Саломати равон
Сабки зиндагӣ
Равоншиносон мегӯянд:
Ҳар калима ва ҳар ҷумлае, ки бо худат мегӯӣ, мустақиман рӯи эҳсосот, афкор ва ҳатто рафторат таъсир мегузорад.
Агар бо худат бо меҳрубонӣ, эҳтиром ва умед сӯҳбат кунӣ, зеҳнат ором мешавад ва қалбат неру мегирад.
Бо худат душман набош, балки наздиктарин, дилсӯзтарин ва самимитарин дӯстат бош.
Бо худат ҳамон тавр ҳарф бизан, ки бо як азизи дӯстдоштанӣ ва арзишманд сӯҳбат мекунӣ.
Нагузор ҷумалоти манфӣ ба руҳат осеб бизанад.
Ҳар рӯз ба худат бигӯ:
Ман арзишмандам. Метавонам. Ман тавоноӣ дорам.
Ёд дошта бош:
Хуб сӯҳбат кардан бо худ, на ғурур аст ва на худхоҳӣ, балки ин асоси саломатии равон аст.
Тоҷнек