• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Хислатҳои барҷастаи Паёмбари Акрам(с) дар Қуръони Карим

March 14, 2025
in Инсон ва инсоният, Мавзӯоти доғ
0
Хислатҳои барҷастаи Паёмбари Акрам(с) дар Қуръони Карим

Хислатҳои барҷастаи Паёмбари Акрам(с) дар Қуръони Карим

0
SHARES
47
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Хислатҳои барҷастаи Паёмбари Акрам(с) дар Қуръони Карим

Аз Паёмбар(с) биомӯзем

Беҳтарин муаррифи Паёмбар(с) Қуръони Карим аст. Дар ин китоб, Худованди Мутаол дар оёти мутааддиде ба абъоди гуногуни шахсияти Паёмбари Ислом(с) ишора кардааст. Аммо ончӣ дар миёни ин оёт, монанди хуршед медурахшад, ин панҷ вижагӣ ё панҷ хусусияти Расули Акрам(с) дар Қуръони Карим аст.

Панҷ вижагии муҳимме, ки шахсияти Паёмбарро шакл медиҳад ва муаррифи шахсияти эшон аст,  иборатанд аз:

1 – Усваи ҳасана будан

Паёмбари Акрам(с) бар асоси фармоиши Худованд дар Қуръони Карим, барои ҳамаи инсонҳо, барои башарият, дар ҳамаи давронҳову замонҳо, усваи ҳасана ва беҳтарину барҷастатарин  сармашқ ва улгу мебошанд.

Ҳар касе, ки мехоҳад ба саодату хушбахтӣ бирасад, бояд дар рафтору гуфтораш аз эшон пайравӣ кунад.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим, сураи Аҳзоб, ояти 21 мефармояд: “Барои шумо дар зиндагии Расули Худо, улгу ва усваи некӯе қарор додем”.

2 – Доштани хулқи азим

Намунаи баъдӣ, ё хислати баъдӣ, ки Худованд барои Расули Акрам бармешуморад, доштани хулқи азим аст.

Ахлоқ муҳимтарин омили ҷазби афрод ва тақвияти пайвандҳои иҷтимоӣ аст. Бо ахлоқ метавон дар қалби афрод нуфуз кард ва бар дилҳо ҳукумат кард ва дар пешбурди аҳдоф ҳамаро ҳамроҳи худ намуд.

Таъбири Қуръони Карим дар бораи ахлоқи некӯи Паёмбар, дар сураи Қалам, ояти 4, чунин баён шудааст: Ва иннака лаало хулуқен азим – “Дар ҳақиқат ту ба хулқи азим оростаӣ”. Яъне туро ба некӯтарин ва азимтарин ахлоқ ороста намудем.

Паёмбари Акрам(с) бо ҳамин ахлоқи азим тавонистанд афроди сангдил ва хашинро ба сӯи худ ҷазб намоянд ва ҳамаро мутеи худ қарор доданд.

3 – Паёмбари раҳмат

Хусусияти дигари барҷастаи Паёмбари Ислом(с) ин аст, ки Қуръон аз эшон ба унвони Паёмбари раҳмат ном мебарад.

Худованд дар сураи Анбиё, ояти 107 мефармояд: “Мо туро нафиристодем, магар ин ки раҳмат барои аҳли олам бошӣ”.

Қуръони Карим аз миёни ҳамаи вижагиҳо ва хусусиёти Паёмбари Акрам(с), ӯро ба унвони “Паёмбари раҳмат” муаррифӣ мекунад, то ҳамаи ҷаҳониён бар меҳвари вуҷуди он ҳазрат гирди ҳам оянд ва Худоро итоату бандагӣ кунанд.

4 – Утуфат ва қотеият

Мавриди баъдӣ, утуфату меҳрубонӣ дар канори қотеият аст.

Паёмбарон раҳбарии ҷомеаҳоро бар уҳда доранд. Идораи сиёсат ва иҷтимоъ низ махсуси паёмбарон аст ва ин кор қотеиятро дар канори утуфату меҳрубонӣ металабад.

Барои он ки ҳам мӯъминон дилгарм бошанд ва ҳам душманон битарсанд ва даст аз тавтиаю душманӣ бардоранд, ҳардуи ин хусусият бояд дар як раҳбари ҷомеа вуҷуд дошта бошад.

Худованди Мутаол дар бораи ин хислати Паёмбари Ислом(с), мефармояд: “Муҳаммад(с) фиристодаи Худост ва ёрону ҳамроҳонаш бар куффор сахтгир ва бо якдигар мушфиқу меҳрубонанд”. Ашиддоу алал куффор ва руҳамоу байнаҳум, дар сураи муборакаи Фатҳ, ояти 29.

Паёмбари Худо конуни утуфату меҳрубонӣ барои мӯъминон ва мазҳари салобату қотеият дар баробари душманон буданд.

5 – Мардумӣ будан ва мардумдории Паёмбар(с)

Ва ниҳоят, хусусият ва вижагии панҷӯм – мардумдории ҳазрат аст.

Раҳбарони илоҳӣ ҳамеша дар миёни мардум буданд ва дар ҳама ҳол, бо онон зиндагӣ мекарданд. Барои худашон ҳеч имтиёзи вижае қоил намешуданд ва доиман дар ғаму шодии мардум шарик буданд. Ҳамин хислат сабаб то Расули гиромӣ битавонанд мардумро дар масири ҳидоят ва рушду камол қарор диҳанд.

Қуръон дар ин бора мефармояд: “Қатъан барои шумо паёмбаре аз ҷинси худатон омад, ки фақру парешонӣ ва дарду ранҷи шумо бар ӯ сахту душвор аст ва бар осоишу наҷот ва ҳидояти шумо бисёр ҳарис ва ба мӯъминон бисёр меҳрубон аст”. Тарҷумаи ояти 128, сураи Тавба.

Тоҷнек

Tags: Хислатҳои барҷастаи Паёмбари Акрам(с) дар Қуръони Карим
Previous Post

Иззати дунё…

Next Post

Некӣ ва мудоро бо ҳамсар

Related Posts

Намояндаи СММ: Исроил дар Ғазза наслкушӣ мекунад
Мавзӯоти доғ

Намояндаи СММ: Исроил дар Ғазза наслкушӣ мекунад

July 3, 2025
Амрико таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон ҷорӣ кард
Мавзӯоти доғ

Амрико таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон ҷорӣ кард

July 3, 2025
Ҳаркиро завқи дин падид ояд...
Инсон ва инсоният

Тарки гуноҳ ба ирода ниёзманд аст

July 3, 2025
Эътирофи мақомоти исроилӣ ба шикасти қатъӣ
Мавзӯоти доғ

Эътирофи мақомоти исроилӣ ба шикасти қатъӣ

July 1, 2025
Исроил: Амалиёти густардаи низомӣ ба Яман дар пеш аст
Мавзӯоти доғ

Исроил: Амалиёти густардаи низомӣ ба Яман дар пеш аст

June 30, 2025
Ҳамлаҳои маргбор ба Ғазза
Мавзӯоти доғ

Ҳамлаҳои маргбор ба Ғазза

June 30, 2025
Next Post
Некӣ ва мудоро бо ҳамсар

Некӣ ва мудоро бо ҳамсар

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Намояндаи СММ: Исроил дар Ғазза наслкушӣ мекунад

Намояндаи СММ: Исроил дар Ғазза наслкушӣ мекунад

July 3, 2025
Амрико таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон ҷорӣ кард

Амрико таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон ҷорӣ кард

July 3, 2025
Намози раҳбарӣ

Намоз

July 3, 2025
Ҳаркиро завқи дин падид ояд...

Тарки гуноҳ ба ирода ниёзманд аст

July 3, 2025

Recent News

Намояндаи СММ: Исроил дар Ғазза наслкушӣ мекунад

Намояндаи СММ: Исроил дар Ғазза наслкушӣ мекунад

July 3, 2025
Амрико таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон ҷорӣ кард

Амрико таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон ҷорӣ кард

July 3, 2025
Намози раҳбарӣ

Намоз

July 3, 2025
Ҳаркиро завқи дин падид ояд...

Тарки гуноҳ ба ирода ниёзманд аст

July 3, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Намояндаи СММ: Исроил дар Ғазза наслкушӣ мекунад

Намояндаи СММ: Исроил дар Ғазза наслкушӣ мекунад

July 3, 2025
Амрико таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон ҷорӣ кард

Амрико таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон ҷорӣ кард

July 3, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved