Роҳу равиши худсозӣ
Сабки зиндагӣ
Чанд дарс аз Наҳҷулбалоғаи Амиралмӯъминин Алӣ(к)
Парҳез аз таҷаммулгароӣ ва дунёпарастӣ
Яке аз коргузорон ва зердастони Амиралмӯъминин барои худаш хонаи бошукӯҳе сохт. Хабар ба Имом Алӣ расид ва ба ў фармуд : Сиккаҳои тилло ва нуқра сар бароварда худро ошкор карданд, ҳамоно сохтмони муҷаллал сарватмандии туро мерасонад.
(Ҳикмати 355, Наҳҷулбалоға)
***
Қудрати Худованд дар рўзирасонӣ
Аз Имом пурсиданд, агар дари хонаи мардеро ба рўяш банданд ва ўро дар хонааш зиндонӣ кунанд , рўзии ў аз куҷо хоҳад омад? Фармуд : Аз он ҷое, ки марги ў меояд!
(Ҳикмати 356)
***
Неъматҳо масъулият дорад
Алӣ (р) фармуд: Эй мардум, бояд Худованд шуморо ба ҳангоми неъмат, тарсон бинад, ҳамон гуна ки аз азоб шуморо тарсон мебинад, зеро касе, ки Худо ба ў неъмати зиёде диҳад ва ў он неъматро муқаддимаи азоб надонад, аз кори хавфноке худро эмин донистааст ва баръакс он кас , ки Худо бар ў танг гирад ва ў онро озмоиш (ва муқаддимаи такомул) нашуморад, подоши умедбахшеро аз даст додааст. (Ҳикмати 358)
***
Роҳу равиши худсозӣ
Эй асирони орзуҳо, бас кунед!
Чун соҳибони мақомҳои дунёро, танҳо дандони ҳодисаҳои рўзгор, ба тарс андохт. Эй мардум, кори тарбияти худро, худ ба ўҳда гиред ва нафсро аз одатҳое, ки ба он ҳирс дорад, баргардонед.
(Ҳикмати 359)
***
Дунё ва равиши саҳеҳи дунёдорӣ
Эй мардум, моли дунё монанди баргҳои хушкидаи вабохез аст, пас аз он дурӣ кунед, ки дил кандан аз он лаззатбахштар аз итминон доштан бар он аст ва ба қадри зарурат аз дунё бардоштан беҳтар аз ҷамъоварии саврати фаровон аст. Касе, ки аз дунё зиёд бардошт, ба фақр маҳкум аст ва касе, ки худро аз он бениёз кард, дар осоиш аст. Ва касе, ки зевари дунё чашмонашро хира кунад, дучори кўрдилӣ шавад ва касе, ки ба дунё ишқ варзид, дарунаш пур аз ғам шавад ва ғаму андўҳҳо дар хонаи дилаш бирақсанд, ки аз тарафе саргармаш кунанд ва аз тарафи дигар, раҳояш кунанд, то он ҷо, ки гулўяшро гирифта дар гўшае бимирад, рагҳои ҳаёташ қатъ шавад. Нобуд кардани ў бар Худо осон ва ба гўр андохтани ў ба дасти дўстон бувад.
Аммо мўъмин бо чашми ибрат ба дунё менигарад ва аз дунё ба андозаи зарурат мебардорад ва сухани дунёро аз рўи душманӣ мешунавад, чаро, ки то гўянд сарватманд шуд, гўяд фақир шуд. Вақте дар зиндагӣ шод мешавад, бо расидани марг ғамгин мешавад ва ин ҳоли дунёи онҳост ва рўзи парешонӣ ва ноумедӣ ҳанўз наомадааст.
(Наҳҷулбалоға, ҳикмати 367).



















