ҲНИТ; аз ормони Фаластин то сукут дар муқобили таҷовузоти Исроил ба Ғазза ва Эрон
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намоди исломгароӣ дар Осиёи Марказӣ, бо сукут дар қиболи таҷовузоти ахири Исроил ва ҳамла ба Эрон, аз мавозеъи пешини худ фосила гирифта ва ҳувияти исломиашро зери суол бурдааст.
Мақолае дар хабаргузории эронии “Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон” (YJC)
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ҷараёноти исломгаро дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Барои як давра аз даҳаи 1990 то соли 2015 ин ҳизб танҳо ҷараёни исломгарои сиёсии қонунӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд. Дар айни ҳол ба далели пайвандҳои фарҳангӣ ва ҳамчунин савобиқи иртиботот бо Эрон, пас аз истиқлоли Тоҷикистон ин ҷараёни исломгаро наздик ба Эрон талаққӣ мешуд. Бо ин ҳол мавозеъи ин ҳизб нисбат ба мавзӯъи Фаластин ва таҷовузот ва наслкушии режими саҳюнистӣ баъд аз амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” ва дар ниҳоят таҷовуз ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, мавриди баҳс қарор гирифтааст.
Бунёнҳои исломгароӣ
Шаклгирии ҳастаҳои аввалияи ин ҳизб ба пеш аз фурӯпошии Шӯравӣ ва дар даврони хафақони шадиди коммунизм буд. Бар асоси бархе рӯйкардҳо ва дидгоҳҳои таърихӣ, се ҷараёни умдаи исломгароӣ бар рӯйкардҳои ин ҳаракат ё наҳзат ва ҳамчунин шаклгирии он таъсир доштанд:
Яке аз ин ҷараёнҳо, Ихвонулмуслимин дар Миср ва ба таври куллӣ ҷаҳони ислом буд, ки дар даҳаи 1960 ва 1970 мутаъоқиби набардҳои аъроб алайҳи режими саҳюнистӣ ва пештар ба далели рӯйкардҳои зидди истеъморӣ, ҷойгоҳе вежа дар ҷаҳони ислом, бахусус аҳли суннат ёфт.
Ҷараёни таъсиргузори дуввум бар идеяҳо ва афкори раҳбарони муассиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Инқилоби Исломӣ дар Эрон буд, ки бавежа ба далели моҳияти зидди коммунистӣ, диндорона ва мубтанӣ бар забони порсӣ ва дарбар доштани вуҷуҳи зиёде аз тамаддуни эронӣ, тавонист ба сатҳи қобили таваҷҷӯҳе аз таъсиргузорӣ бар Наҳзати Исломии Тоҷикистон бирасад.
Омезаи ин ду ҷараёни таъсиргузори исломӣ дар канори ҷараёни севвум, яъне решаҳо ва бистарҳои бумии исломгароӣ дар Осиёи Марказӣ ба воситаи сайри таърихӣ-фарҳангии тасаввуф ва ҷунбишҳои сӯфия назири шайх Наҷмуддини Кубро бахши дигаре аз ҷаҳонбинии ин ҳизбро ташкил медод.
Ин рӯйкардҳо дар хилоли амалкарди муҷоҳидини Осиёи Марказӣ алайҳи ишғоли Афғонистон тавассути артиши Сурхи Шӯравӣ ва сипас дар хилоли ҷанги дохилӣ такомул ёфт ва пас аз музокироти сулҳ ва имзои тавофуқномаи сулҳ тасбит шуд.
Пас аз ин буд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба танҳо ҷараёни исломгарои қонунӣ дар Осиёи Марказӣ табдил шуд, ки мавқеияти мунҳасир ба фард маҳсуб мешуд.
Ҳамроҳӣ бо ормони Фаластин
Ба таври куллӣ, Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ камтарин ва пойинтарин сатҳи равобит бо режими саҳюнистиро дар тӯли се даҳа пас аз истиқлол доштааст. Бахши зиёде аз ин мавзеъ ва рӯйкард ба далели фаъолиятҳои исломгароён ва бавежа Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд.
Ҳизби наҳзати исломӣ дар давраи фаъолияти худ дар Тоҷикистон, ҳар сола барномаҳои вежае дар қолаби мизгирд ва таҷаммӯъот дар ҳимоят аз ормони Фаластин баргузор мекард. Дар айни ҳол, дар умдаи рӯйдодҳои марбут ба Фаластин назири таҳоҷуми режими саҳюнистӣ ба Ғазза дар соли 2008 ин ҳизб таҷаммӯъоти эътирозӣ баргузор мекард ва баёнияҳое алайҳи таҷовузи режими саҳюнистӣ содир мекард. Ҳатто ин ҳизб дар соли 2009 тавонист як кампини ҷамъоварии кӯмак баргузор карда ва маболиғи қобили таваҷҷӯҳеро дар қолаби кӯмакҳои мардумӣ ба Фаластин ирсол мекард.
Ин иқдомот дар ҳоле сурат мегирифт, ки фишорҳое бар ин гурӯҳ буд ва баъдтар шуморе аз аъзои ин ҳизб, ки дар ҳавзаи Фаластин фаъолият мекарданд дастгир шуданд. Абдулқаҳҳори Давлат, аз аъзои аршади ин ҳизб ва намояндаи раиси Ҳизби наҳзат дар умури Фаластин буд, ки тавассути давлати Тоҷикистон дастгир ва зиндонӣ шуд.
Ин мавозеъ ҳатто дар давраи пас аз мамнӯъияти фаъолият дар Тоҷикистон ва оғози фаъолияти раҳбарон ва аъзои ин ҳизб дар Урупо низ тадовум ёфт. Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2017 бо интишори баёниее расман иқдоми давлати Дунолд Тромп барои интиқоли сафоратхонаи Омрико дар сарзаминҳои ишғолӣ ба Байтулмуқаддасро маҳкум кард. Дар ин баёния Ҳизби наҳзати исломӣ зимни маҳкумияти шадиди ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти Фаластин, ин иқдомро яктарафа, носанҷида ва хилофи қавонини байналмилалӣ хонда буд.
Сукут муқобили таҷовузоти ҷадиди режими саҳюнистӣ
Ин мавозеъ дар ҳоле аз сӯйи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони як ҷараёни исломгаро матраҳ шуда буд, ки дар тӯли 3 соли ахир шоҳиди як сукути нисбӣ дар мавозеъ ва рӯйкардҳои ин ҳизб будаем.
Дар ҳоле, ки тамоми ҷаҳон ва ҳатто Урупо ва Ғарб низ баъд аз амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” ва наслкушии густардаи фаластиниён дар Ғазза, эътирозоти шадидеро нисбат ба режими саҳюнистӣ матраҳ карданд, дар ин боза ин ҳизб мавзеъи мушаххас ва шаффофе нисбат ба ин мавзӯъ иттихоз накардааст.
Ин дар ҳолест, ки ин ҳизб ба вузуҳ дар ҷанги Укройн аз тарафи Ғарб ҳимоят карда ва ба таври расмӣ дар нишасти мухолифини Русия ҳозир шуд.
Дар ҳоле, ки ин ҳизб паёмҳое пас аз шаҳодати шаҳид Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳ баёнияи таслияти расмӣ дар сатҳи ҳизб ва эътилофи Паймони Миллӣ (ПМТ) ва ба сурати муҷаззо тавассути раҳбари ин ҳизб содир кард ва ҳатто пештар бо интишори паёмҳое ҳамалоти теруристӣ дар Шоҳчароғро низ маҳкум карда буд, дар мавзӯъи таҷовузи ахири режими саҳюнистӣ шоҳиди сукути комили он будем.
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон танҳо давлати Осиёи Марказӣ буд, ки сареҳан ҳамалоти режими саҳюнистӣ ва Омрико ба Эронро маҳкум кард ва дар баданаи мардум ва ҷомеаи нухбагони Тоҷикистон аъамм аз руҳониюн, хонандагон, ҳунармандон, нависандагон ва адибон ва ҳатто варзишкорон ва хабарнигорон низ паёмҳои мутааддиде дар ҳимоят аз Эронро шоҳид будем.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, дар вокуниш ба ин мавзӯъ изҳор дошт, ки аз мавзеъи шахсӣ пешниҳоди маҳкумияти таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Эронро матраҳ кардааст, бо ин ҳол дар Риёсати олии ин ҳизб тасмим ба адами судури ҳеч баёнияе дар ин замина гирифтааст.
Ӯ (Кабирӣ) ин мавзеъро дар ростои “манофеъи сиёсии ҳизб” унвон кардааст ва тасреҳ мекунад, ки ин ҳизб на масъули манофеъи уммати исломӣ аст, на Ҷумҳурии Исломии Эрон ва на ҳатто масъули манофеъи миллати тоҷик, балки тамоми тасмимотро мубтанӣ бар манофеъи ҳизб иттихоз мекунад.
Фарҷом
Воқеият он аст, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба тадриҷ як рӯйкарди мубтанӣ бар фосила гирифтан аз мавозеъи исломгароиро дар давраи фаъолият дар Урупо дар пеш гирифтааст. Ин мавзеъ дар канори як рӯйкарди ғарбгароии муфрит, ки зуҳури онро дар мавзӯъи Укройн шоҳид будем, боис шуда, то чунин мавозеъе ба унвони як “манфиата сиёсии кӯтоҳмуддат” ҷилва кунад, ҳол он ки манфиати ҳаётӣ ва вуҷудии ин ҳизб, ҳифзи “ҳувият”, “таърихча” ва бунёнҳои маърифатӣ ва ташкилотии он дар “исломгароӣ” аст.
Таърифи ин манфиати сиёсӣ дар қолаби “бақо” дар шароите, ки ҳувияти исломии ин ҳизб ба тадриҷ ба далели ихтилофи назарҳои сиёсӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳимоятҳои машрути Ғарб рӯ ба измиҳлол гузордааст, беш аз пеш зарфиятҳои ин ҳизбро маҳдуд карда ва метавонад бақои онро таҳдид кунад.
Дар мавзӯе ҳамчун таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки тақрибан бо иттифоқи тамоми ҷараёноти ҷаҳони ислом ҳатто Ихвонулмуслимин ва кишварҳои арабӣ ва ҷараёноти салафӣ онро маҳкум карданд, мавзеъи мутафовит ва ҳадафманди ин ҳизб дар сукут, омиле барои иншиқоқи бештари он бо ҷаҳони ислом маҳсуб мешавад.
(yjc.ir)
Тоҷнек