• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Ҳақобаи Эрон ва Толибоне ки ба дунболи ҷанг аст

May 30, 2023
in Uncategorized, Мавзӯоти доғ
0
ҳақоба
0
SHARES
11
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳақобаи Ҳирманд

1- Толибон ба дунболи даргирӣ бо Эрон аст?

Ҳирманд ё Ҳилманд – рудест, ки аз вилояти Ҳилманди Афғонистон равон шуда ва ба дарёчаи муштараке миёни Афғонистон ва Эрон мерезад.

Руди бузури Ҳирманд аз рудҳои пуроби Афғонистон ва Осиё ба шумор меравад, ки солона миллиардҳо метри кубӣ об дар он ҷараён меёбад ва тӯли он 1100 километр аст.

Харитаи дарёи Ҳирманд дар Афғонистон ва идомаи он дар Эрон

2- Мурури ихтилофоти ду садаӣ бар сари об

Саҳми Эрон аз руди пуроби Ҳирманд ба моҷарои дархости ҳуқуқии кишвари Эрон аз Афғонистон ишора дорад, ки бояд дар минтақаи Систон, ин саҳми об ҷорӣ шавад; ин руд дар гузашта дар ҳарду кишвари Афғонистон ва Эрон ҷорӣ будааст ва аз соли 1857-и мелодӣ, ки Ҳирот бо дасисаи Англия, ба муҷиби муоҳидаи Порис аз Эрон ҷудо шуд, мураттаб мавриди ихтилофи Эрон бо Афғонистон буд, то ин ки пас аз аҳдномаи сулҳи Эрон ва Англия дар солҳои 1857 то соли 1872-и мелодӣ, дар севвуми исфанди соли 1315-и шамсӣ, Эрон ва Афғонистон бо имзои тавофуқномаи муваққатӣ қарор гузоштанд, ҳар миқдор обе, ки ба банди Камолхон бирасад, баробар байни ду кишвар тақсим мешавад.

Аммо бо вуҷуди ин ки Маҷлиси Эрон ин тавофуқро тасвиб кард, Маҷлиси Афғонистон ҳозир ба тасвиби он намешуд; саранҷом дар 22-исфанди соли 1351 гузориши комиссиюни Делто ба имзои тарафайн расид ва муқаррар шуд, дар ҳар сония, 26 метри мукааб об, (муодили 850 миллион метри кубӣ дар сол) саҳми Систон ва дарёчаи Ҳомун бошад, дар хурдодмоҳи 1352 маҷлиси қонунгузори ду кишвар, тавофуқро тасвиб карданд.[i]

3- Толибон

Бо рӯи кор омадани ҳукумати толибон ва мушкилоти адида барои ҳукмронӣ дар ин кишвар, умед мерафт толибон парвандаҳои марзие, ки ин кишвар бо Покистон ё Ҳинд ва Эрон дошт, ба саранҷом бирасонад. Ҳақобаи Эрон яке аз мушкилоти асосӣ байни ду кишвари Эрон ва Афғонистон буд, ки қидмати торихӣ дошт. Соли гузашта бо пайгириҳои Эрон, толибон пазируфт ҳақобаи Эронро роҳии диёри Систон кунад, аммо амалан саҳми Эрон дар қисмати ламязраъ ва беобуалафи Гударзраҳ сарозер шуд, ки бо вокуниши шадиди Эрон рӯбарӯ шуд ва толибон ба иштибоҳи худ эътироф кард ва қавли мусоид дод, ки солҳои баъдӣ ин мушкил такрор нашавад.

Бо иштибоҳоте, ки дар солҳои гузашта толибон анҷом дод, давлати Эрон барои пайгирии ҳақобаи худ, дар соли ҷадид талош мекунад. Суханронии раиси ҷумҳури Эрон ва пайғомҳое, ки радду бадал шуд, нишон медиҳад, толибон зери расади дақиқи давлати Эрон аст ва агар рӯйкарди ғайридӯстонаи худ дар баробари Эронро такрор кунад, бо авоқиби ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҷойгоҳи нахусти Эрон дар тиҷорати хориҷӣ бо Афғонистон худ муаййиди сатҳи нуфузи Эрон дар ин кишвар дорад, ки латма ба он, ба ҳеч ваҷҳ барои ҳукумати толибон хушоянд нест.[i]

Метавон рӯи дигари моҷаро – бӯҳрони ҳалнашудаи ҳақобаи Эронро, қудратнамоии толибон дар дохили кишвари худ унвон кард. Ҳукумати толибон барои нишон додани қурати худ ба мардум ва ҷалби назари онҳо, иқдом ба надодани саҳми Эрон мекунад, то бо ин ҳаракат ба мардуми хеш қудрати болои худро нишон диҳад ва аҳёнан эътирозот ё мутолиботи мардуми хешро манкуб кунад.

Бо нигоҳе фаротар аз масъалаи рудхонаҳои марзии байни ду кишвар, сатҳи нуфузи Покистон бар рӯи толибон низ мавзӯи муҳиммест, ки набояд дар таҳлили рафтории толибон аз назар дур нигаҳ дошта шавад. Покистон дар ҳафтаҳои ахир вориди буҳрони дохилии амиқе шуд, ки бо ҳукми ҷалб ва озодии Имронхон – раиси ҷумҳури ин кишвар, ин буҳронҳо идомадор хоҳад буд. Ҳидояти системаи амниятии Покистон ва нақшаҳое, ки барои толибони Афғонистон тарроҳӣ мекунанд, аз нукотест, ки бояд ба он таваҷҷуҳ шавад; оё Покистон роҳи бурунрафти буҳронҳои дохилиро дар танишофаринӣ дар хориҷ аз кишвари худ дунбол мекунад?

4- Паёмадҳои зистмуҳитии бадаҳдии толибон дар ҳақобаи Ҳирманд

Ончӣ эҳтимоли поёни бадаҳдии Афғонистон дар бораи ҳақобаи Ҳирмандро пуррангтар мекард, манофеи муштараки ду кишвар дар масоили зистмуҳитии сарчашмагирифта аз хушкии Ҳомун аст, чаро ки як севвуми ин толоби байналмилалӣ дар Афғонистон қарор дорад ва гарду ғубори ношӣ аз он то маркази Афғонистон пеш меравад.[ii]

Хушк шудани Ҳомун ва табдил шудани ин толоб ба бузургтарин чашмаи тавлиди гарду ғубор дар шарқи Эрон ва ғарби Афғонистон, олуда шудан ва коҳиши шадиди кайфияти ҳавои садҳо шаҳру русто дар Эрон ва Афғонистон танҳо бахшҳое аз паёмадҳои зистмуҳитии бетаваҷҷуҳии Афғонистон ба бастани оби Ҳирманд аст.

ҳақобаи

Дуруст монанди фоҷиае, ки дар дарёи (кӯл) Арал иттифоқ афтод. Бисёре аз касоне, ки солҳо дар атрофи Ҳомун зиндагӣ мекарданд, ё аз он ҷо муҳоҷират карданд ё ҳама чизи худро аз даст доданд. Дар канори ин мушкилот, мавҷи азиме аз паноҳҷӯён аз Афғонистон вориди Систон (Эрон) шуданд. Систон ба конуни паноҳандагон аз саросари Афғонистон табдил шуд. Бинобар ин, ҷудо кардани масъалаи паноҳандагон ва муҳити зист аз ҳам, ғайримумкин аст. Афзоиши ҷамъият ҳамроҳ бо коҳиши шадиди камият ва кайфияти ғизо ба афзоиши хатари суитағзия, бавижа дар миёни гуруҳҳои осебпазир, монанди кудакон ва солмандон мешавад.[i]

Previous Post

Ҳамкории рӯзафзуни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон барои тақвияти коридори миёнӣ

Next Post

Сиёсати Чин барои соҳиб шудан ба сарзамини Тоҷикистон ва хоки Бадахшон

Related Posts

Тарсондан – зулми бузург
Мавзӯоти доғ

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт
Мавзӯоти доғ

Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт

January 4, 2026
Захват Мадуро
Мавзӯоти доғ

Захват Мадуро

January 4, 2026
Раиси Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ
Мавзӯоти доғ

Раиси Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ: Рабудани раиси ҷумҳури Венесуэла ҷинояти ҷангӣ аст

January 4, 2026
Пешбинии Ҳуго Човез
Мавзӯоти доғ

Пешбинии Ҳуго Човез

January 4, 2026
Тазоҳурот дар Ҳинд дар эътироз ба ҳамлаи Амрико ба Венесуэла
Мавзӯоти доғ

Тазоҳурот дар Ҳинд дар эътироз ба ҳамлаи Амрико ба Венесуэла

January 4, 2026
Next Post
Чин

Сиёсати Чин барои соҳиб шудан ба сарзамини Тоҷикистон ва хоки Бадахшон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved