• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Ҳуҷуми кӯчиҳо ба манотиқи марказӣ ва шимолии Афғонистон; паёмад ва масъулияти толибон

June 23, 2023
in Uncategorized, Мавзӯоти доғ
0
Кӯчи
0
SHARES
2
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

1- Ҳуҷуми кӯчиҳо ба манотиқи марказӣ ва шимолии Афғонистон; паёмад ва масъулияти толибон

Кӯчиҳо қабоиле аз қавми паштун ва дорои пешаи молдорӣ ҳастанд, ки макони мушаххасе надоранд ва дар ҳар фасле аз сол аз маконе ба макони дигар кӯч мекунанд ва дар фасли зимистон маъмулан ба вилоятҳои ҷанубӣ ва ба Вазиристони Покистон мераванд. Гӯсфанд, буз, шутур ва маркаб (хар) чаҳор доми аслии онҳост. Дар тӯли торихи сиёсии Афғонистон, ҳукуматҳои қавмӣ ва истибдодии мустақар дар кишвар аз кӯчиҳо ба унвони абзори фишор алайҳи дигар ақвоми Афғонистон баҳра бурдааст ва ба ин васила, ҷиноёти бешуморе халқ кардаанд; бинобар ин, ба ҳар мизон, ки ҳукумат, қавмӣ ва истибдодӣ будааст, бар умқ ва вусъати ин ҷиноёт ва ситамгариҳо афзун гардидааст.

Кӯчи
Кӯчиҳо қабилаҳое аз қавми Паштун ҳастанд ки ҳар фасл, аз маконе ба макони дигар кӯч мекунанд

2- Ҳуҷуми кӯчиҳо ба манотиқи марказӣ ва шимолии Афғонистон

Бар асоси гузоришҳои мардумӣ ва расонаҳо, кӯчиҳо ба ҳимоят ва ҳидояти толибон, ба манотиқи марказии вулусволиҳои Хадир, Санги Тахт ва Бандар, Поту, ва Сарҷангал ва Пасобанди вилояти Ғур, вулусволиҳои Варас, Панҷоб, Пековеланг ва бахшҳое аз маркази вилояти Бомиён, вулусволиҳои Ҳуссаи Аввал ва Дуввум, вилояти Майдон ва Рудак, вулусволиҳои Ноҳур, Молистон, Ҷоғурӣ, Қарабоғ ва Ҷағатуи вилояти Ғазнӣ ва ғайра, ба таври густарда ва бидуни барнома нақли макон намудаанд.

Аз шимоли Афғонистон низ гузоришҳои мушобеҳе вуҷуд дорад. Гузоришҳои мардумӣ нишон медиҳад, ки манотиқи мухталифе аз вилоятҳои Бадахшон, Ҷузҷон, Тахор, Қундуз, Балх ва ғайра дар соли ҷорӣ бо ҳузури бесобиқаи кӯчиҳо рӯбарӯ шудаанд.

Кӯчи
минтақаҳои бисёре аз вилоятҳои Афғонистон бо ҳузури бесобиқаи кӯчиҳо рӯ дар рӯ шуда аст

3- Паёмадҳои иқтисодӣ ва зистмуҳитии ҳуҷуми кӯчиҳо

Афғонистон як кишвари тавсианаёфта ва ғайрисанъатӣ аст. Бештар аз ҳаштод фисади мардуми ин кишвар зироатпеша буда, вазироат ба унвони манбаи аслии иқтисодии мардум ба шумор меравад. Мардуми манотиқи марказӣ ва шимоли Афғонистон низ аз ин қоида мустасно нестанд. Дар ин манотиқ низ мардум ниёзҳои зиндагиашонро аз тариқи зироат таъмин мекунанд. Дар ин манотиқ, илова бар заминҳои обӣ, заминҳои лалмии зиёде ҳаст, ки маъмулан дар фасли баҳор кишт мешаванд.

Ҳузури кӯчиҳо бо ҳазорон рамаи бузу гӯсфанду садҳо шутур ва улоғ (хар) боиси хароб шудани мазрааҳо ва киштзорҳои обӣ ва лалмӣ ва боғоти мардум мешавад ва хасоратҳои зиёди молӣ бар мардумони бумӣ ва таҳҷоии ин манотиқ таҳмил карда ва мекунад. Илова бар тахриби мазореъ ба масирҳои ҷараёни об, чашмаҳо ва манобеи оби нӯшокӣ ва зироатии мардуми маҳаллӣ осебҳои ҷиддӣ ворид мекунанд.

Тардиде нест, ки пӯшиши гиёҳии даштҳо, доманаҳои кӯҳҳо, теппаҳо ва найзорҳо нақши муҳимме дар ҷазби боришҳо, пешгирӣ аз селоб ва ҳамчунин таъмини ниёзҳои зарурии мардуми маҳал, аз қабили ҳезум ва улуфа ва хошоки ҳайвонот доранд.

Чарондани ҳазорон буз, гӯсфанду шутур ва гаштугузори онҳо дар ин манотиқ боис мешавад, ки пӯшиши гиёҳии кӯҳҳо осеб бубинад, ки паёмадҳои зистмуҳитии бешуморе, аз ҷумла, селоб ва хушксолӣ бар ин манотиқ ба бор меоварад ва ҳамчунин дастрасии мардуми ин манотиқро ба ҳезум ва улуфа ва хошоки мавриди ниёзи ҳайвоноташон бо мушкил рӯбарӯ мекунад.

Кӯчи

4- Паёмадҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҳуҷуми кӯчиҳо

Бештарин аъзо ва раҳбарони толибонро паштунҳо ташкил медиҳанд ва ҳузури дигар ақвом дар ин гурӯҳ ангуштшумор аст, фаротар аз навад дарсади кобинаи ҳукумати толибон паштун ҳастанд ва дар ҳамин миқёс масъулиятҳои мудириятии калон, чӣ дар Кобул ва дар сатҳи вазоратхонаҳо ва чӣ дар вилоятҳо, дар ихтиёри ин қавм аст.

Ҳузури дигар ақвом дар ҳукумати толибон башиддат камранг ва самбулӣ аст ва амсоли ин масоил ба замимаи рафторҳои қавмгароёнаи толибон, боис шудааст, ки мардуми ҳазора, тоҷик ва узбек ва дигар ақвом аз ҳукумати ин гурӯҳ шадидан норозӣ бошанд ва  тардиде нест, ки ҳуҷуми кӯчиҳо ба ҳазораҷот ва шимоли Афғонистон бо ҳимоят ва ҳидояти толибон, ин норизоятиҳоро дучандон мекунад ва сабаб мешавад, ки беш аз пеш чеҳраи қавмӣ, забонӣ ва самтии ҳукумати ин гурӯҳ ошкортар гардад.

Бидуни шак, идомаи чунин вазъияте илова бар эҷоди чолишҳо ва мушкилот барои ҳукуматдории толибон, ваҳдати миллиро дар кишвар осеб мезанад, тазодҳои қавмӣ, забонӣ ва самтиро шӯълавар месозад. Маҷмӯи ин мавзӯот, ояндаи сиёсии Афғонистонро бениҳоят печида мекунад ва бими он меравад, ки кишварро гирифтори як ҷанги дохилии дигар кунад.

кӯчи
Кӯчиҳои Паштун ва Толибони Паштун, яке шудани инҳо метавонад ба ваҳдати миллӣ осеб бизанад

5- Масъулияти толибон дар баробари кӯчиҳо

Толибон ба унвони ҳокимони билфеъли Афғонистон дар баробари тамоми мардумони ин сарзамин масъулият доранд. Ба ҳамон мизон, ки кӯчиҳо бояд ҳимоят шаванд, зарурист, ки дар барномаҳои ҳимоятии ҳукумат, масолеҳи умуми мардум, аъам аз сиёсӣ, амниятӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ бояд дар назар гирифта шавад.

Мардуми манотиқи марказӣ ва шимолӣ ҳаргиз мухолифи ҳимояти кӯчиҳо нестанд ва ҳамеша тарҳи маскани кӯчиҳоро матраҳ кардаанд, ки ба нафъи ҳама аст ва интизор меравад, ки толибон ҳамчунон ки муддаии ҳукуматдории исломӣ аст, арзиши исломӣ ва миллиро дар назар бигиранд ва аз ҳуҷуми кӯчиҳо дар манотиқи марказӣ ва шимоли кишвар, (ки боиси хасоратҳои зиёди иқтисодӣ мешавад, ба муҳити зист башиддат осеб мезанад ва бар ҳаҷми мунозиоти қавмӣ меафзояд, оташи таассуботи қавмӣ, забонӣ ва мазҳабиро шӯълавар мекунад), пешгирӣ намоянд ва зимни як барномаи ҷомеъ, мунсаҷим ва мубтанӣ бар манофеи аслӣ ва дарозмуддати мардум ва кишвар, ба маскан ва сомондеҳии кӯчиҳо бипардозанд.

Гусел кардани кӯчиҳои мусаллаҳ бо ҳазорон рамаи бузу гӯсфанду садҳо шутур ва улоғ дар байни мазореъ ва киштзорҳои мардум ва манъи мардум аз кишту кори лалмӣ дар манотиқи марказӣ ва шимолии кишвар ба ҳар баҳонае, ҳатто бо иддаои доштани моликият дар ин манотиқ, қобили пазириш набуда ва дар тазод бо манофеи калони иқтисодӣ, зистмуҳитӣ, амниятӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишвари Афғонистон аст.

Кӯчи
Толибон дар қиболи созмондеҳии Кӯчиҳо масъул ҳастанд

бо ташаккур аз саҳифаи Таҳлилирӯз ба хотири мақолаи арзишманде ки нашр карда аст.

Previous Post

Лурис Чекновориён аз ифтихороти эронинажодҳо

Next Post

Форсизудоии толибон алайҳи ваҳдати миллии Афғонистон аст

Related Posts

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ
Имон ва ваҳдат

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
76-умин солгарди рӯзи Ан-накба
Мавзӯоти доғ

76-умин солгарди рӯзи Ан-накба

May 16, 2025
Одамҳо мисли китобанд
Мавзӯоти доғ

Одамҳо мисли китобанд

April 10, 2025
Падар модар
Мавзӯоти доғ

Подоши нигоҳ кардан бо меҳрубонӣ ба падару модар

April 10, 2025
Ин маворид мағзи моро табоҳ мекунад
Мавзӯоти доғ

Мавориде, ки мағзи моро табоҳ мекунад

April 7, 2025
Рӯзи Ҷаҳонии Қудс
Мавзӯоти доғ

Рӯзи Ҷаҳонии Қудс

March 27, 2025
Next Post
Форсизудоии толибон алайҳи ваҳдати миллии Афғонистон аст

Форсизудоии толибон алайҳи ваҳдати миллии Афғонистон аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
Қудс-1

Моҷарои Фаластин

May 21, 2025
Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳаҷ

May 18, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Муҳаммад

Салоҳ ва табоҳи уммат

May 21, 2025
Ҳақиқатҳое дар дунё

Ҳақиқатҳое дар дунё

May 21, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved