Дар ҳафтаи ахир, пас аз табаддулот (кудато) дар Ниҷер ва таҳаввулоти пас аз он ва дархостҳои мардуми ин кишвари офриқоӣ барои истиқлоли амал дар ҳокимияти сиёсии кишвари худ ва ҷудоии ин кишвар аз тасаллути кишварҳои бегона ва ғарбӣ боис шудааст, ки бисёре аз коршиносон ва таҳлилгарони сиёсӣ ин табаддулотро муқаддимае барои оғози ҳаракати зиддистеъморӣ дар кишварҳои офриқоӣ қаламдод кунанд. Албатта дар ҳамин муддат нигарониҳои Амрико ва ғарб аз оғози ин ҳаракат дар Ниҷер ва таҳримҳо ва аксуламалҳо ва вокунишҳо ба ин табаддулот комилан ин гуфтаро таъйид мекунад, ки хостаҳои зиддистеъмории Офриқо ба шиддат сабаби нигаронии Амрико ва кишварҳои ғарбӣ шудааст, ки солҳо бо истеъмори қораи Офриқо ва тасаллут бар манобеи ғании он сарватҳои ин минтақаро ба ғорат бурдаанд.
Аз ин рӯ мусоҳибае тартиб дода шудааст бо Денис Рогатюк, пажуҳишгар, хабарнигор ва фаъоли сиёсӣ аз Русия, ки дар зайл машруҳи он аз назар мегузарад.
– Чаро қораи Офриқо як қораи стротежик ва муҳим барои ғарбиҳост?
Денис Рогатюк: Офриқо маҳди тамаддуни башарӣ ва сарватмандтарин қораи рӯи замин аст. Аммо ба гуфтаи Иброҳим Траоре – раиси ҷумҳури Буркинофосу, наслҳои ҷадид наметавонанд бифаҳманд, ки чаро бо ин ҳама сарват мардуми ин минтақа аз ҷумлаи фақиртаринҳо дар ҷаҳон ҳастанд. Дар сар то сари Офриқо мо шоҳиди шӯришҳои мусаллаҳона тавассути раҳбарони низомии зиддистеъморӣ будаем, ки ба дунболи бозпасгирии ҳокимияти худ аз қудратҳои империалистии аврупоӣ, бахусус Фаронса будаанд.
Албатта Гине, Буркинофосу, Молӣ ва Ниҷер танҳо бархе аз кишварҳое ҳастанд, ки маҷмуаи мустаъмароти собиқи Фаронса дар ғарби Офриқоро ташкил медиҳанд. Онҳо барои муддати тӯлонӣ ба унвони манбаи калидии манобеи табиӣ барои Фаронса ва дигар қудратҳои аврупоӣ хидмат кардаанд. Ниҷер 15 дарсади урониюми мавриди ниёзи реакторҳои ҳастаии Фаронсаро таъмин мекунад ва аз ҳамаи кишварҳо бузуртар аст, дар ҳоле ки Буркинофосу содиркунандаи аслии тиллост, Гине як нуқтаи вуруду хуруҷи асосӣ ва калидӣ барои тиҷорат байни Фаронса ва мустаъмароти собиқаш ва дар ниҳоят, Молӣ яке дигар аз содиркунандагони умдаи тилло аст ва майдони ҷанги байни давлат ва гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ва ифротӣ будааст.
– Ҳаракати зиддистеъморие, ки бисёре аз коршиносон мӯътақиданд дар солҳои ахир дар қораи Офриқо оғоз шудааст, аз куҷо оғоз шуд?
Денис Рогатюк: Нақшаи ғарби Офриқо дар соли 2021 шурӯъ ба тағйироти асосӣ кард. Монанди доминоҳо, давлатҳои тарафдори Фаронса шурӯъ ба қиёмҳои низомӣ карданд, ки бо Молӣ дар моҳи майи 2021 ва кудатои низомии Осимӣ Гуйто шурӯъ шуд, ки билофосила хостори хуруҷи артиши Фаронса аз хоки ин кишвар шуданд. Ҷумҳурии Офриқои Марказӣ ҳамчунин нируҳои фаронсавиро дар июни 2021 ихроҷ кард. Пас аз он Момоди Думбуйо, лежуенери собиқи фаронсавӣ дар сентябри 2022, капитан Иброҳим Траоре қудратро дар Буркинофосу ба даст гирифт ва ҷавонтарин раиси ҷумҳур шуд. Иқдом ба ихроҷи нируҳои артиши Фаронса дар январи 2023 оғоз шуд ва дар ниҳоят, шӯриши низомӣ дар Ниҷер дар 26-июл ба раҳбарии Абдураҳмон Чионӣ, ки акнун раёсати давлати кудатоиро бар уҳда гирифта ва хостори ихроҷи нируҳои фаронсавӣ ва мамнуияти содироти урониюм ба Фаронса шуда, идома пайдо кардааст. Аммо мавриди Буркинофосу ва капитан Траоре бавижа ҷолиб аст. Траоре дар сафари ахири худ ба Сан-Петербург барои иҷлоси Русия ва Офриқо, суханронӣ кард, ки дар он Русияро бахше аз хонаводаи худ хонд, ғорати қора тавассути қудратҳои аврупоиро маҳкум кард. Бисёре Траореро бо Томас Сонкоро – раҳбари инқилобии Буркинофосу аз соли 1983 то 1987 муқоиса кардаанд, ки ӯро Чегуворои Офриқоӣ низ номидаанд. Сонкоро ҳамчунин нируҳои фаронсавиро аз кишвар берун карда, манобеи кишварро миллӣ карда ва сиёсатҳои сусиёлистиро иҷро карда буд.
– Вокуниши истеъморгарон, бахусус Фаронса ва Амрико дар шароити феълӣ чӣ хоҳад буд?
Денис Рогатюк: Амрико ва Англис пеш аз ин дар вокуниш ба мамнуияти содироти урониюм ба Фаронса, тамоми кумакҳои худ ба Ниҷер ва муттаҳидонашро қатъ кардаанд. Ба ҳамроҳи Амрико ва кишварҳои ғарби Офриқо, ки ҳануз ба истеъморгарон вафодор ҳастанд, Фаронса низ ба Ниҷер ултимотум додааст – раиси ҷумҳур Чиони як ҳафта фурсат дорад то аз қудрат канорагирӣ кунад, вагарна мудохилаи низомӣ оғоз хоҳад шуд. Ниҷерия, муттаҳиди калидии Фаронса дар минтақа ва раҳбари федеросиюни ECOWAS кишварҳои ғарби Офриқо, ба унвони сакуи партоб барои мудохилаи низомии эҳтимолӣ дар Ниҷер интихоб шудааст. Бо ин ҳол, сенои Ниҷерия дархости Було Тинобу, раиси ҷумҳури бисёр манфури ин кишвар барои муҷаввизи иқдоми низомӣ алайҳи ҳамсоягони худро рад кардааст. Руасои ҷумҳури Буркинофосу ва Молӣ посух додаанд, ки ҳар гуна мудохилаи низомӣ дар Ниҷер ба манзалаи эълони ҷанг алайҳи кишварҳои офриқоӣ хоҳад буд.
– Иртибот миёни кишварҳои офриқоӣ бо бархе кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия ба чӣ далел барои ғарбиҳо нигаронкунанда аст?
Денис Рогатюк: Дӯстии байни мардуми Офриқо ва Русия аз қарни ҳаждаҳум идома дорад. Достони Обром Гонибол, женероли офриқоӣ дар хидмати артиши Русия ва падарбузурги шоири афсонаӣ Александ Пушкин, ҷаззобтарин бахши достони равобити Русия ва Офриқост. Ӯ ки ба унвони барда аз кудакӣ аз Қустантания назди Петри Кабир оварда шуд, аз бардагӣ раҳоӣ ёфт ва дар кохи ӯ таҳсил кард. Ӯ на танҳо ба як афсари низомии олирутба дар артиши Русия табдил шуд, балки муаллими Александ Суворови ҷавон, маршали машҳуре буд, ки Наполеонро дар талоши ногувораш барои фатҳи Русия шикаст дод.
Дар соярӯшани талош бар сари Офриқо, танҳо як миллат дар миёни дарёи футуҳоти истеъмории мустақил истод – Этюпӣ. Талош барои таҳоҷум ва инқиёди Итолиё бо шикасти фоҷеабор барои истеъморгарон ба поён расид ва Русия кумакҳои асосиро ба миллати Этюпӣ, ки барои ҳокимият ва истиқлоли худ меҷанганд, ироа кард. Иттиҳоди Шӯравии собиқ барои бисёре аз кишварҳои ҷавони Офриқо, ки дар паи истиқлоли худ аз арбобони истеъмории худ буданд, ба “зарродхонаи мустазъафин” табдил шуд, зеро аслиҳа ва муҳиммоти тавлидшуда дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба бисёре аз нируҳои инқилобӣ ва зиддиистеъморӣ дар минтақа таҳвил дода шуд, монанди MPLA дар Ангола, ANC дар Офриқои Ҷанубӣ, PAIGC ва раҳбари он Amilcar Cabral дар Гине Бисоу ва бисёри дигар.
Хотираи ин ҳимоят ва ҳамбастагӣ ҳануз дар зеҳни бисёре аз офриқоиҳо, аз пиру ҷавон, дар саросари ин қора зинда аст. Ҳимоят ва таҳсини Русия дар саросари қораи Офриқо, фаротар аз мустаъмароти собиқи Фаронса, мунъакис мешавад. Дар ҷараёни тазоҳуроти густардаи муборизони озодии иқтисодии Офриқои Ҷанубӣ, раҳбари онҳо Ҷулиус Моле эълом кард, ки мо “Путин ҳастем ва Путин мост! Ва мо ҳаргиз аз империализм алайҳи Путин ҳимоят нахоҳем кард”.
Дар охир, ин гуна ба назар мерасад, ки як тағйироти воқеӣ дар саросари Офриқо, ба дур аз истеъморгарони қадимии аврупоӣ ва ба самти ҷаҳони чандқутбӣ ва ҷадид дар ҳоли иттифоқ афтодан аст.
Денис Рогатюк – хабарнигор ва фаъоли сиёсиест, ки дар расонаҳои ғарбӣ, аз ҷумла Вашингтон пост, Ню-Йорк таймз ва Гордиян фаъолият дорад. Ӯ аз ҷумла хабарнигорони зиддиҷанг ва зиддиимпериализми ғарбӣ аст, ки аз ӯ гузоришҳо ва ёддоштҳои зиёде дар ин бора мунташир шудааст.