Масъалае ки дарбораи мусалмон будани шиъаён вуҷуд дорад,шиъа як мазҳаби аз ислом аст ки пас аз пайғамбар имомат ва ҷонашинии ҳазрати Алӣ ро қабул доранд. Бархе дӯстон фикр мекунанд ки шиъа на намози дуруст доранд на ибодат ва балки ҳазрати Алӣ ро худо қабул карда ва онро якумин хуби олам медонанд. Вай ро мепарастанд баъдтар худоро. Аҳкоми дурусти динии надоранд ва фикр мекунанд худо ҳамаи корҳояшон ро қабул мекунанд.
Лозим аст ки гуям шиъа як мазҳаб аст; ҳамон тавре ки мазҳаби суннат ки Ҳанбалӣ, Ҳанафӣ, Моликӣ ва Шофеъӣ дорад, шиъа ҳам шомили фирқаҳо ва зер шохаҳои мухталиф мешавад.
Аз мисоли онҳо гуям Имомӣ, Зайдӣ, Исмоилӣ ва Ҷаъфари ё Исноашарӣ (давоздаҳ имома) ки боз ҳам ҳамин зер мазҳаб худашон шомили фирқаҳои зиёд мешавад.
Аммо чизе ки мо ба он кор дорем бештарин ва ҷомаътарин шохаи мазҳаби шиъа аст ки шиъаи Исноашарӣ, Ҷаъфарӣ ё Имомӣ ва давоздаҳ имома насбат ба дигар эътиқодҳои дигар шиъа бештарин ҷамъияти шиъаҳоро ба худ ихтисос дода аст.
Шиъаёни Исноашарӣ ҳам худ батанҳои шомили бархе фирқаҳоҳам аст лекин бештари онҳо аз як эътиқод ҳастанд ва бар пояи мантиқ ва фалсафа ва ақлоният аст. Бештари ин шиъаён дар кишвари Эрон зиндагӣ мекунанд. Панҷ навбат намоз доранд ки се вақт мехонанд ( ҳамон бомдод, пешин, аср, шом, хуфтан ) ҳазрати Алӣ ро ҷонашини пайғамбар медонанд на болотар аз пайғамбар ва на поёнтар ва аҳлибайти пайғамбар мавриди эҳтиромашон аст ва….
Хело роҳаттар бигуям вижагии як мусалмонро доранд ва бо дигар мазҳабҳои аҳли суннат он чунон фарқ надорад ва бо мазҳаби ҳанафи шабоҳатҳои бисёр дорад. Ҳоло бархе мегуянд ки шиъаҳо кофар ҳастанд барои онки ғам ва сӯг пайғамбар ро эҳтиром мекунанд ва шодияш ро муқадам мешуморанд. Оё ин кор ширку куфр аст?
Сад албатта ки нест аммо кори хуб ҳам агар набошад як амали аст ки худашон анҷом медиҳанд ки мо дар мазҳаби ҳанафӣ вуҷуд дорад. Номи ин кор зиёрати ва мадади авлиё аст ки дар мазҳаби ҳанафи ҳам буда ва ҳаст аммо далил барон нест ки тафакуроти Ваҳобӣ бихоҳад ин шабоҳатро нодида гирифта ва тафрақа байни мусалмонон ро зиёд кунанд.
Роҷиби он афроде ки дарбораи шиъаён бад гуӣ мекунанд ва шиъаёнро аз мусалмонон намедонанд як чизе гуям ки кадом мусалмонро дидаед ки дар кусак кардан ва ёри бародар мусалмони дигар пешво ва пеш қадам бошад. Дар мавриди мусалмонон шиъаён пешқадам буданд ва ҳастанд ки бародарони мусалмони худро ёрӣ кунанд дарҳоле ки ягон давлат ва созмони суннӣ мазҳаб ба андозаи ҳамин шиъаён чӣ Эрон ва чӣ Лубнон пешқадам набудаанд. Онҳо на танҳо ҳимояткунандаи Фаластин буданд ба гуфтор балки дар амал ҳам собит карданд ва барои ин кор чандинбор ба Исроил режими саҳюнитӣ ҳамлаи низомӣ карда ва ҳоло ҳам анҷом медиҳанд.
Кадом давлатро дидаед ки дар байналмиллал ва дар ҷилави тамомии давлатҳо президенташ қуръон ро боло дар дасти худ гирад ва аз ҳақонияти ин китоби муқаддас бигуяд?
Касе набуд ба ҷуз президенти Эрон Иброҳими Раисӣ ки шиъа мазҳаб буд.
Бояд ҳушёр бошем ки душман байни мусалмонон кинаву тафрақа наяндозад, афкори монанди ваҳобӣ сабаби фосила андохтан миёни мо мешавад бояд ҳамдигарро беҳтар шиносем то ин иттиҳоди мусалмонҳо аз байн наравад.
Ин ҳам бидонем ки мусалмон касе нест ки фақат одоби исломро ба ҷой оварад. Гоҳ ҳар он касе ки ба дунболи ормонҳои ислом аст ва барои онҳо кӯшиш мекунад ҳам мусалмон аст. Хело касҳо буданд ва ҳастанд ки идаъои ислому мусалмонӣ мекунанд аммо як лаҳза ҳато худро барои ормонҳои муқаддаси ислом харҷ накардаанд.
Шиъаву сунни нест, мо мусалмонӣ мекунем
Як намозу пайғамбару қуръондорӣ мекунем
Нанг бодо ин сухан аз мо ки шумо кофиртаред
Мо ҳама гули як решаву меваи як дарахтонем
Роҳ як бувад он озодии ислом аст
Ғайр аз ин роҳ касе гуяд бешак аз куфор аст.