Шикасти муҳосираи заминии Эрон
Ахбори байналмилал
New York Times: Талошҳои Омрико барои таҳти фишор қарор додани ҳамсоягони Эрон барои бастани марзҳояшон то кунун шикаст хӯрдааст
Ба гузориши рӯзнмаи New York Times, Туркия, Ироқ ва Покистон дар баробари хостаҳои Вашингтон муқовимат кардаанд.
Туркия то ҳадди зиёде аз тағйири сиёсатҳои марзии худ худдорӣ кардааст, дар ҳоле, ки Ироқ дархостҳои Иёлоти Муттаҳида барои бастани ҳамаи гузаргоҳҳо ба ҷуз ду гузаргоҳро рад кардааст.
Ин муқовимат, талошҳои Вашингтон барои ташдиди муҳосираи иқтисодии Эронро хунсо карда ва давлати Тромпро бар он доштааст, то “дарвозаи оҳанин”-ро барои ҳадаф қарор додани тиҷорат ва қочоқи марзӣ роҳандозӣ кунад.



















