ДЕБОИ ХУСРАВОНИИ БАЙҲАҚӢ
Адабиёти порсӣ аз қадимтарин забонҳои дунё, мероси гаронбаҳои ниёгон, сармоя ва ҳувияти миллии тоҷикону эрониён ба шумор меояд. Ин забон дар ҳазор соли охир рушди бесобиқа дошта, дар миёни миллали ҷаҳон бо ин шохисаи хеш меболад. Бо ин забон шоҳкорҳои ҷаҳоние падид омадаанд, ки дар камтар аз забонҳои дигари дунё дида мешавад. Ҳанӯз дар қарни XVIII (дақиқтар соли 1872) донишмандони Аврупо дар як нишасти илмӣ порсиро ба унвони яке аз чаҳор забони клоссики ҷаҳон муаррифӣ карданд. Ин унвон ба он забоне тааллуқ мегирад, ки куҳан бошаду дорои адабиёти барпой ва дар ҳазор соли охир дучори дигаргуниҳои андаке шуда бошад. Барои мисол як руси донишгоҳ дида ҳам, агар хоҳад муҳимтарину куҳантарин асари таърихии ин забон – «Суруди сипоҳи Игор»-ро бихонад, ниёз ба чанд фарҳангу тавзеҳномаҳои ҳошиянависони он хоҳад дошт, дар ҳоле ки ҳар порсизабони мактабдида ҳам шеъри равони Рӯдакиву Дақиқиву Фирдавсиро, ки муқаддамтар аз ин асари адабиёти рус аст, мефаҳмаду истифода мекунад. Ба ҳамин хотир, мо тоҷикон бахши муҳимме аз ҳуввияи хешро маҳз аз забони устувору пойдори порсӣ гирифтаему асоси ифтихороти фарҳангии мо низ ба ҳамин забону адабиёти он бармегардад.
Аз вижагиҳои забони порсӣ ин аст, ки дар ҳар замоне тағйире карда ва аз ҳар тағйире осоре бар ҷой гузоштааст. Мо аз замони ҳахоманишҳо (порсии қадим) осори хаттӣ дорем, аз замони сосонӣ (порсии миёна) ҳам ва аз давраи сомонӣ (порсии нав) низ, ки нишонгари тадовуми ин забон аст, яъне забони мо агар тағйире карда, вале ҳамвора тадовум низ доштааст. Агар фотеҳе дар гузари таърих латмае ба забон ворид карда, рӯзгор онро ба навъе ҷуброн карда ва агар дақиқтар гуем, фарзандону посдорони забони порсӣ дар ҳар даврае барои пойдориву мондагории он талош кардаанд. Аз ҷумла, вақте дар замони Абдумалик ибни Марвон (675-705) бо дастури Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф, ки амири Ироқу Хуросон буд, дар Куфа коргузориву маншурнависиро аз порсӣ бо арабӣ баргардонданд, мубтакири ин кор шахсе бо номи Солеҳ ибни Абдураҳмони Систонӣ буд. Ба навиштаи сарчашмаҳо дабирони маҳаллӣ сад ҳазор дирҳам ба ӯ доданд, ки баҳона пеш овараду коргузориро арабӣ накунад, вале ӯ қабул накард. Ватандӯсте бо номи Мардоншоҳ фарзанди Зодон Солеҳи систониро чунин носазо гуфт: «ҳамчунонки решаи забони форсиро буридӣ, Худо наслатро дар ин олам қатъ кунад». Яъне, латма ба забон барои соҳибони ин забон ҳамвора эҳсосбарангез будааст.
Порсӣ барои фотеҳони араб, ки ду қарни тамом бар Эрону Варорӯд ҳукумат карданд, бештар аз арабӣ забони таблиғу нашри ойини ислом будааст. Порсӣ дар ҳамин давра ҷойгузини баъзе забонҳое шуд, ки ҷуғрофияи густариши онҳо тадриҷан маҳдуд мешуд. Бисёре аз забонҳои эронии шарқӣ (аз ҷумла, суғдӣ ва тахорӣ) дар асрҳои IX-XII ҷойи худро ба забони порсӣ доданд, ҳарчанд дар шаҳру деҳоти Варорӯд ҳанӯз мардум бо суғдӣ ё яке аз забонҳои дигари маҳаллӣ сухан мегуфтанд. Ҳарчанд номи забони порсӣ бо номи вилояти маъруф дар Ҷанубу ғарби Эрон ҳамхонӣ дорад, вале густариши он пас аз футуҳоти арабҳо дар қисматҳои шарқии Эрон, аз ҷумла, Систону Хуросону Суғд чизе ғариб ва бо сарнавиште аҷиб ҳамроҳ будааст. Ҳамин тавр, порсии нав думболаи порсии миёна ва порсии миёна думболаи порсии қадим будааст. Ба эътирофи донишмандони забоншинос форсии нав тағйироти андаке бо форсии миёна дорад. Тафовути умдаи ин ду забон дар вожагони онҳост. Форсии нав вожаҳои бисёре аз забон ва лаҳҷаҳои портӣ ва суғдӣ, ки нисбат ба форсӣ ба маънии воқеъӣ вожаҳое дар асл бегона мебошанд ва ҳамчунин миқдори бисёре аз калимоти арабӣ ахз кардааст. Ҳамин тавр, забони порсии нав, ки пас аз нашри ислом хеле такомул ёфт, муҳимтарин санади асолат ва ангезаи муҳимме барои зистану офаридани шоҳкорҳои ҷаҳонӣ гардид.
Дарбори Сомониён, ки аз нуфузи арабҳо ва таъсири Бағдод дуртар буд, нисбат ба қисматҳои дигари Эрон дар гиромидошти забону адаби порсӣ пешгом буд. Шоироне чун Рӯдакиву Шаҳиду Дақиқӣ ва адибоне чун Балъамӣ, ки дар порсинависӣ пешгом буданд, мавриди ҳимояи моливу маънавии Сомониён қарор мегирифтанд. Бо суқути Сомониён мурдареги ин дарбор ба Ғазнин интиқол ёфт. Ҳар ки дар забону адабу фазоили дигар дасте дошт, озими Ғазнин мегашт. Маҳмуд, ки дар фикри бунёди як давлати муқтадиру ҷомеаи шукуфо буд, «дил дар Ғазнин баста буд ва ҳар куҷо марде ё зане дар саноате устод ёфтӣ, инҷо мефиристод». Ҳамин тавр, бо ҳиммати Маҳмуд, ки аз падари турку модари тоҷик ба дунё омада буд, ва риҷоли тоҷики дарбори ӯ, аз қабили Абулфазли Исфароинӣ, Амир Ҳасанак, Абунасри Мушкон, Унсурии Балхиву Фаррухии Систониву дигарон кохи азиме аз сухану назму насри порсӣ дар қаламрави Ғазнавиён афрошта шуд, ки дар таърихи ин забон беназир аст.
Яке аз шахсиятҳои бузурги дарбори Ғазнин Бунасри Мушкон аст, ки солҳо раиси девони рисолату иншои Ғазнавиён буда, гузашта аз номанигориву тарафи машварати салотини қудратманди Ғазнин қарор гирифтан, дар домани худ дабирони соҳибфазлу афзали рӯзгорро тарбият кардааст, ки барои забону адаби порсӣ хидматҳои шоён кардаанд. Яке аз шогирдони мактаби ӯ Хоҷа Абулфазл Муҳаммад ибни Ҳусайни Байҳақист, ки бо шоҳкори гаронқадри худ – «Таърихи Оли Сабуктагин» ё «Таърихи Носирӣ» номашро дар дафтари айём сабт кардааст. Ин китоб бо номи муаллифи он ҳамчун «Таърихи Байҳақӣ» дар миёни муаррихону адибону ховаршиносон машҳур гардидааст. Ҳамшаҳрии Байҳақӣ – Абулҳасан Зайди Байҳақӣ, ки ба Ибни Фундуқ машҳур аст, дар китобе ки роҷеъ ба таъриху ҷуғрофия ва риҷоли маъруфи зодгоҳаш таълиф карда, номи онро «Таърихи Байҳақ» гузоштааст, аз Байҳақии дабир ёдовар шуда, менависад, ки асари ӯ аз сӣ муҷаллад иборат будааст «бо фасоҳату балоғат ва аҳодиси бисёр». Аммо то замони мо танҳо панҷ ҷилди ин китоб расидааст, ки тақрибан панҷяки асли навиштаи муаллиф будааст. Агар ин китоб тамомӣ ба замони мо мерасид, маълум набуд, чӣ ахбору нодиру суханҳои гуҳарборе насиби хонандаи он мегашт. Аллома Деҳхудо як қарн муқаддам гуфта буд, ки «Баъд аз Шоҳнома се китоб ҳаст, ки бояд дар тамоми калимот, балки тамомати ҳуруфи он татабуъ ба амал ояд. Ва умру вақти ман иҷозат накард ва бар оядагон аст, ки ин ваҷибаро адо кунанд ва он се китоб «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ», «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ» ва «Таърихи Абулфазли Байҳақӣ аст»! Ин маънои онро дорад, ки порсизабонон бояд аз ин ганҷина бештар истифода кунанд, ва ҳеч чизе аз ин навишта холӣ аз аҳамияту ҳикмат нест.
Абулфазли Байҳақӣ беш аз сӣ сол дар девони рисолати Ғазнавиён, ки онро «хизонаи ҳуҷҷат» меномиданд, фаъъолият карда, ҳангоми кор аз тамоми асрори давлат огоҳ мегардад. Ҳеч як аз дабирони даргоҳ дар бораи сиёсати давлат ба андозаи ў маълумот надоштанд. Муҳимтарин номаҳои амир низ ба дасти ў навишта мешуд. Байҳақӣ худ менигорад: «Дар он рўзгор муътамад будам ва бар чунин аҳвол касе аз дабирон воқиф набудӣ…..ва номаҳои мулуки атроф ва халифа ва хони Туркистон ва ҳар чӣ муҳимтар дар девон бар ин ҷумла буд, ман набиштам». Ин дабири соҳибфазл барои рӯзҳои бознишастагӣ аз тамоми аснод нусха бардошта, нияти навиштани таърихро доштааст. Аммо тавре аз навиштаҳояш бармеояд, бадхоҳоне ҳамеша дар камин истода, монеъи ин амали шоиста мегарданд. Ӯ бо дареғ аз рабуда шудану нобуд гаштани баъзе аз манбаъҳои худ ёдовар шуда, бо дареғ менависад, ки агар «коғазҳову нусхаҳои ман ҳама ба қасд ночиз накарда буданд, ин таърих аз лавне дигар омадӣ». Ҳамон гуна ки бойгонии Байҳақиро нобуд сохтанд, замона ба ин навиштаи зебову бопироя раҳм накард ва дар ҳазор соли охир ин китоб аз диди мардумон пӯшида монд, магар иддаи хеле кам. Танҳо аз охири қарни XIX-и милодӣ ба ҳиммати ховаршиносон ниқоб аз чеҳраи тобони ин китоб уфтоду парда аз рухсори гаронмояи ин навиштаи арҷманд бардошта шуд. Инак, аз сӣ муҷаллад панҷ муҷаллади нотамоми Байҳақиро дар даст дорем, ки аз марги Султон Маҳмуд дар соли 1030 то шикасти ӯ дар набард бо туркманҳо дар соли 1040-и милодӣ, яъне даҳ солро фаро гирифта, гоҳе бо ҳамин унвон асарро «Таърихи Масъудӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ низ мегӯянд.
Байҳақӣ бо таворихи гузашта ошноӣ дорад ва асарҳои маъруфи Арабу Аҷамро хондааст. Пайваста такрор мекунад, ки «китоби бисёр фурў нигаристаам, хосса ахбор ва аз он илтиқотҳо карда». Ҷое дигар мегӯяд, ки «чунон хондаам дар ахбори хулафо» ва ё «чунон хондаам дар ахбори Сомониён», то хонанда огоҳ шавад, ки рӯ ба рӯ бо як навиштаи огоҳонаву муаррихи бовиҷдон қарор дорад. Дар ҳар бобу ҳар маврид аз риоят шудани «расми таърих» ва «қоидаи таърих» сухан меронад. Таърих нигоштани ӯ амре тасодуф набуд, зеро тавре ишора мекунад, солҳо қабл «мехостам, ки ин таърих бикунам, ҳар куҷо нуктае будӣ дар он овехтаме». Байҳақӣ барои мудаллал сохтани ахборе ки менависад, солҳо дунболи як санад мегардад, ки зевари таърихи ӯ бошад ва хонанда низ мутмаин гардад, ки бо марде қависухану ҷиддӣ сару кор дорад: «ин нома чанд гоҳ биҷустам, то биёфтам дар инрўзгор, ки таърих ин ҷо расонида будам». Суханони Байҳақӣ ёдовари ин байтҳои Фирдавсӣ аст, ки дар оғози «Шоҳнома» навишт:
Бипурсидам аз ҳар касе бешумор,
Битарсидам аз гардиши рӯзгор
Байҳақӣ рӯзгори гузаштаи халқу давлати хешро навишта ва ҳадафи хешро дар нигоштани таърих ин тавр баён мекунад: «ғарази ман он аст, ки таърихи пояе бинависам ва биное бузург афрошта гардонам, чунонки зикри он то охири рўзгор боқӣ монад». Ин сухан ёдовари гуфтори дигар сухансаройи Хуросон – Абулқосими Фирдавсӣ ва «кохи баланд»-у бегазанди ӯст. Аммо барои он ки ин бино пойдор монаду аз газанди рӯзгор эмин гардад, Байҳақӣ онро бар чанд асл устувор сохтааст:
Асли нахустин сухани рост гуфтан аст. Байҳақӣ бар ин асл таваҷҷуҳи хосс дорад. Ростгӯиву дурустгӯӣ ҳамеша мушкили аслии илми таърих будааст. Аз ин рӯ, Байҳақӣ исрор дорад, ки боястӣ «таърих ба роҳи рост биравад» Барои ин дар гузашта муаррихонро барои ростгуфторӣ борҳо озор додаанду аз хонаву кошона маҳрум кардаанд. Барои рост навиштан Байҳақӣ сарчашмаҳои гуфтори хешро ба хонанда муаррифӣ мекунад. Ӯ менависад, ки «ман, ки ин таърих пеш гирифтаам, илтизоми ин қадр бикардаам, ки ончӣ нависам ё аз муоянаи ман аст ё аз самоъи дуруст аз марде сиқа». Ҳар хонандае ин китобро мутолиа кунад, мебинад, ки дабири арҷманд ба ин ваъдаи худ вафо кардаву онро асоси кор қарор додааст. Аммо ин ба маънои он нест, ки сарнавишти ростгӯёнро Байҳақӣ намедонист. Ӯ аз Масъуди Розӣ ном шоире, ки дар қасидааш Султон Масъудро насиҳат карда, ӯро ба хашм овард, ёдовар мешавад. Байҳақӣ иқрор мекунад, ки «ин мискин сахт некў насиҳате кард», вале дар идома ҳушдор медиҳад, ки «шуароро бо мулукон ин нарасад», ки чизе гӯянду подшоҳро насиҳат кунанд, ҳарчанд насиҳат ба ҷой бошаду сухан судманд.
Асли дувум, ки Байҳақӣ риоят фармуда, роҳ надодан ба таассуб аст, ки дар бештари китобҳои таърихӣ ба мушоҳида расидааст. Нависандае нисбати ойини хеш таассуб дорад, фарди дигар ба фарҳангу дигаре ба зодбум. Афроде дар гузашта ва ҳол дигарандешонро мавриди таҳқиру озори равонӣ қарор додаанд, ки арзиши навиштаи онҳоро поён мебарад. Байҳақӣ ба ин хотир таъкид мекунад, ки «дар таърихе, ки мекунам, сухане наронам, ки он ба таассубеву тазайюде кашад ва хонандагони ин тасниф гўянд: «Шарм бод ин пирро!», балки он гўям, ки то хонандагон бо ман андар ин мувофақат кунанду таъне назананд». Байҳақӣ худ бархоста аз Сабзавори Хуросон аст, ки аз мардумони он садсолаҳо қабл аз тасаллути Сафавиён бар мазҳаби ташаюъ буданд, вале дар нигориши таърихи ӯ бӯе аз хусумату адоват ба ойини суннат дида намешавад ва шахсиятҳое чун Ойишаву Абдуллоҳи Зубайрро, ки назди аҳли суннат маҳбубанд, ба некӣ ёдоварӣ мекунад.
Асли савуми гуфтори Байҳақӣ дурӣ аз таҳрифи таърих аст, ки он низ дар осори таърии гузашта борҳо ба мушоҳида мерасад. Байҳақӣ, ки ҳадафи таърихро бедориву огоҳӣ ва натиҷаашро ибрат медонад, қотеъона иброз медорад, ки «ки раво нест дар таърих тахсиру таҳрифу тақтиру табзир кардан». Ӯ, ки дар ҳар маврид Офаридагорро ёд мекунаду ба ҳисобу китоб дар рӯзи ҷазо бовар дорад, ҳозир шудан дар пешгоҳи Ӯ ва суолу ҷавобро ҳаққ дониста, аз таҳрифи ҳаводис шадидан парзеҳ мекунад. Ӯ вақте чеҳраи яке аз шарурони рӯзгори хеш Бусаҳли Завзаниро тасвир мекунад, менависад, ки «аз ин қавм, ки ман сухан хоҳам ронд, як-ду тан зиндаанд дар гӯшае уфтода ва Хоҷа Басаҳли Завзанӣ чанд сол аст, ки гузашта шудааст ва ба посухи он ки аз вай бад рафт гирифтор … умри ман ба шасту панҷ омада ва бар асари вай мебибояд рафт». Ин аст виҷдони бедору огоҳ ва имону инсофи муаррихи покзамири мо. Байҳақӣ ҳар хабаре ки навишта, манбаъи онро низ меоварад ва таъкид мекунад, ки аз ин мард ҷуз ростӣ надидааст. Худ низ борҳо савгандони гарон ёд мекунад, ки «ин лофе нест, ки мезанам ва борномае нест, ки мекунам», чун китобро дар замони пириву хирадмандӣ нигошта, худро бениёз аз ғуруру фахрфурӯшӣ медид.
Чорумин усуле ки Байҳақӣ ба он пойбанд буда, парҳез аз ситоишу васфҳои ғайривоқеии фармонравоёни ҳамзамони ӯст. Бо ин мақсад огоҳона таъкид мекунад, ки «таърихҳо дидаам бисёр, ки пеш аз ман кардаанд подшоҳони гузаштаро хидматгорони эшон, ки андар он зиёдат ва нуқсон кардаанд ва бад-он ороиши он хостаанд». Яъне бо суханпардозӣ ва васфҳои газоф оростани китоб як ҳодисаи муқаррарӣ будааст. Баъзе ҳамзамонони Байҳақӣ аз фарти чоплусию тамаъ ба ҷойи таърих афсона нигошта, ҳодисотро ба тамом таҳриф кардаанд ва ҷаллоде ғосибу хуношому ғаддорро то осмони ҳафтум боло бурдаанд. Дар асре ки Байҳақӣ мезист, ҳамду санои амирон мавзуи асосии адабиёти он рӯз ба шумор меомад. Байҳақӣ барои нараҷондани хонадони ҳукуматгари ҳамзамонаш менависад, ки фазлу бузургвории ҳокимони ғазнавӣ «чун офтоб равшан аст» ва ниёз ба омехтани росту дурӯғи ман нест, ки нависандаро дар таърих бадном месозад. Муаррихи ҳаким ба хонандааш ҳушдор медиҳад, ки ончӣ аз килки қалам таровад, то абад мондагор гашта, метавонад номи нигорандаро доғдор созад. Аз ин рӯ, Байҳақӣ гоҳе дурўғнависону газофгўёнро накўҳиш мекунаду бар онҳо метозад.
Панҷумин асле, ки Байҳақиро ба он пойбанд меёбем, расми амонатдории ӯст. Ӯ худро дар назди таърих ва фарзандони миллати хеш масъул медонад ва бо пӯзишу узрхоҳӣ ба хонандааш арз медорад, ки боястӣ дигарон, ки фасеҳтару комилтаранд, ин таърихро нависанд, вале машғулиятҳои девонӣ онҳоро аз ин кор боздошта. Аз ин хотир, менависад, ки агар бештар аз ин дар нигоштани таърих таъхир кунад, «ин ахбор аз чашму дили мардумон дур» монаду ба фаромӯшӣ супурда шавад. Ӯ итминон дошт, ки асари ӯро наслҳои баъдӣ низ муштоқона мехонанду аз он истифода мекунанд: «Пас аз ин аср мардумони дигар асрҳо низ ба он руҷуъ кунанду бидонанд». Аз ҳамин сабаб то тавониста риояти амонат карда, дарозгуфториҳо ва ё ҷое муфассалбаёниҳи хешро бо ин ҷумла ба поён мебарад: «ва ин дароз азон додам, то муқаррар гардад, ки ман дар ин таърих чун эҳтиёт мекунам».
Риояти асли таърих аз дигар имтиёзҳои дабир Байҳақии суханвар аст. Ӯ ангор бим дорад, ки хабаре ё ҷузъиёте аз таърихро фурӯ гузорад. Аз зиндагии аҳли дарбор то баъзе розҳои паси пардаро ифшо мекунад ва аз ин меболад, ки ҳаводиси рӯзгорро бе фурӯгузорӣ қисса мекунад. «ғаразиман аз овардани номи мардумон ду чиз аст: яке он, ки бо ин қавм суҳбату мумолаҳат будааст, андакмояе азони ҳар кас бознамояд, дигар, то муқарар шавад ҳоли ҳар шуғле, ки ба рўзгори гузашта будааст ва хонандагони ин таърихро таҷрибатеву ибрате ҳосил шавад». Аз ин рӯ, пайваста ба нуктаҳое меовезаду таъкид месозад, ки «онро бибояст набишт, то шарти таърих тамомӣ ба ҷой ояд». Муаррихи тавонои тоҷик таърихро илме нофеъ мешумораду судманд ва бо итминон менависад, ки «ғарази ман аз набиштани ин ахбор он аст, ки то хонандагонро аз ман фоидае ба ҳосил ояд ва магар касеро аз ин ба кор ояд».
Равиши таърихнигории муаррих Байҳақӣ низ мунҳасир ба фард аст. Барои дабири арҷманди Байҳақ аз ҷузъ ба ҷузъ овардани рафти ҳодисае, моҳияти он ё чунонки худи ў мегўяд «ба ҷои овардан воҷиботи таърих» муҳим аст. Ў менависад: «Дар таворих чунон мехонанд, ки фулон подшоҳ фулон солорро ба фулон ҷанг фиристод ва фулон рўз ҷанг ё сулҳ карданд ва ин онро ё ў инро бизад ва бар ин бигузаштанд. Аммо ман он чи воҷиб аст, ба ҷой орам». Ӯ таърихро барои мардум менависад ва ба мардум эҳтиром мегузорад, ки мегӯяд, «Набояд сурат бандад хонандагонро, ки ман аз хештан менависам ва гувоҳи адл бар ҳар чӣ гуфтам тақвими солҳост, ки дорам бо хештан ҳама ба зикри ин аҳвол нотиқ». Яъне солҳо қабл аз он ки таърих бинависад, ёддошту хотироти хешро ҷое сабт мекарда, то рӯзе вайро ба кор оянд. Ӯ на аз бекориву бемоягӣ таърих нигошта, ё на барои сарватандӯзиву тамаъ ин корро миён баста, ҷое тазаккур медиҳад, ки «дер сол аст то ман дар ин шуғлам». Борҳо такрор мекунад, ки баъзе ҳаводисро аз он дар таърихи хеш ҷой намедиҳад, то «таърих аз насақ наяфтад».
Ошкоргӯӣ ва интиқод аз салотину умаро дар таърихномаҳои порсӣ хеле кам иттифоқ уфтодааст. Аммо дар ин замина низ Байҳақӣ гӯйи сабқат аз ҳамагон рабуда, парда аз ҷиноёти салотине ки дар хидматашон буда бармедорад. Камтар муаррихе дар миёни тоҷикон суроғ дорем, ки чун Байҳақӣ гуфтори росту андешаи покро пеша карда бошад. Он ҳам дар рўзгори ҳукумати вориси он амир. Ҳангоме ки Байҳақӣ аз ҷараёни юриши ваҳшатноку дур аз хирад ва бадфарҷоми Масъуд ба Гургону Табаристон ҳикоят мекунад, ошкоро мегўяд, ки ин сафар ба ҷуз бадномию шикаст ба султон чизе наёвард. Зеро дар ҷараёни ин фоҷеъа афсарони Масъуд шаҳри Омулро ба оташ кашиданд; дар ин миён пирамарде бо зани солманду се духтари таҷовузгаштааш дар ҳузури Амир Масъуд гиребони ҷавр чок мекунад, ки сабаби ошуфтагиву парешонии амир мегардад, то ҷое ки аз ин пирамарду аҳли хонааш ҳалолият мепурсаду узр пеш меоварад, ҳодисае ки дар ҳукумати ситамгорон ба нудрат иттифоқ уфтодааст. Байҳақӣ вақте аз ин хабар ҳикоят мекунад, бо сарзаниш аз хеш мегўяд: «Сахт душвор аст бар ман, ки бар қалами ман чунин сухан меравад, лекин чӣ чора аст? Дар таърих муҳобо нест». Байҳақӣ дабири султон Масъуд ва аз муқаррабони даргоҳи ӯ буд ва барояш аз даст рафтани Хуросон хеле ногувор ҳикоятест. Аммо дар ҳамин ҳол низ бо талхӣ шикасти Дандонақонро қисса мекунаду менависад, ки «вилоят аз дасти мо шудан ба тамомӣ бигуям, то сиёқати таърих рост бошад».
Набояд аз як муҳимми дигар ғафлат варзему онро фурӯ гузорем. Ин ҳам ҷойгоҳи рафеъи навиштаи Байҳақӣ дар сарнавишти қавми тоҷик аст. Ба эътирофи бештари донишмандону муаррихон (аз ҷумла устод Бобоҷон Ғафуров) аз миёни осори барҷоймонда нахустин бор вожаи тоҷикро Байҳақӣ ба кор бурда, мардуми ғайритурку араб ва муқимиву соҳибзабони ХуросонуЭронро тоҷик номидааст. Ӯ тоҷиконро дар баробари туркон мегузорад ва дарборро иборат аз турку тоҷик медонад, туркон аҳли шамшеранду тоҷикон аҳли қалам. Аз забону касбу пеша то фарҳанги зисту зиндагонӣ миёни эшон тафовут қоил аст: «биёбон эшонро падару модар аст, чунонки моро шаҳрҳо». Султон Маҳмуду Масъуд барои ӯ султони тоҷиканд, вале туркмаҳоро ба чашми бегонаву ғосиб менигарад ва менависад, ки вақте Салҷуқиён вориди Нишопур гаштанд, «надошт нуре боргоҳ ва муште авбош дар ҳам шуда буданду тартибе на; ва ҳар кас, ки мехост густохӣ мекард». Нигаронии аъёни тоҷик аз омадани бегонаҳоро бо қиссаи пиразане якдасту якчашму якпой, ки вақте ӯро пурсиданд, ки чиро ба мулки онон омадааст, бармало месозад. Вақте пиразан гуфт: «Шунудам, ки ганҷҳои замини Хуросон аз зери замин берун мекунанд, ман низ биёмадам, то лахте бибарам», амири ғофилу худкомаву мустабид бихандид, «аммо касоне, ки ғаври кор медонистанд, бар эшон ин сухан саъб буд». Яъне, касоне ки оқибати корро меандешиданд ин суханон барои онон душвор меомад, чун яқин медонистанд, ки бо ин амири ҳамеша масту ҳарис мамлакати эшон аз даст меравад. Байҳақӣ, ки як муаррихи баркамол аст, дар баробари фазилатҳои ин қавм костиҳову каҷандешиҳои баъзе аз ҳамқавмонро низ тазаккур медиҳад, то он низ сабақе барои ояндагон шавад. Ӯ, ки муддате аз умрро паси панҷараҳои зиндон сипарӣ карда, аз носозгориҳои рӯзгор шиква мекунад, вале худро низ аз айб мубарро намедонад: «навбати дуруштӣ аз рўзгор расид ва ман ба ҷавонӣ ба қафас бозуфтодам ва хатоҳо рафт то уфтодаму хостам ва бисёр нарму дурушт дидам».
Барои Байҳақӣ таърих саросар ибрат аст ва ҳикоёти зиёде аз гузашта меоварад, чун бовар дорад, ки «таърих ба чунин ҳикоятҳо ороста гардад» ва хонандагонро бедорӣ афзояд. Барои тамоми давру замонҳо кам хондан як мушкил буда, афроди огоҳу равшанфикр кӯшидаанд, ки мардумонро ба бештар хондану зиёдтар андешиданд фаро хонанд. Қиссаҳои зебову рангинро Байҳақӣ дар миёни таърихи хеш меоварад, ки таърих «бо чунин чизҳо хуш бошад, ки аз сухан сухан мешикофад, то хонандагонро нишот афзояду хондан зиёдат гардад».
Байҳақӣ марди гӯшанишину мунзавӣ набуд, балки дар матни рӯзгор зиставу бо амиру вазиру сипоҳиён ҳашру нашр кардааст, аммо ғарра ба дунёву сарвати он нест. Давлатмардони дарбори Ғазнин аз нигоҳи молӣ вазъи хуб доштанду бо фароғат мезистанд. Ӯ борҳо аз чиз ёфтану инъом гирифтан суҳбат мекунад, вале шефтаи он аҷнос намегардад. Ӯ бандагони дунё ва асирони шаҳвату озро ҳушдор медиҳад, ки ин ҷаҳон ба бозичаву ботил офарида нашудааст ва вайро низ беҳуда наёвардаанд. Банда бояд ба рисолати хеш амал кунад ва ваҷеҳ гардаду касби обрӯ кунад. Пас аз итмоми ҳар ҳикову достон барои панд гирифтани хонанда гаштаву баргашта таъкид мекунад, ки «дар миёнаи ин таърих чунин суханҳо аз барои он орам, то хуфтагон ва ба дунё фирефташудагон бедор шаванд ва ҳар кас он кунад, ки имрўзуфардо ўро суд дорад».
Паёми хеле муҳимми Байҳақӣ ба хонанда он аст, ки ӯ таърихро мояи огоҳиву бедорӣ медонад, на қиссае барои хоб овардану ғафлат варзидан. Сухани ин муаррих ҳеч гоҳ достону қиссае нест, ки «хоб оварад нодононро чун шаб бар эшон хонанд», балки тозиёнаи бедорист. Байҳақӣ мухотаби хешро низ мешиносад, ки онҳоро «доноён шумаранд ва сахт андак аст адади эшон ва эшон некўфаросатонанд ва сухани зиштро бияндозанд». Ин таърихнигори воқеънигари тоҷик ба он даста аз ҳамқавмонаш, ки ба устӯхонҳои пӯсида фахр мефурӯшанду худ аз фазлу дониш бебаҳраанд, низ метозад. Ӯ достони марди фозилу саросар ҳунарро меоварад, ки на номе дошту на ҷоҳе, вале вазири Аббосиён Яҳёи Бармакиву маҳфили ӯро бо посухҳои донишмандонаву огоҳонааш шигифтзада мекунад. Вақте чанд мағрури бебаҳра аз илм бо таассуф садо бароварда мегӯянд, ки «дареғо чунин мард, кошкӣ ўро асле будӣ», Яҳё қотеъона ҷавоб медиҳад, ки ин мард бо фазлу ҳунаре ки дорад, худ бунёде устувор аст. Сипас устод Байҳақӣ ин суханонро ҳамчун насиҳат ба фарзандони миллати хеш менависад: «Ва ҳастанд дар ин рўзгори мо гурӯҳе изомиён бо асбу истому ҷомаҳои гаронмоя ва ғошияву ҷуноғ, ки чун ба сухан гуфтану ҳунар расанд, чун хар бар ях бимонанд ва ҳолату суханашон он бошад, ки гўянд: «Падари мо чунин буду чунин кард». Ва турфа он, ки афозилу мардумони ҳунарманд аз сиъояту батари эшон дар ранҷанд».
Абулфазли Байҳақӣ бар пояи суннатҳои адабии порсӣ, ҳукумати Ғазнавиёнро идомаи ҳукуматҳои Эрони бостон ва дунболаи Саффориёну Сомониёну Бувайҳиён медонад. Дар қисматҳои боқимондаи асари ӯ бисёре аз муаллафаҳои фарҳангии Эрони бостон инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, Байҳақӣ илоҳӣ будани мақоми салтанат ва фарри эзадӣ, додгарии подшоҳ, ҳамнишинӣ бо хирадмандон, шодзистӣ, ҷашнҳои Наврӯзу Садаву Меҳргон, расми ҳадяву пешкаш, ойини шикор ва суннати нону намакро, ҳамчун бахшҳои сиёсати давлатдории Ғазнавиён инъикос карда, бар таъсирпазирӣ ва иштироки фарҳангӣ миёни Ғазнавиёну дигар дудмонҳои ҳукуматгари Эрони куҳан ишорат мекунад. Дар баробар тадовуми забон фарҳангу сунани эронӣ низ тадовум доштааст, ки зеҳни донишмандонро ба худ машғул кардааст. Байҳақӣ аз ҷумлаи ин донишмандони мост, ки машъали фарҳангу тамаддуни ниёгонро равшан нигоҳ дошта, ба давраҳои баъдӣ интиқол додааст.
Дар асри Байҳақӣ таърих бахше аз адабиёт буд ва бо назму шеър ороста мегашт. Шояд Байҳақиро яке аз мубтакирони ворид кардани шеър дар таърих номем, зеро дар таърихномаҳои порсии қабл аз ӯ (аз ҷумла Тарҷумаи Таърихи Табарӣ) овардани мисоли шеърӣ мушоҳида намешавад. Байҳақӣ бо назму шеър асари хешро ороста, чунин пандҳоро низ барои ҳадафи ниҳоии хеш, ки ибрат аст, муфид медонад. Аз Байҳақӣ чанд мисраи арабӣ низ боқӣ мондааст, ки гувоҳи тасаллути комили вай бар қофияву арузу саноеъи шеърӣ мебошад.
Дар бораи ҳунари нависандагии Байҳақӣ донишмандони адабиёт баррасиҳои фаровон кардаанд, ки хулосаи онро метавон дар як ҷумла чунин ҷамъбаст кард: Байҳақӣ таъриху адабро чунон талфиқ кард, ки китоби вайро дар муқоиса бо ҳамаи осори маҳзи адабӣ беҳамтову беназир гардонд. Ба иттифоқи оро ин таърихнома аз лиҳози забон «устувортарину дилнишинтарин осори мансури форсӣ» ба шумор меравад. Муҳаққиқи эронӣ Аббос Милонӣ бар ин бовар аст, ки «насри Байҳақӣ, ки ба шеър паҳлў мезанад, аз шоҳкорҳои таърихи адаби форсӣ аст. Мунтақидону муаррихону забоншиносон аз ғинои вожагони он, аз салосати баён ва зебоии таркибҳояш сухани фаровон гуфтаанд». Забони асари Байҳақӣ чунон ҷаззобу рангин аст, ки ҳатто миёни донишмандон истилоҳи «сабки Байҳақӣ» роиҷ гардидааст.
Навиштаи хешро Байҳақӣ дебои хусравонӣ меномад, ки гувоҳи дигари таърихиву адабӣ будани ин матни сараву фасеҳ мебошад. Дар овони пирӣ ва замони салтанати Султон Иброҳими ғазнавӣ (1059-1099) ба умеди ба анҷом расондани таърихи оғозкардааш навишт, ки «Ман ки Булфазлам, дар ин дунёи фиребандаи мардумхор чандон бимонам, ки корномаи ин хонадон биронам ва рўзгори ҳумоюни ин подшоҳ, ки солҳо бизиёд. Чун он ҷо расам баҳра аз набиштан бардорам ва ин дебои хусравонӣ, ки пеш гирифтаам, ба номаш зарбафт гардонам».
Сухани Байҳақӣ шеър нест, вале наздик ба шеър аст ва ҳар касе аз он роиҳаи шеърро истишмом мекунад. Ҳар кас бихоҳад, метавонад бо хондани асари Байҳақӣ аз маъниҳои нобу суханони ороста дар камоли фасоҳату балоғат ошно гардад, ки назири онро дар ҳеч китоби дигари порсӣ наметавон пайдо кард, вале ба ҳукми масали муште аз харвор чанд намунаи зеборо аз каломи ӯ меоварем, ки хатми ин гуфтор бошад:
– забон баргушоду ҷавоҳир пошидан гирифт ва садаф баргушодан;
– ва одати замона чунин аст, ки ҳеч чиз бар як қоида бинамонад ва тағйир ба ҳама чизҳо роҳ ёбад;
– кас аз модар ваҷеҳ назояд ва мардумон мерасанд, аммо шарт он аст, ки номи некў ёдгор бимонад;
– бузург мардо, ки ў домани қаноъат тавонад гирифт ва ҳирсро гардан фурў тавонад шикаст;
– ғояти кори одамӣ марг аст;
– мард он гоҳ огоҳ шавад, ки набиштан гирад;
– аз ҳадис ҳадис шикофад;
– кас аз модар ваҷеҳ назояд ва мардумон мерасанд, аммо шарт он аст, ки номи некў ёдгор бимонад
– ба поён омад ин қасидаи ғарро, чун дебо дар ў суханони ширини бомаънӣ даст дар гардани якдигар зада
Асари Байҳақӣ дар як калом мояи фахри порсигӯён аст ва аҳаммияту қудрати забони порсӣ дар Хуросону Вароруду Эрону Ҳиндро нишон медиҳад.