• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Самараи нишасти Самарқанд дар ҳалли бӯҳронҳои Афғонистон

April 17, 2023
in Uncategorized, Мавзӯоти доғ
0
нишасти самарқанд

нишасти самарқанд роҳи барои бӯҳронҳои афғонистон

0
SHARES
2
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Рӯзи панҷшанбе 13-апрели 2023, (24-фарвардини 1402 шамсӣ) чаҳорумин нишасти муштараки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба изофаи Русия бо ҳузури вузарои хориҷаи шаш кишвари ҳамсояи Афғонистон ва Русия, дар шаҳри Самарқанди Узбекистон дар ҳоле поён ёфт, ки натиҷаи он тибқи пешбиниҳои қаблӣ, музокироти фишурда, баррасии роҳкорҳои мухталиф дар ҳавзаи беҳбуди шароити Афғонистон ва минтақа ва ҳамчунин судури баёнияи муштарак буд.

Дар ин нишаст, Афғонистон ва мушкилоти нотамоми он, мавриди баррасӣ қарор гирифт то барои муъзалоте, ки густараи он аз терроризм то иқтисоди минтақа густарда шудааст, роҳи ҳалли иҷроӣ пешниҳод шавад.

роҳе барои ҳалли мушкили Афғонистон
тасвире аз мушкилоти Афғонистон

Ҳозирини ин нишаст, дар баёнияи содира бар аҳамияти ташкили низоми ҳукмронии фарогир ва ҷомеъ дар Афғонистон, ки мунъакискунандаи манофеи ҳамаи ақшори ин кишвар бошад, таъкид карданд ва зимни ибрози нигаронӣ аз вазъияти инсонӣ ва авзои вахими иқтисодии Афғонистон, таҳдиди ҷиддии ҳамаи гурӯҳҳои теруристии мустақар дар Афғонистонро барои амнияти минтақа ва ҷаҳон ёдовар гардиданд.

Ҳамчунин ҳозирин бо ишора ба мусаббибон ва омилини вазъияти феълӣ дар Афғонистон хостори ифои нақш ва тааҳҳудоти ин авомил ва низ ҷомеаи байналмилал барои бозёбии иқтисодӣ ва рушди ин кишвар шуданд то Афғонистон ба унвони як кишвар бо миллати мутанаввеъ, дар ҳамзистии мусолиматомез ва муттаҳид, дорои ҳаққи ҳокимият ва мустақил, бидуни таҳдидоти террористӣ ва қочоқи маводди мухаддир ба тавсиа бирасад.

Бо нигоҳе ба баёнияи муштараки содиршуда ду суоли асосӣ зеҳни хонандагонро машғул хоҳад кард. Аввалан ин ки авомил ва мусаббибони авзои ногувори кунунии Афғонистон барои рафъи ин бӯҳронҳо чӣ кардаанд? Ва сониян, натиҷаи ин нишасти муштарак чӣ хоҳад буд ва оё чунин иқдомоте метавонад заминасози ҳалли бӯҳронҳои мавҷуди Афғонистон бошад, ё на?

Дар ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки омилини аслии ин авзои асафноки кунунӣ, ҳамоно Амрико ва муттаҳидонаш дар Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) буда ва хоҳанд буд, чаро ки давлати Буши писар дар соли 2001 мелодӣ ба баҳонаи интиқом аз Алқоида ба Афғонистон ҳамла кард, вале Амрико дар тӯли 21 соли ишғоли ин кишвар, натанҳо гурӯҳи террористии худсохтаашро аз байн набурд, балки тамоми сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистонро чунон нобуд кард, ки имрӯз барои ҳалли ин мушкил, кишварҳои минтақа даст ба кор шудаанд то мероси шуми амрикоиёнро сомон бахшанд.[1]

Ҳарчанд амрикоиҳо барои поён бахшидан ба ин хиффати абадӣ саранҷом дар августи 2021 ба таври муфтазаҳонае маҷбур ба хуруҷ аз ин кишвар шуда ва вайронае ба номи Афғонистон ба ҷой гузоштанд.[2] Дар ҳамин хусус, Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон зимни ёдоварии сиёсатҳои нодурусти Амрико дар тавсиаи терроризм ва ноумедӣ дар Афғонистон ва нигарониҳои Эрон аз ин вазъият хотирнишон кард: “Амрико ва муттаҳидони он масъулият доранд ҳам ба унвони ишғолгар дар тӯли ду даҳа ва ҳам ба унвони як узви Созмони Милал посухгӯи шароити ба вуҷуд омада дар Афғонистон бошанд”.[3] Ҳоло бояд ба суоли аввал бозгашт ва пурсид мусаббибини авзои кунунӣ дар тӯли беш аз ду даҳа ишғолгарии худ чӣ кардаанд?

Ҷавоб бисёр сода аст: тақрибан ҳеч!

Шояд ҳамин мавзӯъ ва амалкарди риққатбори Амрико ва муттаҳидонаш дар умури Афғонистон,[4] сабаб шудааст, кишварҳои минтақа бо ибтикори дақиқ ва пайгирии сиёсатҳои амлгаро, дар паи беҳбуди авзоъ бошанд ва барои тавсиаи минтақа ва рафъи мушкилот даст ба кор шаванд.

Аммо оё ин ки чунин иқдомоте метавонад заминасози ҳалли бӯҳронҳои Афғонистон бошад, ё на; инро бояд дар амалкарди ҳайати ҳокимаи муваққати Афғонистон ҷустуҷӯ кард. Шояд бо андаке тааммул битавон пай бурд, ки метавон бо ҳамкориҳои воқеӣ дар минтақа, таваҷҷуҳи байналмилалӣ ва ҳамчунин тамаркузи бештари ҳайати ҳокимаи муваққати Афғонистон бар масъулиятҳои худ, аз паси мушкилоти Афғонистон баромад ва ин ниёз ба ҳамкорӣ ва таомули бештари толибон дар ташкили сареътари ҳукумати фарогир ва саросарӣ бо мушорикати ҳамаи ақвоми Афғонистон дорад. Асосан Афғонистон метавонад маҳалле барои ҳамкориҳои байналмилалӣ бошад то саҳнаи рақобатҳои жеополитикӣ ва бӯҳронҳои минтақаӣ.

Ёдовар мешавем, идомаи ин бӯҳронҳо метавонад абъоди минтақаӣ ва байналмилалии бузуртаре ҳам ёфта ва танҳо мунҷар ба сели ҳарчӣ бештари муҳоҷирони Афғонистон ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гардида, балки метавонад гаронигоҳи бисёре дигар аз бӯҳронҳо барои дунёи ошуфтаи имрӯз шавад.

Бояд таваҷҷуҳ дошт, барои ҳалли бӯҳронҳои мавҷуди Афғонистон, дар канори баргузории чунин нишастҳо ва талошҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, эҳтимоми вижаи ҳайати ҳокимаи муваққати Афғонистон бисёр ҳаётӣ аст. Чаро ки пас аз ироаи роҳкорҳои муносиб ва чандваҷҳӣ дар ин нишастҳо ва талошҳои мустамирри бозигарони минтақаӣ ва байналмилалӣ, ниёз ба ҳамроҳии ҳокимияти Афғонистон ва ҷомеаи байналмилал низ хоҳад буд ва бидуни ин ҳамроҳӣ ҳеч талоше мунҷар ба ҳусули натиҷаи ниҳоӣ нахоҳад шуд.

Дар поён шоёни зикр аст, ҳамзамон бо баргузории нишасти Самрқанд тасовире аз вуруди Амирхони Муттақӣ – сарпарасти вазорати хориҷаи ҳайати ҳокимаи Афғонистон ба шаҳри Самарқанд мунташир шуд. Муттақӣ, ки аз сӯи Узбекистон ба унвони мизбони ин давра аз нишастҳо, ба Самарқанд даъват шуда буд, ба сурати расмӣ ба унвони узви ширкаткунанда дар ин нишаст ҳузур надошт, аммо дар ҳошияи ин нишаст бо бархе мақомот, аз ҷумла Ҳусейни Амирабдуллоҳиён дидор ва гуфтугӯ кард.[5]

Дар ҳамин дидори Самарқанд вазири умури хориҷаи Эрон зимни тавсия барои ташкили давлати фарогир дар ин кишвар, бар зарурати поён бахшидан ба танишофариниҳо дар марзҳои муштарак бо ҳамсоягони Афғонистон таъкид карда ва ёдовар шуд, Афғонистони ором ва босабот, орзуи мардум ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Previous Post

Агар дар ҷанги эҳтимолӣ бо Исроил, Эрон пирӯз шавад, чӣ пеш хоҳад омад?

Next Post

Оғози стипендияи донишҷӯён ба Арабистон Саудӣ

Related Posts

Одамҳо мисли китобанд
Мавзӯоти доғ

Одамҳо мисли китобанд

April 10, 2025
Падар модар
Мавзӯоти доғ

Подоши нигоҳ кардан бо меҳрубонӣ ба падару модар

April 10, 2025
Ин маворид мағзи моро табоҳ мекунад
Мавзӯоти доғ

Мавориде, ки мағзи моро табоҳ мекунад

April 7, 2025
Рӯзи Ҷаҳонии Қудс
Мавзӯоти доғ

Рӯзи Ҷаҳонии Қудс

March 27, 2025
Ҳамаи миллатҳои исломӣ бояд Рӯзи Қудсро гиромӣ бидоранд
Мавзӯоти доғ

Ҳамаи миллатҳои исломӣ бояд Рӯзи Қудсро гиромӣ бидоранд

March 27, 2025
Зулфиқор Исмоилиён
Инсон ва инсоният

Ваҳдати исломӣ ва ормони Қудс

March 27, 2025
Next Post
сафорати Арабистон дар Тоҷикистон

Оғози стипендияи донишҷӯён ба Арабистон Саудӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved