• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
in Инсон ва инсоният, Ниёгони гузаштаи мо
0
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

0
SHARES
24
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Достони Ғуломи Хушбахт

Мусаввараеро, ки шумо мебинед, “Ғуломи хушбахт” (“The Fortunate Slave”) номида шуда, асари тахайюлии кадом як рассоме нест. Марде, ки дар он акс ёфтааст, Айюб Сулаймон Диалло ном дошта, соли 1701 дар Сенегал дар оилаи волидайни тақводор ба дунё омада ва соли 1773 дар ҳамон ҷо фавтидааст. Истеъдоди фавқулоддаи Айюб зуд ба назар расид: ӯ ҳанӯз дар хурдсолӣ Қуръони каримро ба пуррагӣ ҳифз кард, фиқҳи исломиро дар асоси мазҳаби моликия фаро гирифт.

Айюб Сулаймон дар солҳои наврасӣ ба асорати ғуломфурӯшони африқоӣ афтода дар соли 1731 ба Амрико фиристода шуд. Ӯ бо вуҷуди он ки дар тамокузорҳои Иёлоти Мериленд кори пурмашаққатеро анҷом медод, амалҳои ҳаррӯзаи исломӣ ва ибодатро ҳаргиз тарк накард. Соҳибони хонадон ӯро таҳқир мекарданд, ҳангоми адои намоз ба сӯяш ҳар гуна чизҳои нопокро мепартофтанд. Кӯшишҳои ӯ ба қасди фирор натиҷае надоданд. Боре ӯро барои ин кор ба зиндон партофтанд.

Айюб Сулаймон дар маҳбас бо Томас Блуэт ном ҳуқуқшиноси инглис шинос шуд. Порсоию тақводорӣ, донишу хирад, ақлу заковат ва садоқати бемисле, ки ин ҷавони африқоӣ ба эътиқоди худ дошт, Блуэтро бағоят мутаассир кард. Баъдтар ҳуқуқшиноси мазкур дар “Баъзе ёддоштҳои марбут ба касбам” ном китоби худ дар бораи Айюб Сулаймон чунин менависад:

“Ӯ соҳиби қувваи ҳофизаи нотакроре буд; дар понздаҳсолагӣ Қуръонро азёд ҳарф ба ҳарф мегуфт…”

Бо тақозои тақдир номае, ки Айюб аз маҳбас ба падари худ навишта буд, ба Англия мерасад. Ин мактуби ба забони арабӣ навишташуда ба дасти асосгузори мустамликаи Ҷорҷияи ИМА Ҷеймс Эдвард меафтад ва ӯ барои тарҷума кардани он ба Оксфорд роҳ пеш мегирад.

Ҷеймс Эдвард аз сабки нигориши нома, услуби баён, ҳусни хат ва ниҳоят мазмуни мактуб, ки дар он Айюб ранҷу азиятҳои худро тасвир кардааст, хеле ба ҳаяҷон меояд. Ӯ бо мақсади ҳарчи зудтар вохӯрдан бо ҳофизи ҷавони Қуръон Айюб Сулаймонро аз соҳиби пештарааш мехарад ва чун инсони озод ӯро ба Англия даъват мекунад.

Айюб соли 1733 ба Англия расида омада, дар он ҷо чун ашрофзодагони воломақом пазироӣ мегардад. Ҳарчанд он замон гуфтугӯи сияҳпӯстон бо аҳолии маҳаллӣ мамнӯъ буд, барои Айюб ин қоида амал намекард. Ба африқоиён бо назари паст нигаристан, онҳоро ақлан заиф донистан дар ин ҷо ба як ҳақиқати одие табдил ёфта буд. Мубоҳисаҳои Айюб Сулаймон бо рӯҳониёни насронӣ ва яҳудӣ ба зудӣ дар Лондон ба тамошои аҷибе табдил ёфт.

Айюб Сулаймон дар маърузаю мавъизаҳои худ баробар офарида шудани кулли инсонҳо, ҷавҳари эътиқод будани одамият, эҳтиёҷи аслии ҷамъият будани адолатро таъкид мекард. Дар доираҳои илмӣ маърифати динии ин ҷавонмарди мусалмон, тақводорию парҳезгории ӯ, далелҳои муътамади илмие, ки дар ҷараёни мубоҳисаҳо ӯ пеш меронд, мавриди ҳурмату эътибор қарор мегирифтанд. Ҷорҷ Эдвард зери таъсири ӯ чанд муддат дар Ҷорҷия ғуломдориро ҳам бекор кард.

Сурати маъруфи Айюб Сулаймон соли 1734 пеш аз бозгашти ӯ ба ватан аз ҷониби рассом Уилям Ҳоар кашида шудааст. Мусаввара бо инъикоси моҳиронаи рӯшноиву сояҳо басо табииву зинда менамояд. Аммо ҷолибияти сурат танҳо дар ин нест.

Ба суратнигораҳое, ки дар асри ҳаждаҳум офарида шудаанду дар он африқоиён низ акс ёфтаанд, агар бингаред, дар қиёс бо сафедпӯстон ғайритабиӣ ва нафратангез тасвир ёфтани онҳоро мебинед. Нобаробарии ирқиву нажодӣ ва таҳқиру бадбинӣ дар санъати рассомии он замон воқеан ҳам ба мушоҳида мерасид.

Аммо ба сурати Айюб Сулаймон назар андозед: салобати ӯ ва нигоҳи ӯ ҳар гуна ашрофзодаи инглисро низ моту мабҳут мекунад. Эътиқоди қавии қалбии ӯ дар сурат низ намоён аст. Ин мусаввара нахустин амали санъати рассомист, ки дар он мусалмони африқоӣ, ғуломи собиқ чун ашрофзодагони инглис тасвир ёфтааст. Боз як ҷиҳати ба худ хоси ин мусаввара дар қаду қомати мавзун ва қатъияту бовармандие аст, ки дар чашмони Айюб Сулаймон акс ёфтаанд.

Акнун ба ҷиҳати аз ҳама хоси ин сурат – ҷилде, ки дар гардани Айюб Сулаймон овехта шудааст, эътибор медиҳем. Дар дохили ин ҷилд нусхаи Қуръони карим, ки ӯ бо дасти худ ва аз ёдкарди худ навишта буд, ҳифз карда мешуд. Айюб ба онҳое, ки сурати ӯро кашидан мехостанд, ду шарт гузошта буд. Шарти якум ин буд, ки вай бояд бо либоси одии миллии анъанавӣ акс биёбад, шарти дигар он буд, ки дар мусаввара ӯ бояд якҷоя бо китоби муқаддас тасвир карда шавад. Ҳамин тавр, нахустин бор дар санъати тасвирии Ғарб мусаввараи марди мусалмон бо Қуръон офарида шуд.

Қатъи назар аз азобу машаққатҳои равонию ҷисмонии дусола, таҳқиру озорҳои зиёд ин ҷавонмарди африқоӣ ҳувият, эътиқод ва ору номуси худро сарбаландона ҳифз кард. Дар навбати худ маҳз ҳамин эътиқод, илму дониш ва амалҳои нек саранҷом ӯро наҷот доданд.

Дорои хотираи беҳамто будани Айюб Сулаймон, ёд кардани ӯ Қуръонро, ба ғуломӣ фурӯхта шудану бурдани ӯ, зиндонӣ шудану бо ҳуқуқшинос вохӯрдани вай, ғайричашмдошт ба дасти ашрофзодаи бонуфузи инглис афтодани мактуби ӯ, озод гардидану қадр ёфтани ӯ… — ҳамаи ин занҷираи пайвастаю пурхосияти ҳикмати бузурги илоҳист. Тавассути он Офаридгор ба олами Ғарб чӣ будани ислом ва ба кадом андоза дини ҳақ будани онро нишон додааст. Касоне, ки ба он рӯ овардаанд, дар ду дунё ҳам хор нахоҳанд шуд…

Таҳияи Шуҳрат Сатторов

Аз саҳифаи BekzodTurayev

Аз забони ӯзбекӣ тарҷумаи Т. ҲАСРАТОВ

Tags: Мусаввараи Ғуломи Хушбахт
Previous Post

Давронҳо ва одоту русум

Related Posts

Давронҳо ва одоту русум
Ниёгони гузаштаи мо

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам
Инсон ва инсоният

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон
Инсон ва инсоният

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025
муваффақият
Инсон ва инсоният

Пул ё ҳадаф

April 26, 2025
Рақобат ё ҳамкорӣ
Инсон ва инсоният

Рақобат ё ҳамкорӣ

April 26, 2025
История Афганистана
Ниёгони гузаштаи мо

Тоҷикони Хуросон – 3

April 26, 2025

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved