• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Миҳан ва Ислом

March 27, 2025
in Инсон ва инсоният
0
Истаравшанӣ

Истаравшанӣ

0
SHARES
6
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Миҳан ва Ислом

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мусалмон (манзурам, мусалмони пойбанд ба динаш аст) оё наметавонад миллатдӯст ва ё миллатсоз бошад?
Бо ин ки ин пиндор аз реша бе поя ва асос аст ва воқеиятҳо онро такзиб мекунанд, аммо чун баъзе аз азизон бар ин мақула исрор доранд, лозим дидам чанд нуктаро ёдовар шавам:

1) Ин ҳарф – ки зоҳири фиребандае дорад – вақте тавзеҳу ташреҳ шавад, мебинед муғолатае беш набудааст. Барои тавзеҳи ин матлаб, бояд ду мақула хуб шарҳ дода шавад. Яке, мақулаи “мусалмон будан”, ва дигар, мақулаи “миҳандӯст ва ё миҳансоз будан”.

“Мусалмон будан” яъне ин ки ту дорои як ҷаҳонбинӣ ва идеулужии хоссе ҳастӣ. Ва ҷаҳонбинӣ ва идеулужии мусалмон, ҳамон Ислом аст.

“Ҷаҳонбинии исломӣ” яъне як силсила “ҳаст”-ҳо, мисли “Худо ҳаст”, “Нубувват ҳақ аст”, “Охират ҳақ аст” ва ғайра… Ин “ҳастҳо” метавонанд дуруст ва саҳеҳ бошанд ва метавонанд носаҳеҳ ва нодуруст. Сиҳҳат ва дурустии онҳоро бояд ба далел исбот кард. Ва мо мусалмонон мӯътақидем, ки ақоиди мо саҳеҳ ва мутобиқ бо воқеъ аст. (Феълан дар мақоми исботи онҳо нестам, дар ҷои худаш баҳс шудааст.)

Ва аммо “идеулужии исломӣ” як силсила “бояду набояд”-ҳост, ки реша дар ҷаҳонбинии исломӣ доранд, мисли: “бояд Худоро парастиш кард”, “бояд ростгӯ буд”, “бояд содиқ ва бовафо буд”, “набояд дурӯғ гуфт”, “набояд хиёнат кард” ва ғайра… Возеҳ аст, ки ин “бояду набоядҳо” бархоста аз ҷаҳонбинии мост. Яъне, чун Худо ҳаст, бояд ӯро парастиш намуд. Ва ё чун Худо ҳаст, ӯ ба мо дастур дода, ки бояд чунину чунон бошӣ ва ғайра.

Ва аммо “миҳандӯст” будан ин аст, ки ту бояд миҳанатро дӯст дошта бошӣ, барои миҳанат заҳмат бикашӣ, барои пешрафти ҳамаҷонибаи миҳанат талош бикунӣ ва ғайра…

Пурвозеҳ аст, ки “миҳандӯстӣ” ҷаҳонбинӣ нест, балки аз мақулаи “бояд” аст. Яъне, миҳандӯстӣ масалан бароят намегӯяд, ки ҷаҳон оё Худо дорад ё надорад, ё масалан фалон матлаб ҳақ аст ё ботил?… Ин масоилро фалсафа ва ё дин мушаххас мекунанд. Ба сухани дигар, ҷаҳонбиниро фалсафа мушаххас мекунад.

Аз ин рӯ, як нафар бедин – бар фарз агар миҳандӯст ҳам бошад – бединии ӯро миҳандӯстиаш таъйин накарда, балки як фалсафа онро таъйин карда, як ҷаҳонбинӣ онро барояш таъйин карда, мисли ин ки тараф мӯътақид ба мактаби фалосифае амсоли Фейербох ва ё Ниче ва ғайра аст.

Асосан, ҷаҳонбинӣ наметавонад маҳдуд ба ҷуғрофиёи муайяне бошад. Ҳамаи “ҷаҳонбиниҳо” – чӣ динии он ва чӣ ғайридинии он — ҷаҳонӣ ҳастанд, маҳсур ба ҳадду марзи мушаххасе нестанд.

Аз ин рӯ, касе, ки мегӯяд, Ислом чун ҷаҳонӣ аст ва ба дунболи сохтани Уммат аст, на Миллат, ин одам дониста ё нодониста муғолата мекунад. Зеро бар фарз агар ӯ бедин аст, аз ӯ пурсида мешавад, оё бединии ту ношӣ аз миҳандӯстии туст? Ва ё бархоста аз як фалсафаи хоссе, ки рабте ба ҳадду марзи ҷуғрофиёии хоссе надорад?

Пас, ҳам мусалмон ва ҳам бедин, ҳар ду, ҷаҳонбиниашон ҷаҳонӣ аст, мунтаҳо яке ҷаҳонбинии динӣ дорад ва яке ҳам бединӣ. Ин рабте ба миҳандӯстӣ ва ё адами он надорад.

2) Нуктаи дуввум ин ки: банда мӯътақидам, ин Ислом аст, ки аз як инсон миҳандӯст ва миҳансози воқеӣ ва ҳақиқӣ ба бор меоварад. Зеро ҷаҳонбинии ӯ, ки Ислом аст, ба ӯ мегӯяд: “Миҳандӯстӣ аз имон аст.” Яъне ин “бояд”-ро ҷаҳонбиниаш бар ӯ таҳмил мекунад. Агар ӯ миҳандӯст ва миҳансоз аст, реша дар ҷаҳонбиниаш дорад.

Аз ин рӯ, азизон набояд муғолата кунанд.

3) Вақте одам мусалмон гардид, як силсила чизҳо барояш муқаддас мегарданд. Масалан, қиблааш барои ӯ муқаддас аст, паёмбараш барои ӯ муқаддас аст, динаш барои вай муқаддас аст ва ғайра… Албатта, қабул дорам, ки барои як фарди бедин “қадосат” маъно надорад, ӯ намефаҳмад муқаддас яъне чӣ? Ин ки як мусалмон, барои Қудс — ки нахустин қиблаи мусалмонон аст – ҳозир аст ҷонашро фидо кунад, як бедин инро намефаҳмад, барои ӯ қобили ҳазм нест. Аз ҷумлаи муқаддасот барои мусалмон ин ватан ва миҳани ӯст, сарзамини ӯст, ӯ ҳозир нест ҳатто як ваҷаб хокашро барои бегона бифурӯшад, чунонки имрӯзҳо фурӯши замин барои баъзеҳо мисли об хӯрдан гардидааст.

4) Нуктаи ахир он ки: барои миҳандӯстии тоҷики мусалмон, агар касе шоҳид бихоҳад, лутф кунад ва замони юриши болшевикҳо ба ин сарзаминро бихонад. Вақте бегона по ба сарзамини мо гузошт, ин фақат чандто мусалмон буд, ки барои дифоъ аз марзу бумаш қиём кард на дигарон. Ҳоло ин миҳадӯстон номашон шуда “босмачӣ”.

Пас, азизон лутф кунанд ва мағлата нафармоянд!

Тоҷнек

 

Tags: Миҳан ва Ислом
Previous Post

Қудси Шариф ва Шайх Аҳмад Ёсин

Next Post

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Танҳо роҳи муқобила – шинохти душман аст

Related Posts

Дарсе фаро гирифтам
Инсон ва инсоният

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Оё шумо шараф доред?
Инсон ва инсоният

Оё шумо шараф доред?

January 3, 2026
Ахлоқи некӯ
Инсон ва инсоният

Покии руҳ

January 3, 2026
Андеша
Инсон ва инсоният

Ҳар инсоне андешаманд аст

January 3, 2026
Тарсондан – зулми бузург
Инсон ва инсоният

Нодон кист?

January 3, 2026
Ҳанӯз ёд дорам
Инсон ва инсоният

Ҳикояти қозӣ ва ғулом

January 3, 2026
Next Post
Оятуллоҳ Хоманаӣ

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Танҳо роҳи муқобила – шинохти душман аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved