АЛОМАТҲОИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ДАР ҶОМЕА Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест. Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба рӯҳия ва ахлоқи инсон, муносибати ӯ ба муҳит ва робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад.
Агар шабеҳаи як ифротгароро тасвир карданӣ шавем, пас, надоштани саводи комили динӣ, таҳсилоти дурусти исломӣ, таҷрибаю маърифати дурусти динӣ, зоҳирӣ ва сахтгирона фаҳмидани меъёрҳо ва мафҳумҳои динӣ, танҳо эътирофи фаҳмиши худ, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба рангу шакли либос, дарозиву кӯтоҳии пойи шалвор, тарзи ҷунбонидани ангушт дар намоз, андозаи риш, ҳукми ин ё он хӯрокӣ, маҳдудсозии ҳуқуқи занон, муҳокимаи рафтори дигарон ҷиҳатҳои хоси шабеҳаи як ифротгаро хоҳанд буд.
Ифротгаро ба тарзи дигари фаҳмиши меъёрҳои дин, аз ҷумла мазҳабҳо, мактабҳо ва равияҳои дигари исломӣ тамоман эҳтиром намегузорад, нисбат ба пайравони онҳо бадбинӣ ва нафрат зоҳир намуда, дар муқобили онҳо ҳамеша баҳс мекунад, носазо мегӯяд ва мубориза мебарад. Ба ҷомеа ва ҷаҳон нигоҳи фирқаӣ дорад. Дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣ ҳукм бароварда, онҳоро «фосиқ», «бидъаткор», «ҷоҳил», «тоғут», «муртад» ва «кофир» ҳукм менамояд. Баҳсу мунозираҳои солими илмию ақидавӣ ва далелҳои ақлию мантиқиро қабул надорад ва ҳангоми баҳс фаҳмиши танги худро тӯтивор такрор мекунад. Ба ҷомеа ва инсонҳо аз дидгоҳи фаҳмиши худ муносибат намуда, бо пайравони фаҳмишҳои дигар ҳамзистӣ карда наметавонад. Ба арзишҳо ва меъёрҳои амалкунандаи ҷомеаи дунявию демократӣ, қонунҳои мавҷуда, тартиботи ҷамъиятӣ, ниҳодҳои қудратӣ, шахсиятҳо ва мақомоти расмӣ ва умуман низоми давлатӣ, фарҳанг, санъат, ҳунар, адабиёт, мусиқӣ, ахлоқ ва расму оинҳои мардум эҳсоси бадбинӣ ва нафрат дорад. Ба хотири он ки падару модар, хоҳару бародар, хешу пайвандон, дӯстону ҳамкорон, устодон мисли ӯ ақида надоранд, онҳоро маҳкум ва ошкоро таҳдид, барои ба дигарон таҳмил намудани фаҳмиши худ зӯроварӣ ва хушунату бераҳмӣ мекунад.
Шахси ифротгаро гирифтори таваҳҳум (иллюзия) мешавад, гӯё фақат фаҳмишу амали ӯ дуруст буда, ҷомеа ҳама «фосиқ», мақомот ҳама «фосид», уламо ҳама «бидъаткор», дигарандешон ҳама «кофир» мағозаю ошхонаҳо ҳама «ҳаром», бонкҳо ҳама «рибохор», нӯшобаву шоколадҳо ҳама маҳсулоти «куффор», расонаҳо ҳама «дурӯғ» мебошанд. Аз ҷомеа ҷудо ва ба инзивои равонӣ гирифтор мешавад. Тайёр аст, ки нисбат ба ҷомеа ва инсонҳо ҳама гуна таҳқиру нафрат ва бераҳмию зӯровариро раво бинад. Шахси ифротгарои динӣ барои ҷомеа ва инсонҳо ба як хатари ҷиддии нуҳуфта табдил меёбад.
Хусусияти муҳими ифротгароии динӣ аз он иборат аст, ки идеологҳои ин гурӯҳҳо онро ҳамчун восита ва силоҳи муборизаи манфиатҳои худ вориди муборизаи сиёсӣ намудаанд. Ин ҷо масъала аллакай ранги дигар мегирад. Ин ҷо ифротгароии динӣ як неруи муташаккили сиёсию ҳарбӣ, як тӯфони харобиовари иҷтимоӣ ва як таҳдиди ҷиддии сиёсию амниятист. Тасаввур кунед: ҳазорон ифротӣ зери шиорҳои сиёсишудаи динӣ ба раванди муборизаи сиёсӣ ва қудратӣ кашида мешаванд, онҳо ба қувваи калони ваҳшӣ, бераҳм, сӯзанда ва вайронкор табдил мегарданд.
Барои ба як қувваи муташаккили қудратманд табдил ёфтани ифротгароён се унсури муҳим – ғоя, ташкилот ва силоҳу имконот нақши ҳалкунанда доранд. Гурӯҳҳои ифротгарои динӣ шомил мешаванд? Онҳое, ки саводу маърифати дурусти динӣ надоранд, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, таълимоти сирф сиёсишудаи исломиро ба эътиқоди худ табдил додаанд. Омилҳои дигаре, мисли ҳомиёни ҳимоятгару созмондеҳи ин гурӯҳҳо, манфиатҳои мушаххаси қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, истифода аз мушкилот ва ихтилофи иҷтимоӣ боиси ташкили ин гурӯҳҳо мегарданд.