• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Нимнигоҳе ба мактаби экзистенсиализм

May 25, 2025
in Инсон ва инсоният
0
экзистенсиализм

экзистенсиализм

0
SHARES
13
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Нимнигоҳе ба мактаби экзистенсиализм

Экзистенсиализм (Existentialism) мактабе фалсафӣ аст, ки инсонро дар маркази ҳастӣ қарор медиҳад, аммо на ба унвони мавҷуде тасбитшуда ва маънодор, балки ба унвони мавҷуде танҳо, озод ва масъул, ки дар ҷаҳони бемаъно раҳо шудааст ва бояд худ маъно биёфаринад.

Экзистенсиалистҳо бовар доранд, ки инсон “ҳастӣ”-ашро ибтидо таҷриба мекунад, сипас худаш “моҳият”-ашро месозад, на баръакс. Ба баёни соддатар, инсон нахуст “ҳаст”, сипас интихоб мекунад, амал мекунад ва аз хилоли ин аъмол, худашро таъриф мекунад.

Ин мактаб дар қарни 20-ум бавежа пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум ба шиддат матраҳ шуд ва дар вокуниш ба фаҷойеъи ҷанг рушд кард. Экзистенсиализм, ҳам дар фалсафа ва ҳам дар адабиёт ҳузури пурранг дорад.

Жан-Пол Сартр, яке аз муҳимтарин намояндагони ин ҷараён, дар ҷумлае маъруф мегӯяд: “Инсон маҳкум ба озодӣ аст”. Яъне чун Худое нест, ки сарнавишт ё арзишҳоро таъйин карда бошад, инсон худ бояд озодона тасмим бигирад ва масъули паёмадҳои интихобҳояш бошад. Сартр бар ин бовар буд, ки мо дар ҷаҳони бехудо зиндагӣ мекунем ва ба ҳамин далел, масъулияти маъно бахшидан ба зиндагӣ, фақат бар дӯши худи мост.

Дигар файласуфони муҳимми ин мактаб иборатанд аз: Сёрен Керкегор (падари экзистенсиализми масеҳӣ), Фридрих Ничше (ҳарчанд худро экзистентсиалист намедонист, аммо бар бисёре таъсир гузошт), Мартин Хайдеггер, Альбер Камю (ки бештар аз вожаи “пучӣ” истифода мекард) ва Симона де Бовуар.

Дар адабиёт, экзистенсиализм дар осори Кафки, Достоевский, Беккет ва Сартр қобили радёбӣ аст. Дар ин мутун, шахсиятҳо маъмулан бо бӯҳрони ҳувият, озодӣ, пучӣ ва марг дасту панҷа нарм мекунанд.

Экзистенсиализм, дар ниҳоят, беш аз он ки маҷмӯаъе аз омӯзаҳои мунсаҷим бошад, навъе зистан ва андешидан аст. Равишест барои мувоҷеҳа бо изтироб, танҳоӣ, масъулият ва марг. Масире, ки инсонро вомедорад, то на аз сари одат, балки огоҳона интихоб кунад. Ҳатто дар ҷаҳони бемаъно.

Дуктур Абдулкарими Суруш, мутафаккири эронӣ, экзистенсиализмро ба ду гуна тақсим мекунад: экзистенсиализми муваҳҳид ва Худобовар, ки аз ҷумлаи намояндагони он Керкегор аст, ки таъбири “Иброҳим, падари имон” аз ӯст ва дигаре Худонобовар, ки намояндаи барҷастаи он Жан-Пол Сартр мебошад.

(istaravshani.com)

Тоҷнек

Source: Нимнигоҳе ба мактаби экзистенсиализм
Via: Нимнигоҳе ба мактаби экзистенсиализм
Tags: Нимнигоҳе ба мактаби экзистенсиализм
Previous Post

Гиристам

Next Post

Хотироти аҷиб аз Боқӣ Раҳимзода

Related Posts

Арзиши инсон
Инсон ва инсоният

Арзиши инсон

September 5, 2025
Нагузоред ҳамон тавр бимонад
Инсон ва инсоният

Нагузоред ҳамон тавр бимонад

September 5, 2025
Рамзи муваффақият ва комёбӣ
Инсон ва инсоният

Хатарноктар аз нодонӣ

September 5, 2025
Пулу сарват
Инсон ва инсоният

Пулу сарват мастиовар аст

September 5, 2025
Маънои хушбахтӣ
Инсон ва инсоният

Маънои хушбахтӣ

September 5, 2025
Ҳаркиро завқи дин падид ояд...
Инсон ва инсоният

Охири ҳамоқат

September 5, 2025
Next Post
Хотироти аҷиб аз Боқӣ Раҳимзода

Хотироти аҷиб аз Боқӣ Раҳимзода

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Арзиши инсон

Арзиши инсон

September 5, 2025
Нагузоред ҳамон тавр бимонад

Нагузоред ҳамон тавр бимонад

September 5, 2025
Ваҳдат - омили иззату шавкат ва қудрати умматҳо

Ақоиди дур аз тардиду ибҳом

September 5, 2025
Чанд асли исломӣ

Ислом фарогир хоҳад шуд…

September 5, 2025

Recent News

Арзиши инсон

Арзиши инсон

September 5, 2025
Нагузоред ҳамон тавр бимонад

Нагузоред ҳамон тавр бимонад

September 5, 2025
Ваҳдат - омили иззату шавкат ва қудрати умматҳо

Ақоиди дур аз тардиду ибҳом

September 5, 2025
Чанд асли исломӣ

Ислом фарогир хоҳад шуд…

September 5, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Арзиши инсон

Арзиши инсон

September 5, 2025
Нагузоред ҳамон тавр бимонад

Нагузоред ҳамон тавр бимонад

September 5, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved