• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Раҳбари тоҷик : Тероризм, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

March 29, 2024
in Uncategorized, Мавзӯоти доғ
0
тоҷик
0
SHARES
10
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Намедонам, бо кадом забон нависам. Бо забони модариам, ки барои мардуми тоҷик фаҳмо бошад, ё бо забони русӣ, ки ҳама фаҳманд, хонандагони навиштаҳои банда дар ҳар гӯшаву канори дунё.

Рӯзи дуввум аст, ки пурра беқарорам. Оромиву осудагӣ рафтааст. Дар майнаи сар ҳамон воқеаи мудҳиш, ки дар Красногорск рух додааст, давр мезанад. Пеши назарам ҷасадҳои зиёди фавтидаҳо, бинои оташгирифта, мардуми ҳар сӯ бо доду фиғон тозон, ба хотири наҷот. Дилам реш-реш, зеро бароям фарқ надорад: кӣ ҳаёташ аз тири нохалаф қатъ гардидаасту кӣ дар зери оташ мондааст, кадом миллате. Барои ман муҳимаш он аст, ки ҳама зоти инсонанд, онҳо ҳама гуноҳе надоштанд. Беқарорам ҳамчунин аз он, ки баъди чанд моҳи воқеаҳои мудҳиши Эрон боз номи тоҷик ҳамчун иҷрогари амали террористӣ садо дод ва сари тоҷикон аз нав хам гардид. Аз видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешаванд, баробари шунидани забони тоҷикӣ аз ҷониби гумонбарон ҳангоми пурсиши аввал рӯ метобам. Тоқати такроран дидани симои боздоштшудагон ва шунидани садои онҳоро надорам. Ҳарчанд ба онҳо раҳмам меояд, шояд онҳо набошанд гуфта, аммо симоашон эътимоде ба ман аз бегуноҳии онҳо намебахшад. Ҳарчанд боздошт шудан чун гумонбар ҳоло маънии эълон шудани айбро надорад, вале паҳн шудани видео бешубҳа амнияти муҳоҷирони тоҷикро дар Русия зери хатар мегузорад, ки маҳз ҳамин ҳолат маро бештар ба изтироб овардааст. Ба мо ҳолову ҳозир чӣ таъсире ба шаҳрвандони мо боздоштшавии тоҷикон расондааст маълум нест.

Аз субҳидам фикри аввале, ки ба сарам омад, то тавонам кӯшиш намоям, ки мардуми хирадманд ва пуртаҳаммули тоҷик ба эҳсосот дода нашавад, ҳар яке кӯшиш ба харҷ диҳад шиддати вазъят фурӯ нишинад. Ба ин хотир тавсияҳое додам, ки сохторҳои дар Тоҷикистон будаи Русия бояд эҳсос намоянд, ки тоҷикон бо мардуми рус решаҳои барканданашавандаи дӯстӣ доранд. Ҳарчанд дар сатҳи давлатҳо шубҳае ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ даврае аз дӯстии абадии ду халқ набуд, вале нигоҳ доштани фазои устувори дӯсти қарзи ҳар якест. Маълум аст, ки офариниши муҳит дар фазои иттилоотӣ имрӯз аҳамияти зиёде пайдо кардааст, зеро мавҷи беисти иттилооти тарғиботӣ дар самти дигар метавонад ба шикасти эътимод ба ҳамдигар оварда расонад. Аз ин рӯ дар даъватҳоям ба таҳаммул ва худдорӣ махсус ишора кардам.

Шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳарчанд офарандаҳояш мегӯянд, ки ба хотири озодии сухан, демократия, табодули озоди назар сохта шудаанд, набояд фаромӯш сохт, ки онҳо ҳадафҳои дигар ҳам доранд, ки яке аз муҳимтаринаш ноором кардани ҷомеа, бенизомӣ, бесарусомонӣ, решакан кардани арзишҳои миллӣ, динӣ, маънавӣ, мебошад, ки устувории ҷомеаро таъмин менамоянд. Афсӯс, нерӯҳои зиёде имрӯз дар ин самт кор мекунанд ва мақсад аз пахш кардани ин видеоҳо ноором кардани вазъият дар Русия аст. Барои ин нерӯҳо манфиати мардуми тоҷик арзише надорад ва онҳо метавонанд дидаву дониста мардуми тоҷиктаборро зери фишор қарор диҳанд, зеро тоҷикон имрӯз дар Русия ба яке аз қувваҳо бузург табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ муҳим аст, ки мо, тоҷикон, чун миллати инсондӯст мавқеъи худамонро нисбат ба террор, нерӯҳои террористӣ, садоқати хешро ба сулҳу дӯсти нишон диҳем ва нагузорем, ки эътимод ба мардуми кишвари мо коҳиш ёбад.

Ҳамин рӯз чанд назарҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ хондам, ки муаллифонаш мегӯянд: Гӯсфанд будан даркор нест. Гумон дорам мефаҳмед, ки маънии ин гуфтаҳо чист. Барои ба гӯсфанд мубаддал нашудан бояд сатҳи дониши худро баланд бардошт, забон бояд омӯхт, бо густохӣ, якравӣ ҳуқуқҳои инсони ҳифз намешаванд. Бояд пайваста донишҳои забонӣ ва ҳуқуқии худро такмил диҳем, ки тавонем мавқеъи худро фаҳмонем, моро эҳтиром намоянд, ки мо бесавод нестем, қобилияти андешаронӣ дорем. Бояд бовар дошт, ки ин рӯзҳои сахт ҳам гузаро ҳастанд. Аммо вазъи имрӯза аз ҳар яке, ки дар Русия қарор доранд, ҳушёрӣ ва эҳтиёткорӣ металабад. Худо нагаҳдори ҳамаатон!

Previous Post

Намунаҳое аз хиёнатҳои Русия ба Эрон :

Next Post

Ҳамлаи ҳавоии сангини Исроил ба Ҳалаби Сурия 

Related Posts

Тарсондан – зулми бузург
Мавзӯоти доғ

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт
Мавзӯоти доғ

Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт

January 4, 2026
Захват Мадуро
Мавзӯоти доғ

Захват Мадуро

January 4, 2026
Раиси Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ
Мавзӯоти доғ

Раиси Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ: Рабудани раиси ҷумҳури Венесуэла ҷинояти ҷангӣ аст

January 4, 2026
Пешбинии Ҳуго Човез
Мавзӯоти доғ

Пешбинии Ҳуго Човез

January 4, 2026
Тазоҳурот дар Ҳинд дар эътироз ба ҳамлаи Амрико ба Венесуэла
Мавзӯоти доғ

Тазоҳурот дар Ҳинд дар эътироз ба ҳамлаи Амрико ба Венесуэла

January 4, 2026
Next Post

Ҳамлаи ҳавоии сангини Исроил ба Ҳалаби Сурия 

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved