• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Эрон сарзамини мо ва порсӣ забони мо!

October 15, 2023
in Ниёгони гузаштаи мо, Чаро посдорӣ?!
0
тоҷикистон
0
SHARES
13
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Обиди Шакурзода, пажӯҳишгари тоҷик ва порсизабон: Нуктаи ҷолиб ин аст, ки ин мақолаи устод Айнӣ дар торихи 30.9.1934 нивишта шудааст – андаке пештар аз шурӯъи қатлиъоми труйкои истолинӣ ва террори сартосарии равшанфикрони тоҷик ба ҷурми дониши донишгоҳӣ (мадориси Самарқанду Бухоро) доштан ва пеш аз лак андар лак ба оташ кашидани китобҳои ҳазорсолаи мо ва пеш аз он ки забони моро хоҷагони бадманиши Кремлин “забони тоҷикӣ” (соли 1938) эълом доранд.

Замони нивиштани ин мақола ҳатто дар андешаи устод Айнӣ ва ҳамзамонони огоҳи вай намегунҷидааст, ки пас аз се-чаҳор солаке ба забон овардани вожаи “порсӣ” ё “форсӣ” дар сиёсати ғаддори ғайриинсонии ин хоҷагони ғосиб ҷурму ҷиноят маҳсуб хоҳад шуд. Ва рӯзҳои таълифи ин мақолаи торихӣ барои равшанфикрони порсигӯйи Мовароуннаҳр форсӣ забони модарияшон будаасту Эрон сарзамини аҷдодияшон. Ин ҷо бояд на ҳарфу ҳиҷои банда, балки сухани нивисандаи бузурги мо – устод Айнӣ марҷаъ қарор дода шавад, ки чӣ гуна аз забону меҳани поки хеш бо масъулияту эҳтироми тамом нукта меорад, чӣ гуна ба мухотаби хеш таъкид мекунад, ки Эрони номовару накуном, Эрони маҳди донишу адабу ҳикмати ҳазорсолаҳо ватани поку муқаддасу аслию азалии мост.

 ин мақола дар ибтидо бо ин ҷумла оғоз мешавад. “Барои тадқиқи аҳволи Фирдавсӣ ва чӣ гуна навишта шудани “Шоҳнома”-и ӯ танҳо донистани забон ва адабиёти форсӣ ва истифода карда тавонистан аз манбаъҳои Шарқ кифоя намекунад” (с. 9).

Акнун ба иқтибосҳои дигар аз ин мақолаи устод мебингарем:

Сафҳаи 11: “Тарҷимаи ҳолнависон донишманди замони худ будани Фирдавсиро, ба замми забони арабӣ ва форсӣ донистанаш, забони паҳлавии мунқаризшударо менависанд.”

Сафҳаи 13: “Арабҳо пас аз истилои Эрон забон ва асарҳои куҳнаи онро аз миён бардоштанд. Порчаҳои қиматбаҳои нафиса ва китобҳои бостонии эрониён дар миёни арабон ба тариқи ғанимат тақсим ёфт.”

“Хулоса пас аз истилои араб забони расмӣ забони арабӣ шуд. Асилзодагони ба дарбори араб наздикшудаи Эрон ҳам ба забони арабӣ ҳарф мезаданд, қабулкунандагони дини ислом фарзандҳошонро дар мактаби исломӣ бо забони арабӣ мехононданд. Бино бар ин, дар пушти дуйум забон ва адабиёти форсӣ гӯё аз миён бардошта шуд. Ҳатто номҳо ҳам шакли арабиро гирифт.”

Сафҳаи 14: “Ба ҳамин тариқ, то дусад-дусаду панҷоҳ соли истилои араб дар дохили Эрон аз адабиёти он гӯё асаре набуд. Инак, дар ҳамон вақт Саффориён, ки дар Хуросон аз соли 253 то соли 268 ҳукумат рондаанд, барои зинда кардани забони Эрон ва ҷамъ намудани асарҳои куҳнаи он кӯшиш карданд. Ин кӯшишро Сомониён, ки дар Мовароуннаҳр ва Хуросон ҳукумат рондаанд, мукаммалтар ва самарадортар намуданд. Кӯшиши Саффориёнро дар бораи зинда кардани забони форсӣ соҳиби “Маҷмаъу-л-фусаҳо” ин гуна ҳикоят мекунад…”

Сафҳаи 15: “Аммо дар замони салтани Сомониён, ки бештар аз сад сол буда, …як адабиёти феодалии мукаммали форсӣ ба майдон омад. Дар дарбори Сомониён шоъирону адибони Мовароуннаҳру Хуросон гирд омаданд.”

Сафҳаи 24: “Дар ин вақт Фирдавсӣ “Шоҳнома”-и худро ба умеди подшоҳони Сомонии порсинажод менавишт, рӯ ба инқироз овардани онҳоро дида, “Дареғ он гулу мушки хушоби сӣ – Ҳамон теғи буррандаи порсӣ” – гӯён маъюс мешавад.”

Сафҳаи 37: “…яъне дар ҷавоби ин суол, ки чиро Султон Маҳмуд “Шоҳнома”-ро написандид, ин гуна баёни фикр карда метавонем, ки “Шоҳнома” сар то по маноқиби шоҳони Эрон буд. “Шоҳнома” ҳамаи бузургӣ, ҳамаи шараф ва ҳамаи маъолиро ба сулолаи шоҳони Эрон махсус мекард. Султон Маҳмуд, ки аз ирқи ғайри Эрон буда, падару бобояш шоҳ нагузашта буд, ва ба замми ин, ғуломзода ҳам буд, аз “Шоҳнома”-е, ки ҳама ин шарафро ба шоҳони Эрон тахсис кардааст, хушнуд шуда наметавонист.”

Сафҳаи 42: САРЛАВҲА: “Таҳсини шуъарои классики Эрон Фирдавсиро”

Устод Айнӣ ин ҷо гуфторҳое аз Саъдии Афсаҳу-л-мутакаллимин, Низомии Ганҷавӣ ва Анварии Абевардӣ пиромуни васфи накӯи Фирдавсӣ меорад, ба он маъно, ки мо Эрон дорему баробари Фирдавсии покзод Саъдиҳову Низомиҳову Анвариҳо!

Сафҳаи 43: “Вазифаи мо хонандагон аз санъат, услуб, салосат ва забони устод Фирдавсӣ бо танқиди марксистӣ-ленинӣ фоида бурдан аст.”

Сафҳаи 43: “Забони “Шоҳнома” содатарин ва софтарин забони классикони Эрон аст… тамоман беъарабӣ набошад ҳам, камъарабист. Бештарини арабиҳои дар ин китоби бузург корфармудашуда ҳам монанди ҳадя, аҳсан, ғам, навбат арабиҳои ба даруни форсӣ ҳазмшуда ё ин ки малак, фалак, қазо, қадар исмҳои ба ҳар форсизабон фаҳмо мебошад.”

Сафҳаи 44: Устод Айнӣ аз ховаршиноси машҳури маҷорӣ Ҳерман Вомберӣ (1832 – 1913) ин иқтибосро меорад: “Забони форсии Осиёи Миёна, ки бо вай тоҷикон гап мезананд, то имрӯз аз тарафи донишмандони забони форсӣ тадқиқ нашудааст… Дар ин лаҳҷа хоҳ аз ҷиҳати луғат бошад, хоҳ аз ҷиҳати эъроб хоссиятҳои бисёре ҳастанд, ки услуби Фирдавсиро ба хотир меоранд.”

Ва сипас мегӯяд: “Ҳақиқатан натиҷаи тафтиши ин забоншиноси бузург мувофиқи воқеъ аст. Агар мо аз забони “Шоҳнома” монанди мӯбад, пизишк, пӯзиш, диж, ромишгар, дижхим калимаҳои аз форсии қадим мондаро ва инчунин монанди або, абар адотҳоро, ки дар баъзе ҷо бо зиёдатии ҳамза ба ҷои бо, бар кор фармуда шудаанд, ба назар нагирем, на ин ки сар то пои он ба оммаи тоҷик фаҳмост, балки бештари он имрӯз дар забони зиндаи мардуми тоҷик кор фармуда мешаванд; ҳатто дар “Шоҳнома” он гуна луғатҳои форсӣ ва бо он гуна талаффуз кор бурда шудаанд, ки имрӯз дар забони адабии Эрон кор намефармоянд, аммо дар миёни тоҷикон зинда аст.”

(Аз китоби Садруддини Айнӣ. Куллиёт, ҷилди 11, китоби якум. Душанбе, 1963.)

Previous Post

Изҳороти Ҳамос дар радди дурӯғпардозиҳои расонаҳои ғарбӣ бар зидди муқовимат.

Next Post

Маниши миллӣ ва забони тоҷикӣ

Related Posts

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт
Инсон ва инсоният

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум
Ниёгони гузаштаи мо

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
История Афганистана
Ниёгони гузаштаи мо

Тоҷикони Хуросон – 3

April 26, 2025
 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул
Ниёгони гузаштаи мо

 Тоҷикон дар меҳвари давлатҳои Хуросон то ҳуҷуми муғул

April 26, 2025
Тоҷикони Хуросон
Ниёгони гузаштаи мо

Тоҷикони Хуросон

April 26, 2025
Қосим Сулаймонӣ
Мавзӯоти доғ

Васиятномаи Қосим Сулаймонӣ

March 27, 2025
Next Post
маниши миллӣ

Маниши миллӣ ва забони тоҷикӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved