• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Миҳандӯстӣ оре, натсионализм на

February 17, 2025
in Инсон ва инсоният
0
Миҳандӯстӣ оре, натсионализм на

Миҳандӯстӣ оре, натсионализм на

0
SHARES
6
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

 

Миҳандӯстӣ оре, натсионализм на

Мабоҳиси иҷтимоӣ

Ба ғайр аз Ҳитлер ва Муссолинӣ, ки натсионалистҳои шашоташаи қарни 20-ум буданд, Урупои қарни 19-ум низ амиқан олуда буд ба ҷангҳои натсионалистӣ; ҷангҳое, ки дақиқан бо ҳадафи тавсиаи марзҳои миҳан рақам мехӯрданд…

Асри Эрон:

Ёддошти ҳозир дар бораи тафовути миҳандӯстӣ ва миллигароӣ аст.

Дар миҳандӯсти (patriotism), иддаъои бартарии як миллат нисбат ба соири милал вуҷуд надорад. Фарде дар ҷойе аз ҷаҳон ба дунё омада ва дилбастаи сарзамине аст, ки зодгоҳаш буда. Табиат ва шаҳрҳои он сарзамин бавежа шаҳри худашро дӯст медорад ва аз зистан дар он кишвар лаззат мебарад ва ба далели умре, ки дар миҳанаш сипарӣ карда, ба миҳан дилбастагӣ дорад, ҳарчанд ки зодгоҳашро беҳтарин шаҳр ё камнақстарин кишвари дунё надонад ва мардум кишварашро ҳам беҳтарини мардумон надонад.

Аммо натсионализм (nationalism) ё миллигароӣ, маъмулан ва балки ғолибан, бо иддаъои бартарии як миллат нисбат ба соири милал тавъам аст. Дар натсионализм, миллат муҳимтар аз миҳан аст. Таъкиди натсионализм бар миллат аст, на бар миҳан. Ба ҳамин далел натсионализм сириште мутаҷовиз дорад, яъне агар зӯраш бирасад, дар пайи тавсиъаи марзҳои миҳан аст.

Натсионалистҳо маъмулан иддаоҳои сарзаминӣ доранд ва миҳани мавҷудро барои миллате, ки ба он тааллуқ доранд, кофӣ намедонанд. Ё мӯътақиданд, миҳани ин миллат басе фаротар аз маҳдудаи кунунӣ буда. Пас бояд имрӯз ё фардо бахшҳои аз даст рафтаи миҳанро бозситонад.

Аммо илова бар инҳо, натсионалистҳо чунки ғолибан ба бартарии фикрӣ ва фарҳангӣ ва тамаддунии миллати худашон бовар доранд, бо ин идея, ки сарзамини соири милал таҳти султаи миллати худашон (ё давлати баромада аз миллати худашон) дарояд, на танҳо мушкиле надоранд, балки онро лутфе дар ҳаққи соири милал медонанд; чаро ки басти ҳокимияти миллии худашонро мояи тараққӣ ё шоистаи зистани милали дигар маҳсуб мекунанд.

Ҳатто агар ин иддаъои онҳо баъзан дуруст бошад, боз тафовуте дар асли мавзӯъ эҷод намекунад. Асли мавзӯъ (axiome) ин аст, ки натсионализм сириште мутаҷовиз дорад, магар ин ки ин сиришти таҷовузгар ва тавсиаталаб (сарзаминӣ) ба тамҳидоте маҳор шавад.

Ба ғайр аз Ҳитлер ва Муссолинӣ, ки натсионалистҳои шашоташаи қарни 20-ум буданд, Урупои қарни 19-ум низ амиқан олуда буд ба ҷангҳои натсионалистӣ; ҷангҳое, ки дақиқан бо ҳадафи тавсиъаи марзҳои миҳан рақам мехӯрданд.

Дар намоишномаи “Ораш”, асари Баҳроми Байзоӣ, вақте Ораши камонгир тирро дар камонаш мегузорад, то онро партоб кунад ва марзи Эрон таъйин шавад, бар хилофи “Шоҳнома”, тири ӯ дар ҷойе фуруд намеояд ва то нокуҷо меравад. Маънои ин поёнбандӣ дар намоишномаи Байзоӣ равшан аст. Яъне Эрон марз надорад ва ҳама ҷо Эрон аст. Ё ҳама ҷо бояд Эрон бошад.

Албатта Байзоӣ ин намоишномаро дар ҷавонӣ навиштааст. Тақрибан дар синни 20-солагӣ. Яъне дар ин ёддошт дар мақоми нақди Байзоӣ нестем, балки сирфан мехоҳем “хӯйи мутаҷовизи натсионализм”-ро бо зикри як мисоли адабӣ нишон диҳем.

Дар воқеъ Байзоӣ дар намоишномаи “Ораш” мехоҳад ҳамаи ҷаҳон ҷузъи Эрон бошад. Тавсиъаталабии сарзаминии Ҳитлер ҳам ниҳоятан дар пайи он буд, ки ҳамаи ҷаҳон таҳти ҳокимияти Олмон бошад; чаро ки Ҳитлер миллати Олмонро бартар аз ҳамаи милал ва сазовори чунин сиёдате медонист.

Тафовути натсионализм ва миҳандӯстӣ дақиқан ҳамин ҷо мушаххас мешавад. Миҳандӯст миҳани худашро дӯст дорад ва миҳани дигаронро миҳани худаш намедонад. Ҳинд ҳар чӣ қадр ҳам зебо бошад, Эрон нест. Пас аҷиб нест, ки як Эрондӯст нахоҳад, ки Ҳинд ба Эрон замима шавад ва аз фардо, вожаи “Эрон” Ҳиндро ҳам дарбар гирад.

Аммо натсионалист бартарии миллиро пос медорад. Пас аҷиб нест, ки натсионалистҳои эронӣ, ки аз “таҳоҷум”-и “аъроби Ҳиҷоз” дар Эрони пас аз суқути Соcониён безоранд, ба юриши Нодиршоҳ ба Ҳиндустон ифтихор кунанд. Ҳанӯз ҳам афроди зиёде дар Эрон пайдо мешаванд, ки дақиқан ба далели натсионалист будан, ба таҷовузи Нодир ба Ҳинд меболанд ва куллан бо ҷиноёти Нодир мушкиле надоранд.

Оре, натсионализм, мисли “либидо” (ба қавли Фрейд), сириште мутаҷовиз дорад ва агар ин истеъдоди таҷовузгарӣ маҳор нашавад, ҳатто дар кишваре мисли Омрико, ки натсионализми маданӣ дорад, на натсионализми фарҳангӣ ва қавмӣ, фарде чун Тромп пайдо мешавад ва натсионализмро сарфи дуздидан ва балъидани Гренланд ва Конодо ва Ғазза ва халиҷи Мексик мекунад.

Ин ки Тромп муваффақ мешавад руъёҳояшро амалӣ созад ё на, ба ҷойи худ, вале нукта ин аст, ки руъёҳои ӯ комилан натсионалистианд. Масъалаи аслии ӯ на миҳан ё ватан, балки “басти ҳокимияти миллӣ” аст. Басте, ки агар касе ҷилавдори Тромп набошад, аз Конодо меоғозад ва аҷолатан ба Ғазза меанҷомад.

Гуфтем, ки натсионалистҳо маъмулан иддаъоҳои сарзаминӣ доранд ва агар шароит иқтизо кунад, ин иддаъоҳояшонро матраҳ ё ҳатто пайгирӣ мекунанд. Тромп ва Путин ҳар ду натсионалистанд. Бинобар ин аҷиб нест, ки Путин Укройнро мехоҳад ва Тромп Гренланд ва Конодоро.

Нисбати натсионализм ва фошизм, ба қавли уламои мантиқ, нисбати умум ва хусуси мутлақ аст. Яъне натсионализм аз фошизм оммтар аст. Ба иборати дигар, ҳар фошисте натсионалист аст, вале баъзе аз натсионалистҳо фошистанд, (на ҳамаи онҳо).

Масалан Ҳитлер ва женерол Де Гол ҳар ду натсионалист буданд, вале Ҳитлер фошист буд ва женерол на. Фошизм, илова бар сиришти мутаҷовиз, вежагиҳои дигаре ҳам дорад, ки он вежагиҳо лузуман дар натсионализм вуҷуд надоранд.

Мумкин аст гуфта шавад, чунон нисбате байни миҳандӯстӣ ва натсионализм низ вуҷуд дорад. Яъне миҳандӯстӣ оммтар аз натсионализм аст; бинобарин ҳар натсионалисте, миҳандӯст аст, вале баъзе аз миҳандӯстон натсионалистанд ва баъзе ҳам на.

Аммо воқеият ин аст, ки натсионализм мубтанӣ бар иддаъои бартарии як миллат нисбат ба соири милал аст. Агарчӣ натсионалистҳое, ки фошист нестанд ин иддаъоро ба сароҳат баён намекунанд, аммо агар бунмояи афкору гуфтор ва ҳатто рафторашонро биковем, маҳол аст, ки иддаъо ва ҳисси “бартарии миллӣ”-ро дар онҳо наёбем.

Вале як миҳандӯст фақат миҳани худашро дӯст дораду бас. Яъне миллат ва мазоҳири миллии сарзамини худашро бартар аз соири милал ва мазоҳири миллии сарзаминҳои дигар намедонад.

Миҳандӯст ҳатто мумкин аст миллате дигарро ба лиҳози фикрӣ ва фарҳангӣ ва ахлоқӣ болотар аз миллати сарзамини худаш бидонад. Вале боз миҳанашро амиқан дӯст дорад, чаро ки дар он ҷо ба дунё омада ва зиндагӣ карда ва ба дигарон меҳр варзида ва аз дигарон меҳрубонӣ дида ва дар як калом, мувоҷеҳааш бо ҳастӣ ва ба шигифт омаданаш дар баробари зебоиҳои ин ҷаҳон, яъне анбӯҳи таҷориб ва хотироташ, умдатан дар даруни он миҳан рақам хӯрдааст.

Бо ин ҳол ҳатто агар қоил ба нисбати умум ва хусуси мутлақ миёни миҳандӯстӣ ва натсионализм бошем ва бигӯем: ҳар натсионалисте миҳандӯст аст (вале баъзе аз миҳандӯстон натсионалистанд, на ҳамаи онҳо), боз бояд гуфт: натсионализм маъмулан паёмадҳои хубе дар пай надорад. Ҳоло ё барои ҳамон миллат, ё барои соири милал.

Миҳандӯстӣ набояд нофии инсондӯстӣ бошад. Сиёсати натсионалистии Ҳитлер дар Урупо ё фаронсавиҳо дар Алҷазоир ё белжикиҳо, ки дар Конго муртакиб шуданд, ҳатто агар аз сари миҳандӯстӣ буда бошад, хилофи инсоният буд ва ба зарари мардуми Конго ва Алҷазоир ва Полша ва Чехославакия ва ҳатто ба зиёни мардуми Олмон тамом шуд.

Ва ин яъне миҳандӯстии натсионалистӣ хатарнок ва фоқиди арзиши демукротик ва умонистӣ аст; чаро ки билохира дар ҷойе, ҳаққи мардумеро нақз мекунад ва посдошти инсонро фурӯ мениҳад.

Asriran

Тоҷнек

 

Source: Миҳандӯстӣ оре, натсионализм на
Via: Миҳандӯстӣ оре, натсионализм на
Tags: Миҳандӯстӣ оренатсионализм на
Previous Post

Фалсафаи равоқӣ

Next Post

Дарахт бикоред

Related Posts

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт
Инсон ва инсоният

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Беҳтар аз гузаштаам
Инсон ва инсоният

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон
Инсон ва инсоният

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025
муваффақият
Инсон ва инсоният

Пул ё ҳадаф

April 26, 2025
Рақобат ё ҳамкорӣ
Инсон ва инсоният

Рақобат ё ҳамкорӣ

April 26, 2025
Худро аз мушкилоти равонӣ наҷот диҳед
Инсон ва инсоният

Худро аз мушкилоти равонӣ наҷот диҳед

April 26, 2025
Next Post
Дарахт бикоред

Дарахт бикоред

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved