• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Достони ҳузнангези як хонаводаи тоҷик

June 10, 2025
in Инсон ва инсоният
0
Хуршеда Отахонова

Хуршеда Отахонова

0
SHARES
6
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Достони ҳузнангези як хонаводаи тоҷик

Мардро дарде агар бошад, хуш аст,

Дарди бедардӣ давояш оташ аст

Маҷзуби Табрезӣ

Дар рӯзҳои таътил, бо яке аз дӯстони фозилу китобхон перомуни ҳаводиси даҳшатбори солҳои сиюм дар кишвари Шӯроҳо ва инъикоси он дар адабиёти таърихӣ суҳбат мекардем. Хотираҳои ду тан аз қурбониёни таъқибот аз миёни тоҷикон – яке профессори Донишгоҳ ва дигаре муаллими фидокори музофотиро барои ин дӯст ҳикоят кардам. Гуфтам, ки ду нафар чунон ҳаводисро навишта буданд, ки мӯй ба мӯй ба ҳам монанд буд. Чун ҳар ду қаҳрамон дар он замон хеле ҷавон буданд; яке 5 ва дигар 12 сол доштанд. Ҳар ду ҳам бо он ки ноболиғ буданд, ҳамчун “фарзанди душмани халқ” ба мусибату маҳрумиятҳои фарвон гирифтор шуданд. Ҳар ду дар як сол ва ба як макон табъид (ё тавре худашон навиштаанд “бадарға”) гаштаанд. Ҳар ду ҳам волидайнро дар диёри ғурбат аз даст додаанд. Доғи “кулакбача” солҳо пас аз ин ҳодиса низ бар рӯйи аъзои ин хонаводаҳо гузошта шуда, онҳо то поёни умр ин ҳаводисро аз ёд фаромӯш накарданд. Достони ҳузновари ду фарзанди Тоҷикистонро, ки воқеан ҳам “пур аз оби чашм”буд, намешуд бе риққати қалбу оби дида мутолиа кард.

Чун фишурдаи ду навиштаро баён кардам, ин дӯст китоби хурд, вале бомуҳтавову оканда аз дарду ғами донишманди тоҷик, академики АУ ҶТ Хуршеда Отахонова таҳти унвони “Дил мехоҳад, ки гӯяму гирм”-ро ном бурду, онро дар ихтиёри ман гузошт. Ҳарчанд бо баъзе аз осори ин бонуи донишвар ошноӣ доштам, вале аз вуҷуди китоби хотироти ӯ ва сарнавишти фоҷеабори хонаводаи онҳо бехабар будам. Хулоса, ин китобро аз даст нагузошта, дар чанд соат хондам ва ҳамон замон ба ин дӯстам паём фиристодаму изҳори сипос кардам.

Падар ва амаки Хуршеда Отахонова бо он ки аз ҷонибдорони режими Шӯравӣ буданду солҳо барои истиқрори он талош варзиданд, соли 1937 бо буҳтон гирифтори банду зиндон шуда, яке беному нишон нопадид гашт ва дигаре солҳо умри хешро паси милаҳои зиндон сипарӣ кард. Хуршед Отахонова менависад, ки вақте падарам соли 1944 аз зиндон озод шуду ба зодгоҳаш Ӯротеппа (Истаравшан) омад, ман ки чеҳраи зебову дилкаши ӯро дар хотир доштам, боварам намешуд, ки ин марди ҷулҳиндапӯши рангаш зардшудаву чашмонаш чуқур рафта падари ман бошад. Аммо ин падари сода мисли ҳазорони ҷабрдидаи дигар бовар дошт, ки раҳбарияти ҳизбу давлату ҳукумат аз сарнавишти ӯ бехабаранд ва ҳатман рӯзе вайро сафед ва ба вазифааш барқарор мекунанд. Ин орзуро ин марди номурод соли 1952 ба гӯр мебарад.

Хуршеда вақте махфиёна розҳои падар ба модараш аз рӯзҳои душвору ваҳшатбори зиндону шиканҷаҳои гушношунидро мешунавад, бовараш намешавад, ки дар “беҳтарин давлати рӯйи замин” инсонро чунон азият мекунанд, ки гуноҳи накардаашро ба дӯш мегирад, то аз ин азоби алим бираҳад. Хуршеда илова бар он ки солҳои аз дидори падар маҳрум гардид, замони пешбарӣ ба стипендияи ба номи Сталин, хоҳиши пайвастан ба сафи ҳизби коммунист, таҳсил дар аспирантура ва ҷустуҷӯйи кор аз ин ки ӯ фарзанди “душмани халқ” аст, ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид. Модари ӯро низ ҳамсояҳо каҷ-каҷ менигаристанд ва ҳатто боре дастархону оше ки ба манзили ҳамсояи туйдор фиристода буд, баргардонданд, ки “ош лозим нест”, аз тарси он ки “касе зани душмани халқро дар маърака бинад, вайҳоба гап мерасад”. Муаллиф бо алам хулоса мекунад, ки “баъд аз ин модарам ба ҳар хел маърака намерафт”.

Нуқтаи кулминатсионии ин навишта ба соли 1957 рост меояд. Зеро як сол пас аз ифшои ҷиноятҳои Сталину ҳаммаслаконаш дар анҷумани ХХ-и ҳизб (1956), Додгоҳи олии ҶШС Тоҷикистон падари муаллиф – Отахон Мусохоҷаевро бегуноҳ эълон кард. Модари Хуршеда рӯйи ҳавлӣ баромада бо шеваи худ (Истаравшан) чунин нола мекунад: “Воҳ хонумонам, хонумони ба ҳасрату армонам, хонумонам. Хонумони рӯз дида, рӯшноӣ надидагим, хонумонам. Хонумони дастархони мурод наандохтагим хоунмонам. Хонумони мана ҳавлипою ятимпой карда рафтагим, хонумонам. Хонумони ба кулфатҳои дунё адо шудагим хонумонам. Кошки зинда мебудеду ин рӯзро медидед, хонумонам. Акнун ман ин хатти сафеда бар сарам занам хонумонам …..”. Нолае ки бо гузашти 70 сол (ва шояд баъди 700 соли дигар ҳам) дили дардошнову мунсифро решу пора мекунад.

Хотироти академик Хуршеда Отахонова бо ҳама фишурдагиву мухтасарбаёнӣ, дар мисоли сарнавишти як хонавода таърихи замони пур аз фитнаву ҷафои тоҷикон дар қарни бистумро ба тасвир мекашад. Навиштаест, ки ба хондану андешидан (!) меарзад. Афсусу дареғ, ки дар қиёс бо рушанфикрони Русия, Украина, Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон хотираҳои ба ин давраи ваҳшатноки таърих бахшидаи мо ночиз аст. Банда бовар дорам, ки дар замони ҳуҷуми юнониҳо, арабҳо ва муғулҳо низ даҳҳо фарзандони миллати мо ёддошту дардномаҳое нигошта, дар он саҳифаҳои фоҷеабори шикасти давлату парешонии қавмро мунъакис карда буданд. Аммо ин навиштаҳо то замони мо нарасида, огоҳии мо аз ин давраҳо танҳо бар пояи гузориши фотеҳону ҷонибдорону хидматгузонрони онҳо (Арриан, Плутарх, Табарӣ, Болозурӣ, Масъудӣ, Ҷувайнӣ, Рашидуддин, Терентев, М. Эркаев) аст. Ҳар хулосае ки мо аз давраҳо мекунем, бардоштҳоест, ки аз хондани байни сутур ойиди мо мешавад.

Даҳҳо паём дорад хотироти мухтасари бонуи донишманди тоҷик, (ёдаш гиромӣ бод), ки муҳимтаринаш инҳоянд:

1.Дар замони тираву тори таъқибот, ки бист сол идома ёфт, (1919-1939), беҳтарин фарзандони миллат талаф шуданд. Афроде ки халлоқу корофарин ва кушову пурталош буданд. Яъне, тавре ки ба ҳама ҳукуматҳои бегонаи таърихи мо хосс аст, нухбаҳову баргузидаҳоро гулчин мекунаду майдонро барои ҷавлони андешаҳои хоми худ пок месозад.

2.Ҳукумате ки бо забону фарҳанг ва ойину суннати як мардум бегона бошад, ба ҳарими фарҳангу хатту забону ойини ин мардум таҷовуз хоҳад кард. Ҳамон тавре ки мо дар таърихи ҳафтодсолаамон шоҳиди ин ситам шудем.

  1. Бештари афроди ҷомеа ҳамранги ҷамоатанд ва аз ашхосе ки як режим ба ситаму ҷафо ва ноҳаққ маҳкумашон мекунад, худро канор мегиранд, ӯро танҳо мегузоранд ва носазо ҳам мегӯянд. Аммо чӣ басо ки фарзандони ҳамин афрод панҷоҳ сол баъд номи ин “сиёҳшуда” ва “душмани халқ”-ро бо ифтихор ба ёд овардаву шояд ҳам аз аъмоли волидайни худ шарм доранд.

4.Чӣ неъмати бузургест истиқлол, агар онро қадр донему аз хони густардааш баҳравар шавем, фарзандони миллатро аз рӯзи гузаштааш огоҳ кунем, аз сабақи таърих панд гирем, ба ҳамбастагиву якдилии миллӣ таъкид варзему онро ниҳодина созем ва муҳимтар аз ҳама бо чангу дандон аз арзишҳое чун истиқлол, озодӣ ва забону фарҳанги миллӣ ҳимоят кунем.

 

Манбаъ: Фесбук, сафҳаи шахсии Сайфулло Муллоҷон

Тоҷнек

Source: Достони ҳузнангези як хонаводаи тоҷик
Via: Достони ҳузнангези як хонаводаи тоҷик
Tags: Достони ҳузнангези як хонаводаи тоҷик
Previous Post

Аҳмади Дониш – Ҳакими Бухоро

Next Post

Ренусонси исломӣ

Related Posts

Хайру саодат
Инсон ва инсоният

Хайру саодат

June 10, 2025
Ҷамъоварии ҳезум
Инсон ва инсоният

Ҷамъоварии ҳезум

June 10, 2025
Ҳикояти ҷанги ҳаким
Инсон ва инсоният

Посухи ҳаким

June 10, 2025
Ду дӯст
Инсон ва инсоният

Ҳикояти ду дӯст

June 10, 2025
Касоне, ки таърихро сохтаанд
Инсон ва инсоният

Касоне, ки таърихро сохтаанд

June 8, 2025
Одоби муҳовира ва сухан гуфтан
Инсон ва инсоният

Одоби муҳовира ва сухан гуфтан дар каломи Хоҷа Насируддин

June 8, 2025
Next Post
Ренусонси исломӣ

Ренусонси исломӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҷамъоварии ҳезум

Ҷамъоварии ҳезум

June 10, 2025
Муҳаммад

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025

Recent News

Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҷамъоварии ҳезум

Ҷамъоварии ҳезум

June 10, 2025
Муҳаммад

Андарзе аз Расули Акрам(с)

June 10, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Хайру саодат

Хайру саодат

June 10, 2025
Бандаи шукргузоре бошам

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved