• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Хусусиёти сиёсатмадори муваффақ

July 18, 2025
in Инсон ва инсоният
0
Яъқуб Лайси Саффорӣ, посдори забони ниёгон
0
SHARES
16
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Хусусиёти сиёсатмадори муваффақ

Нигоҳе ба торих

Мутолиаи сира ва торихи шахсиятҳои муваффақи торих – чӣ чеҳраҳои мусбат ва чӣ манфӣ — ба инсон хеле чизҳоро меомӯзад. Яке аз ин чеҳраҳо, Искандари Мақдунӣ аст ва дигаре Чингизхон. Бе тардид, ҳар ду чеҳраи манфӣ ҳастанд, бавижа нисбат ба мо порсизабонон, ки чӣ балоҳое ба сари ниёконамон, ки наёварда ин ду шахсият.

Ҳол, фориғ аз ин ки ҳар ду чеҳраи манфӣ ҳастанд, вале дар кори худ муваффақ буданд. Шояд бисёриҳо фикр кунанд, ки рози муваффақияти ин ду чеҳра, ки дар як муддати кӯтоҳи замонӣ бар сеяке аз дунё тасаллут ёфтанд, фақат ба ин буда, ки хуб ҷангидаанд ва артиши нерӯманде доштаанд, аммо ин хатост. Ҳеч сиёсатмадор ва кишваргушое дар торих нест, ки фақат бо зӯри бозуву нерӯ муваффақ шуда бошад.

Мутолиаи сира ва торихи ҳар ду нишон медиҳад, ки аввалан, ҳар дуяшон дорои ҳиммате баланд будаанд. Вақте Искандар дар ибтидои кор, ба атрофиёнаш мегӯяд, ман мехоҳам тамоми дунёро тасхир намоям, ба ӯ механдиданд, аммо ӯ бо як итминони комил мегуфт, ман дунёро тасхир хоҳам кард, ва ин дар ҳолест, ки аз падараш Филипп ҷуз як артиши заъиф боқӣ намонда буд. Чингизхон ҳам дар ибтидои кораш чунин буд. Ҳиммати баланд доштан хеле муҳим аст. Агар инсон барои анҷоми як кор, муҳкам камари ҳиммат бибандад ва ба ҳадафи худ имон дошта ва кӯшиш кунад, ҳатман ба ҳадафаш мерасад.

Дуввумин чизе, ки ҳар ду доштанд, ин ҳусни тадбир дар сиёсат буд. Ҳар ду, дар ибтидои кор, мардуми пароканда ва мутафарриқро муттаҳид карданд, барои онҳо умед ва имон бахшиданд. Атрофиёни ҳар ду, беш аз ин ки ба худи онҳо вафодор бошанд, ба аҳдофи онҳо вафодор буданд ва ба аҳдофи онҳо имон доштанд. Аз ҳамин ҷост, ки то пойи марг меҷангиданд ва меистоданд. Лаҳзае тардидро дар худ роҳ намедоданд. Бештарин заҳматҳое, ки ҳам Искандар ва ҳам Чингизи хунхор кашид – яъне беш аз он заҳматҳое, ки баъдҳо дар ҷангҳо кашиданд – ин дар ибтидои кор ва ҳангоме буд, ки миёни қабоил ва мардуми худ ваҳдат ва иттиҳод ва ҳамдилӣ эҷод карданд. Хеле заҳмат кашиданд ҳар ду. Ҳар ду ҳам медонистанд, ки ҳамин иттиҳод ва ваҳдат аст, ки метавонад онҳоро ба расидан ба аҳдофашон кӯмак бикунад. Шумо мебинед, Искандар ҳар вақт эҳсос мекард, касе дар садади эҷоди тафриқа миёни артиш ва атрофиёни ӯст, билофосила решаи он тафриқаро хушк ва сари тафриқакунандаро мебурид, то сорӣ ва ҷорӣ нашавад.

Севвумин омили рамзи муваффақияти онҳо, мудоро бо атрофиёнашон буд. Ҳар ду ҳам чунин буданд. Зулму ситами ин ду нисбат ба дигарон ва ағёр буд, вале нисбат ба атрофиён ва фармондеҳони сипоҳашон камоли мудороро мекарданд. Ба ҳарфи онҳо гӯш медоданд, ҷойгоҳи онҳоро гиромӣ медоштанд, дар кори худ бо онҳо машварат мекарданд, ҳаргиз худро як зина болотар аз онҳо намедонистанд. Дар торих аст, ки Искандар, баъд аз набардҳо ва ҳангоми шаб, ба афсаронаш сар мезад, ба онҳо дар корҳои хусусиашон кӯмак мекард, захмиҳоро бо дастони худ мудово мекард ва ғайра… Ҳамин рафтори ӯ ва сиёсати ӯ буд, ки атрофиёнаш ба ӯ сахт вафодор буданд ва ӯро дӯст медоштанд. Ва аз қазо, Чингиз ҳам чунин буда, албатта бо андаке ихтилоф бо Искандар…

Хулоса, сиёсатмадори муваффақ, касе аст, ки ҳамеша ин се вижагӣ: яъне ҳиммати баланд доштан, ҳусни табдир дар сиёсат ва зиракӣ ва дар ниҳоят хушалоқ ва хушрафтор будан ва мудоро ва машварат намудан бо касоне ки дар гирди ӯ ҷамъ шудаанд, насбулайни ӯ бояд бошад, вагарна ба ҷое нахоҳад расид.

Дар поёни ин ёддошт, боре дигар такрор мекунам, инҷониб ҳаргиз ҷонибдори хунхорҳое мисли Искандар ва Чингиз нестам ва нахоҳам буд. Он чӣ овардам дуруст фаҳм бишавад. Банда ин ҷо дар мақоми таъйиди корҳои ин ду, ки ҷуз зулму ситаму таҷовуз набуд, нестам. Балки дар мақоми баёни рамзи муваффақияти ин ду ҳастам.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тоҷнек

 

Source: Хусусиёти сиёсатмадори муваффақ
Via: Хусусиёти сиёсатмадори муваффақ
Tags: Хусусиёти сиёсатмадори муваффақ
Previous Post

Обид кист?

Next Post

Муҳимтарин хислатҳои инсони мӯъмин

Related Posts

Фазилати ҳамнишинӣ бо хонавода
Инсон ва инсоният

Фазилати ҳамнишинӣ бо хонавода

May 20, 2026
Одоби муошират
Инсон ва инсоният

Ахлоқи некӯи Расули Акрам(с)

May 20, 2026
Ҳикояти малики беинсоф
Инсон ва инсоният

Ҳикояти малики беинсоф

May 20, 2026
Аркони муруввату ҷавонмардӣ
Инсон ва инсоният

Аркони муруввату ҷавонмардӣ

May 20, 2026
Хоманаӣ
Инсон ва инсоният

Пизишки раҳбари шаҳид: Оятуллоҳ Хоманаӣ то солҳо дар хонаашон яхдон надоштанд

May 7, 2026
Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ
Инсон ва инсоният

Хубӣ ва эҳсон ба падару модар

May 7, 2026
Next Post
Саволи як донишҷӯ

Муҳимтарин хислатҳои инсони мӯъмин

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Дархости Тромп аз Аморот барои ҳамла ба Эрон

Пешниҳоди тағйири номи “Ҷоизаи Нобел” ба “Ҷоизаи Тромп”

May 29, 2026
Алифбои ниёгон – дармони руҳу ҷони миллат

Алифбои ниёгон – дармони руҳу ҷони миллат

May 29, 2026
Посухи Эрон ба Вазорати хориҷаи Олмон дар мавриди поён додан ба ҷанг

Паёми сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ба мутаҷовизон

May 24, 2026
Иддаои Тромп дар бораи бозгашти тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қабл воқеият надорад

Иддаои Тромп дар бораи бозгашти тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қабл воқеият надорад

May 24, 2026

Recent News

Дархости Тромп аз Аморот барои ҳамла ба Эрон

Пешниҳоди тағйири номи “Ҷоизаи Нобел” ба “Ҷоизаи Тромп”

May 29, 2026
Алифбои ниёгон – дармони руҳу ҷони миллат

Алифбои ниёгон – дармони руҳу ҷони миллат

May 29, 2026
Посухи Эрон ба Вазорати хориҷаи Олмон дар мавриди поён додан ба ҷанг

Паёми сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ба мутаҷовизон

May 24, 2026
Иддаои Тромп дар бораи бозгашти тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қабл воқеият надорад

Иддаои Тромп дар бораи бозгашти тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қабл воқеият надорад

May 24, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дархости Тромп аз Аморот барои ҳамла ба Эрон

Пешниҳоди тағйири номи “Ҷоизаи Нобел” ба “Ҷоизаи Тромп”

May 29, 2026
Алифбои ниёгон – дармони руҳу ҷони миллат

Алифбои ниёгон – дармони руҳу ҷони миллат

May 29, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved