Ҳикояти ду дӯст
Достонҳои омӯзанда
Фарде аз дӯсташ бобати тӯҳмате, ки ба ӯ зада буд, ҳалолият талабид.
Дӯсташ гуфт: Ба як шарт қабул мекунам, ки як болишти парро канори хиёбон рӯи даст бигирӣ ва ҳангоме, ки бод мевазад, онро бо ханҷар пора кунӣ ва дар маърази бод биистӣ, то бод тамоми парҳоро бибарад.
Он шахс омад ва гуфт: Ин корро анҷом додам.
Дӯсташ гуфт: Ҳоло бирав ва парҳоро ҷамъ кун.
Вай рафт ва баъд аз муддате омад ва гуфт: Ҳарчи гаштам ва аз дигарон ҳам кӯмак гирифтам, ҳатто ниме аз парҳоро ҳам наёфтам.
Дӯсташ гуфт: Тӯҳмат низ монанди ин парҳо пахш мешавад ва қобили ҷамъ кардан ва ҷуброн кардан нест.
Тоҷнек