддатҳо ва сахтиҳоро таҳаммул мекарданд ва мунтазири зуҳури мунҷӣ буданд. Дар осори динии яҳуд яъни Таврот ва дигар китобҳои анбиёи онҳо ҳамвора, ба мавъуд ишора шуда аст. Агар дар маҷмуъ ончи дар осори муқаддаси Яҳудӣ омада аст таъамул шавад, чаҳраи се мавъуд, яъне ҳазрати масеҳ (а), ҳазрати муҳаммад (с) ва ҳазрати мунҷӣ охиризамон (аҷ) дар онҳо тарсим мешавад. Бо ин ҳисоб, интизор дар Яҳудият сифате вежа меёбад ва чун ин қавм, не ба ҳазрати Масеҳ ва не ба ҳазрати Муҳаммад ба ҳеҷ кадом нагиравиданд ва танҳо мунҷии тарсим шуда ва ғоъиб, ҳазрати мунҷии охиризамон (АҶ) мебошад ки борҳо дар дини мубини Ислом ваъда дода шуда аст. Дар Ислом низ масолаи зуҳури мунҷӣ ва маҳдавият аз масоили асосӣ дар гузашта ва ҳол буда ба далилҳои гуногун дар мазоҳиби мухталифи Ислом, мавриди қабули тамоми пайрувони он бошад.
аммо дар ҳаминҷо бояд хотир нишон кард дар даврони муосир ва саддаҳои гузашта, бо суқути царизм, ба муддати ҳафтод сол коммунист бар минтақаҳои мусалмон нашин ба вежа Осиёи Миёна ва кишварҳои Қафқоз соя фиканд ва ба иҷбор дин ва мазҳаб барои муддате аз саҳнаи умумии ҷомиъа канор рафт. Дар ин ҳукумати Шӯравии собиқ барои ҷалавгирӣ аз таҷаммуъи мардум барои анҷоми аъмоли динӣ, ба вайрон кардани масҷидҳо пардохта истоданд. Дар ин даврон бештари масҷидҳо баста шуданд ва ё корбарии онҳо таъғир дода шуд ва бо қатъи иртиботи минтақаҳои мусалмон бо соири миллатҳои мусалмон ва эҷоди риёкорӣ ва ихтилоф байни шиъа ва суннӣ, ба пешбурди андешаи дини афюни миллатҳо, ва таблиқи он пардохта карданд ва мусалмонон ба иҷбор тамоми фаъолиятҳои мазҳабӣ ва анҷоми воҷиботи динӣ ро ба сурати пинҳрнӣ анҷом медоданд. Ҳамн кор боис шуд дар асри фатҳи коммунизм диндорӣ ба амри хусусӣ дар манозил табдил гардада ва дар ниҳоят сабаби нуфузи бештари мазҳаб дар зиндагии хусусии афрод шуд. Дар ҳамин ҳол пас аз гузашти наздики ҳафтод сол ва тайи шудани давраҳои мухталиф дар асри коммунизм, Шӯравии собиқ аз ҳам пошида гашт ва миллатҳои мусалмон ки меҳри Ислом ро дар синаҳо ва дилҳои худ ҳифз карда буданд метавонистанд бо озодӣ ба анҷоми вазифаҳои динии худ машғул шаванд. дар натиҷа эҳсоси пайванд ва эҳтиром ба арзишҳои динӣ барои миллатҳо дар кишварҳои тоза истиқлол ёфта афзоиши бисёре ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам пас аз истиқлол аз Шӯравии собиқ монанди соири Ҷумҳуриҳои ин ҷамоҳир, дар ҷустуҷӯи бозгашт ба ҳуввияти худ ва ба даст овардани ҳуввияте мустақил аз даврони Шӯравӣ буда ва ин амр чандин сол аст ки идома дорад.
Пас аз вайрон шудани Шӯравӣии собиқ, Ислом ҷойгузини омодае ба ҷои идеологияи ҷамоҳир буд. Мавзуъи фарҳангии ислом дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ва маҷаллот мавҷудияти худ ро эълом кард ва китобҳои арабӣ ва исломӣ бисёре ба чоп сипурда шуданд. Ҳар чанд дар аввоили қарни бистум, бархе равшанфикрони дунявии тоҷик кушиданд то аз роҳи фаъолияти сиёсӣ, омузишӣ ва осори мактуби худ ба навъи иҷтимоъи миллии ба дур аз мазҳаб дар ин минтақа падид оваранд ва ормонҳое ҳамҷун мардумгароӣ, миллият ва демокрасӣ ро ривоҷ диҳанд ва фарҳанги ғарбии ҳамроҳ бо миллигароӣ ро тарвиҷ кунанд аммо фарҳанги ғолиби мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ки бано ба мавқеъияти географияӣ ва мероси таърихӣ асар гирифта аз фарҳангҳои мухталифи минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ аз ҷумла фарҳангҳои Эронӣ,Туркӣ ва Исломӣ буда дар ниҳоят мунҷар ба ташдиди тамоюл ба диндорӣ ва ёдгирии омузаҳои динӣ шуда аст. Дар ҳамин ҳол дар дини мубини ислом, яке аз омузаҳои муҳим ва боварҳои амиқи динии исломӣ ба ҳисоб меояд ва муътақиданд маҳдавият илова бар инки хостгоҳе дар оёт Қуръонӣ ва ривоёти маъсумин (а) дорад, бо мустанадоте ақлӣ низ ҳамроҳӣ ва таъид мешавад.
Маҳдавият аз масоили асосӣ дар гузашта ва ҳол буда ва ҳаст ва фаротар аз уфуқи замон ва макон ва дар ҳар шароит қобили баррасӣ аст. зеро маҳдавият реша дар фитрати инсон дорад ва бо сиришти одамӣ аҷин гашта аст. Ба хеле ки дар тули таърих , ҳатто пеш аз ислом, миллатҳо ба мунҷии ҷаҳонӣ дил баста буданд ва имрӯза низ миллионҳо инсон дар интизори ояндаи дурахшон ва ба дур аз зулму ситам лаҳзашуморӣ мекунанд. бо ин ки бахше бисёр аз мусалмонон дар минтақаҳои Осиёи Миёна аз мусалмонони аҳли суннат мебошанд аммо ба далили наздикии фарҳангӣ ва забонӣ бо дигар ҳамсоягони ҳамзабони хеш ва низ омузаҳои динӣ ки аз ниёгони худ ба мерос гирифтаанд, ҳубби аҳли байт дар дилҳои онҳо ҷорӣ буда ва онҳо ҳам дар интизори зуҳури мунҷии олам, лаҳза шуморӣ карда ва медонанд мунҷии охиризамон мунҷии халқаллоҳ аст ки ин яъне ба иборате мунҷӣ навъи башар аст ва ихтисос ба қавм ва нажоди хос надорад ва бо ҳузури муборак худашон дар ҷаҳон сар то сар адл ва дод ҳоким хоҳад шуд. аммо ин орзуи кӯҳна ва собиқа дор чи замоне ба охир мерасад ва он мунҷӣ, чи замоне дилҳои пурайшон ро ором мебахшад. саволи аст ки барои посух ба он ҳамчунон бояд мунтазир буд.