Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна бо халаи машҳуди қудрат рӯбарӯ шуданд ва ҳамин масъала қудратҳои мухталифи минтақаӣ ва фароминтақаиро барои пур кардани ин халаъ ба ин минтақа кашонд. Ба ҳамин ҷиҳат Амрико, ки иддаои султаи ҷаҳониро дорад, беш аз дигар кишварҳо барои нуфуз дар ин минтақа талош кард.[1]
Робитаи Амрико бо кишварҳои Осиёи Миёна ҳамеша дар айни содагии аҳдоф, дар амалкард, печида буд. Нигоҳи дарозмуддати Амирко ба таҳаввулоти минтақа, дар канори рӯйкарди рақобатӣ ва баъзан хасмона ва душманона бо Русия, Чин ва Эрон, ҳамроҳ бо муҳофизакории дучандони кишварҳои Осиёи Миёна, омили бурузи чунин печидагӣ будааст.[2]
Агарчӣ манофеи Амрико дар Осиёи Миёна, пеш аз 11-сентябр, асосан бар рӯи масоили энержӣ мутамаркиз буд, ки аҳамияти камтаре дошт, аммо баъд аз он торих, сиёсати Амрико тағйир кард ва муддаии он шуд, ки дар ҷиҳати мубориза бо терроризм ва таҳдидоти фаромиллӣ, монанди ҷиноятҳои созмонёфта ва қочоқи маводди мухаддир, ба дунболи тақвияти равобити худ бо кишварҳои Осиёи Миёна аст. Пас аз рушду нуфузи сареи Русия ва Чин дар даҳ соли гузашта ва суъуди иқтисоди Чин ба рутбаи дуввуми ҷаҳонӣ, боис шуд, ки Амрико бори дигар тасмим бигирад, дар сиёсатҳои худ дар ин минтақа бознигарӣ кунад.[3]
Бо вуҷуди ин ки Амрико барои пешбурди аҳдофи худ бар тамоми кишварҳои Осиёи Миёна тамаркузи хоссе дорад, аммо намешавад, фаъолияти вижаи Амрико, бахусус сафорати ин кишвар дар Тоҷикистонро нодида гирифт.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон ба далели мутааддиде, ҳадафи тамаи серинопазири Вашингтон дар бахшҳои фарҳагӣ, сиёсӣ иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ қарор гирифта ва акнун шоҳиди густариши рӯзафзуни нуфузи Амрико дар ин кишвари форсизабони Осиёи Миёна ҳастем.[4]
Яке аз муҳимтарин иқдомоти нарми Амрико дар Тоҷикистон, талош дар ҷиҳати ҷазби ҷавонони тоҷик барои муҳоҷират ва ё таҳсил ба Амрико аст; дар ҳамин хусус, чанде пеш, сафорати Амрико бо интишори иттилоияе эълом кард, дар тӯли 8 моҳ, 1000 (ҳазор) визои муҳоҷиратии Амрико барои шаҳрвандони тоҷик содир кардааст.
Монуэл Миколлер сафири Амрико дар маросиме, ки ба муносибати судури ҳазорумин раводиди муҳоҷиратии кишвараш баргузор шуд, осонгирии раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистонро қадами торихӣ барои равобити дӯстонаи миёни ду кишвар тавсиф кард.[5]
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон илова бар суръат башидан ба судури визои муҳоҷиратӣ, иқдомоти муҳимми дигаре низ барои сиёсатгузорӣ дар Тоҷикистон анҷом додааст, ки нишон аз талоши бисёри Иёлоти Муттаҳида дар ҷиҳати нуфузи бештар дар кишвар дорад. Дар ҳамин хусус чанде пеш, сафорати Амрико дар Тоҷикистон гузориш дод, Ожонси тавсиаи байналмилалии Амрико “USAID”, ба ҳамроҳи порлумони Тоҷикистон, қавонини ҷадиде дар ҳавзаи ҳукмронии замин тадвин кардаанд, ки дар 24-декабри соли 2022-и мелодӣ, дар порлумон тасвиб шуд. Ин қавонин ба органҳои давлатии муртабит ва созмонҳои ҷомеаи маданӣ иблоғ шуда ва аз аввали июли соли 2023 лозимулиҷро мешавад. Аз ин рӯ, Ожонси тавсиаи байналмилалии Амрико ба ҳимоят аз давлати Тоҷикистон барои беҳбуди амнияти моликияти замин ва тарвиҷи ислоҳоти сиёсати кишоварзии фарогир аз тариқи эҷоди тақозо ва арзаи хадамоти ҳокимияти замин ва мушорикат додани бахши давлатӣ ва хусусӣ дар тарроҳӣ, бознигарӣ ва иҷрои сиёсатҳо идома хоҳад дод.[6]
Бо таваҷҷуҳ ба мавориде, ки зикр шуд, ба назар мерасад, сафорати Амрико беш аз урф ва ҳадди маъмул дар Тоҷикистон машғули фаъолият аст, хусусан он ки қавонин бо таваҷҷуҳ ба стандартҳо ва манофеи Ожонси тавсиаи байналмилалии Амрико тадвин шудааст.
Бо вуҷуди ин ки ин ожонс аз солҳои дур дар Тоҷикистон фаъолият доштааст, аммо вуруди он ба ҷойгоҳи сиёсатгузорӣ дар кишвар нишон аз талоши Амрико барои тавсиаи нуфуз ва короии худ дар Тоҷикистон дорад; чаро ки вазифаи ин ожонс таъмини манофеи мустақими сиёсӣ-амниятӣ ва иқтисодии давлати Амрико дар саросари ҷаҳон аст, ба ҳамин ҷиҳат ҳимоят ва нақшофаринии ин ожонс аз равандҳо ва таҳаввулоти маданӣ дар Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои муҳимми Осиёи Миёна нишон аз талош барои тағйироти лояҳои ҷомеаи тоҷик дар ростои манофеи Амрико дорад.
Ҳамчунин талош барои ҷазби ҷавонони тоҷик низ нишон медиҳад, ИМА саъй дорад, то тибқи аҳдофи худ, бар парвариши насли оянда ва таъсиргузор дар Тоҷикистон иқдом намояд.
Ин масоил ва дахолатҳои Амрико дар Тоҷикистон занги хатаре барои ояндаи ин кишвар ва истиқлол ва сабот дар ин кишвар аст.