• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Дарсҳое аз тибби исломӣ – 1

March 4, 2025
in Мавзӯоти доғ
0
Тибби исломӣ

Тибби исломӣ

0
SHARES
34
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дарсҳое аз тибби исломӣ – 1

Бахши аввал

Таҳияи: Сайидмуҳаммадалӣ Бурҳонов

Пешгуфтор

Агар ҳангоми забҳ «Бисмиллоҳ» гуфта шавад, он гӯшт ҳалол аст ва бидуни «Бисмиллоҳ» ғайриқобили хӯрдан хоҳад буд. Забҳи саҳеҳ вақте иттифоқ меуфтад, ки қурбонӣ рӯ ба қибла бошад; дар ғайри ин сурат, ҳайвон гӯшташ ҳалол нахоҳад буд. Хӯрданиҳоеро метавон хӯрд, ки аз тариқи ҳалол таҳия шуда бошанд, аммо таҳияи онҳо аз тариқи ҳаром (мисли дуздӣ ва қаллобӣ ва…) хӯрданашонро низ ҳаром мекунад. Муомилот ҷоиз аст, вале рибо ҷоиз нест.

Дар илми имрӯз, байни ҳайвон чӣ рӯ ба қибла забҳ шавад ва чӣ пушт ба қибла, аз ҷиҳати хоссият ва дигар вижагиҳо, ҳеч тафовуте вуҷуд надорад, дар ҳоле, ки тибби исломӣ ва илоҳӣ байни он ду фарқ мегузорад. Дар тибби илоҳӣ, ҳаққи истифода аз гӯшти ҳайвоне, ки бидуни “Бисмиллоҳ” забҳ шудааст надорем:

وَلاَ تَأْكُلُواْ مِمَّا لَمْ يُذْكَرِ اسْمُ اللّهِ عَلَيْهِ وَإِنَّهُ لَفِسْقٌ

«Аз забҳе, ки номи Худо бар он ёд нашуда нахӯред, ки исён аст.» (Сураи Анъом, ояти 121)

Оё тибби имрӯз байни ҳалолу ҳароми як себ масалан фарқе мегузорад? Шояд суол кунед, ки оё мо себи ҳалол ва себи ҳаром дорем? Посух ин аст, ки бале, дар тибби илоҳӣ мо себи ҳалол дорем ва себи ҳаром, бо ин ки аз ҷиҳати хоссият ва вижагиҳои моддӣ, байни онҳо фарқе нест:

فَكُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ اللّهُ حَلالًا طَيِّبًا وَاشْكُرُواْ نِعْمَتَ اللّهِ إِن كُنتُمْ إِيَّاهُ تَعْبُدُونَ

“Аз он чӣ Худо рӯзиятон карда ҳалол ва покиза бихӯред, пас агар Худоро мепарастед, неъматҳояшро сипос гузоред”. (Сураи Наҳл, ояти 114)

Яъне вақте як себ аз роҳи ҳалол ба дастатон расид, ҳақ доред аз он бихӯред, вале агар аз роҳи дӯздӣ ва фиреб ба даст омада бошад, дигар ҳақ надоред:

إِنَّ الَّذِينَ يَأْكُلُونَ أَمْوَالَ الْيَتَامَى ظُلْمًا إِنَّمَا يَأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ نَارًا وَسَيَصْلَوْنَ سَعِيرًا

“Онон, ки амволи ятимонро ба ситамгарӣ мехӯранд, дар ҳақиқат онҳо дар шиками худ оташ фурӯ мебаранд ва ба зудӣ дар оташи фурӯзон хоҳанд афтод”. (Сураи Нисо, ояти 10)

* * *

Фасли аввал

Сабки зиндагии фардӣ

  1. Тағзия (саломат дар хӯрдан ва ошомидан)

Одоби тағзия

  1. Бисмиллоҳ гуфтан қабл аз ғизо;
  2. Дар зарфи тилло ва нуқра хӯрокӣ ё нӯшиданӣ нахӯрдан;
  3. Дар ҳангоми серӣ чизе нахӯрдан;
  4. Даст кашидан аз ғизо пеш аз сер шудан;
  5. Субҳона хӯрдан дар бомдодон ва чизе нахӯрдан баъд аз намози хуфтан;
  6. Луқмаро кучак бардоштан;
  7. Нигоҳ накардан ба сурати дигарон дар ҳангоми хӯрдани ғизо;
  8. Нахӯрдани ғизои бисёр гарм;
  9. Надамидан дар ғизо (фут накардан)

(Боздаме, ки аз даҳон хориҷ мешавад гози саммии CO2 мебошад, ки тибқи гуфтаҳо мутаассифона дар нӯшобаҳои гоздор вуҷуд дорад. Аз паёмадҳои зараровари гози CO2 гуфтаанд: эҷоди санги кулия, пӯкӣ ва нармии устухон.)

  1. Набуридани нон бо корд;
  2. Пок накардани устухон аз гӯшт;
  3. Хӯрдан дар шаб ва пеш аз намози хуфтан (ҳарчанд ночиз бошад);
  4. Нанишастан бар дастурхоне, ки дар он шароб аст;
  5. Шустани дастҳо қабл ва баъди ғизо;
  6. Хӯрдани намак қабл ва баъд аз ғизо.

Чанд роҳе, ки бо он аз табиб ва пизишк бениёз хоҳед шуд

  1. Нахӯрдан магар дар гуруснагӣ;
  2. Даст кашидан аз хӯрдан қабл аз сер шудани комил;
  3. Ғизоро хуб хоидан;
  4. Қабл аз хоб ба хало рафтан.

* * *

  1. Осори тағзияи саҳеҳ

а) Осори ҷисмии тағзияи саҳеҳ

  1. Бо хӯрдан дар ҳангоми сер будан, эҳтимоли песӣ меравад;
  2. Даст кашидан аз ғизо пеш аз серӣ, боиси таровати чеҳра мешавад;
  3. Миёнаравӣ дар хӯрдан, мояи сиҳҳати бадан мешавад;
  4. Дар ҳоли ҷанобат ва дар ҳангоми сер будан чизе хӯрдан, мунҷар ба барас ва песӣ мешавад;
  5. Хӯрдан дар ҳоли ҷанобат, сабаби фақр ва бечизӣ аст;

б) Осори шустани дастҳо қабл ва баъд аз ғизо

  1. Фақрро аз байн мебарад;
  2. Рӯзиро зиёд мекунад;
  3. Дардро аз бадан берун мекунад;
  4. Олудагиро аз либос дур мекунад;
  5. Чашмро ҷало медиҳад;
  6. Агар касе баъд аз ғизо дастҳоро бишӯяд ва бар абрӯҳо бимолад ва се навбат бигӯяд:

 الحمد لله المحسن المجمِل المنعِم المفضِل

— (агар ин корро анҷом диҳад) дарди чишмаш бартараф мешавад.

в) Осори хӯрдани намак қабл ва баъди ғизо

Дар ҳадисе аз Паёмбар (с) нақл шудааст:

«(Касе, ки қабл ва баъд аз ғизо намак бихӯрад), Худо аз ӯ ҳафтод навъ балоро дафъ мекунад, ки осонтарини онҳо ҷузом (хӯра) аст.»

Дар ривояти дигаре чунин омада:

Аз 72 навъ бало дар амон хоҳад буд ва аз ҷумлаи онҳост:

  1. Девонагӣ;
  2. Хӯра (ҷузом);
  3. Песӣ;

Дар ривояти дигар чунин омада:

Офият диҳад аз:

  1. Дарди гулӯ;
  2. Дарди дандон;
  3. Дарди шикам;

* * *

Овешан (тимьян) ва намак

  1. Бодҳои баданро дафъ мекунад;
  2. Балғам ва рутубати зиёди баданро месӯзонад;
  3. Мӯҷиби идрор мешавад;
  4. Боиси хушбӯии даҳон мешавад;
  5. Меъдаро нарм ва лиқваро дафъ мекунад;

(Дар тибби ҷадид лиқваро MS мегӯянд, дар ин беморӣ як тарафи бадан ё сурати инсон якдафъа фалаҷ мешавад ва пас аз чанде боз ба сурати оддӣ бозмегардад, вале ҳамлаҳои ин беморӣ ҳамеша ва то охири умр беморро азоб медиҳад. Тибби ҷадид ҳанӯз дармоне барои ин беморӣ наёфтааст.)

  1. Қувват бар ҷимоъро зиёд мекунад;

Молидани намак дафъи заҳри ақраб (каждум) ва газандагон мекунад.

* * *

Идома дорад…

Тоҷнек

Tags: Дарсҳое аз тибби исломӣ - 1
Previous Post

Бурдбортарин, шуҷоътарин, одилтарин…

Next Post

Дилдодагони Маҳбуб

Related Posts

Тарсондан – зулми бузург
Мавзӯоти доғ

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт
Мавзӯоти доғ

Изҳороти қаблии Мадуро пас аз боздошташ дубора мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт

January 4, 2026
Захват Мадуро
Мавзӯоти доғ

Захват Мадуро

January 4, 2026
Раиси Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ
Мавзӯоти доғ

Раиси Ҷумҳурии Кореяи Шимолӣ: Рабудани раиси ҷумҳури Венесуэла ҷинояти ҷангӣ аст

January 4, 2026
Пешбинии Ҳуго Човез
Мавзӯоти доғ

Пешбинии Ҳуго Човез

January 4, 2026
Тазоҳурот дар Ҳинд дар эътироз ба ҳамлаи Амрико ба Венесуэла
Мавзӯоти доғ

Тазоҳурот дар Ҳинд дар эътироз ба ҳамлаи Амрико ба Венесуэла

January 4, 2026
Next Post
Дилдодагони Маҳбуб

Дилдодагони Маҳбуб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved