Масъалаи чандҳамсарӣ аз назари ахлоқӣ ва иҷтимоӣ
Иҷтимоъ ва хонавода
Маҳмудхон Бурҳонов
Дар мавриди масоили иҷтимоӣ наметавон бо такя бар арзишҳои ормонӣ қазоват кард. Балки иҷтимоъ хеле аз масоилро бар инсон таҳмил мекунад, ин як воқеъият аст ва ҳеч роҳи фироре ҳам аз он нест.
Бинобар ин, арзишгузорӣ ва дар пайи он қонунгузорӣ дар мавриди масоили иҷтимоӣ ҳамон тавре ки тобеъи арзишҳои сирф инсонӣ аст, ба ҳамон мизон тобеъи воқеъиятҳои иҷтимоӣ низ мебошад.
Яке аз ин маворид, масъалаи чандҳамсарӣ мебошад, ки агар ба худии худ ва ба қавли фалосифа «бимо ҳува ҳува» дар назар гирифта шавад, чи басо як амали зиддиарзишӣ ба шумор биравад. Вале бо таваҷҷӯҳ ба воқеъиёти иҷтимоӣ, масъала ҳолати дигар пайдо мекунад.
Тавзеҳ:
Шароити идеол чунин аст, ки дар иҷтимоъ дар баробари ҳар як мард як зан қарор дошта бошад ва ба табаъи он, ҳар кадом аз зану мард барои худ як ҳамсар дошта бошанд. Ин ҳолати идеол аст.
Вале воқеиёт ҳамеша ба вифқи мурод нест, бинобар ин воқеъиёти иҷтимоӣ гоҳе бархе аз масоилеро бар мо таҳмил мекунанд. Дар натиҷа дар иҷтимоъ ду даста арзишҳо ба вуҷуд меояд:
- Арзишҳои зотӣ, мисли адолат, амонат, амният ва ғайра;
- Арзишҳои оризӣ ва ё ба қавли фалосифа «бил қиёси илал ғайр», яъне ин арзишҳо бо таваҷҷӯҳ ба воқеъиёти ҷомеа ба унвони як арзиш шинохта мешаванд. Чун зарурати иҷтимоӣ онро иқтизо менамояд.
Бинобар ин, вақте шариатӣ ислом масъалаи чандҳамсариро матраҳ мекунад:
Аввалан, онро ба риояти «адолат» муқайяд мекунад, ин бад-он маъност, ки арзиши ин кор як арзиши зотӣ нест, балки ба хотири як зарурати иҷтимоӣ арзишҳои зотӣ ин корро лозим шуморида ба он арзиши оризӣ додааст.
Сониян, Қуръони Карим ин масъаларо дар идомаи масъалаи «сарпарастӣ аз ятимон» баён мекунад. Яъне гоҳе шароит дар иҷтимоъ ба гунае мешавад, ки афроде бе сарпараст мемонанд (ҳоло ба ҳар далеле, чӣ ҷанг бошад ва чӣ муҳоҷирати корӣ ва ғайра…) дар чунин шароит зарурати иҷтимоӣ пеш меояд, ки як мард иҷозаи чанд ҳамсар доштан пайдо кунад. Бинобар ин, масъалаи чандҳамсарӣ барои мард ба унвони як зарурати иҷтимоӣ шинохта мешавад, на ба унвони як арзиши аввалӣ.
Чаро фақат ба мардҳо чунин ҳаққе дода шавад, вале ба занҳо на?
Заминаи иҷтимоии чунин қонуне дар шариати исломӣ ва бешак дар аксари қонунгузориҳо низ, ин кам будан ва ё кам шудани (ба ҳар далеле) теъдоди мардҳо аз теъдоди занҳост ва дар натиҷа бе сарпараст мондани афроди зиёде дар ҷомеа аст.
Ҳоло вақте теъдоди мардҳо камтар аз занҳо бошад, уқало ночор чандҳамсариро барои мардҳо иҷоза медиҳанд, то аз мафосиди бе сарпараст мондани афроди зиёде ҷилавгирӣ шавад.
Ҳоло агар касе биёяд ва дар чунин шароите суол бикунад, ки чаро чунин ҳаққе барои занон дода намешавад?
Оё ин суол асосан мантиқӣ хоҳад буд?
Агар ин ҳақ барои мард дода шудааст, иллаташ зарурате аст, ки дар ҷомеа пеш омадааст, чӣ тавр метавон тасаввур кард, ки чунин зарурате ҳамзамон барои занҳо ҳам пеш омада бошад? Маънои ин сухан он аст, ки дар як замон ҳам теъдоди мардҳо аз занҳо кам шудааст ва ҳам теъдоди занҳо аз мардҳо кам шудааст.
Ба ҳамин хотир, дар ин маврид қиёси зан ба мард як қиёси маъалфориқ аст. Зеро тасаввури ин ки зарурати иҷтимоӣ, ҳам чандҳамсарии мард ва ҳам чандҳамсарии занро иқтизо карда бошад, як тасаввури мутаноқиз аст.
Масъалаи дигаре, ки инҷо бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад, ин тафкик байни ҳуқуқе, ки бархоста аз инсонияти инсон аст ва ҳуқуқе, ки бархоста аз ҷинсияти инсон буда ва тобеъи вижагиҳои ҷинсии ӯст.
Хостгоҳи дастае аз ҳуқуқи инсон инсонияти ӯст, влае хостгоҳи бархе аз ҳуқуқи ӯ ҷинсияти ӯ мебошад.
Ойини ҳамсардорӣ дар иҷтимои инсонӣ як зарурат аст, ки насли инсонро тазмин мекунад. Ин як ҳаққи инсонӣ ба шумор меравад ва ҳеч фарқе байни зану мард дар ин маврид вуҷуд надорад. Аммо тасаввури чанд ҳамсар ба сурати ҳамзамон барои як зан, бо он ҳаққи инсонӣ барои ҳифзи насли инсон мунофот дорад, ҳол он ки чандҳамсарӣ барои як мард мунофоте бо он ҳаққи аввалӣ ва инсонӣ надорад.
Дар гузашта ҷавомеъе буданд, ки дар онҳо ойини чандшавҳарӣ роиҷ будааст, пас чаро насли инсон ба хатар наяфтодааст?
Дар воқеъ ин шева муддате аст, ки аз нав дар баъзе аз ҷавомеъи ба истилоҳ пешрафта ҳам боб шудааст; чӣ ба шакли чандзанӣ ва чӣ ба шакли чандшавҳарӣ. Танҳо фарқашон дар ин аст, ки дар қадим мардум чанд зан ва ё бархе дигар чанд шавҳар доштанд, ба ин хотир ки қонун онҳоро маҳдуд ба ин ҳадд мекард, вале ҳоло ҳамзамон чанд зан ё чанд шавҳар доранд, ба ин хотир ки қонун онҳоро аз ҳар ҳадде озод кардааст. Ин шева ҳатто аз шеваи он ҷавомеъи қадимӣ ҳам қадимитар аст. Ин шева ба даврони моқабли торих бармегардад ва шабеҳ ба шеваи ба истилоҳ «обшинаи ибтидоии башар» аст, ки ҳанӯз ҳеч гуна маданият ва қонуне надоштанд ва равобиташон ҳамчун равобити чаҳорпоён ҳеч завобите надошт.
Яке аз фарқҳои инсон бо ҷаҳорпоён ин аст, ки чаҳорпоён ба ҷуз навъ ва гунаи хосси худ — масалан навъи гург, гӯсфанд, асб ва ғайра — дигар ҳеч ҳувияте надоранд, бинобар ин ҳифзи насли онҳо фақат дар ҳифзи навъ ва гунаашон хулоса мешавад.
Аммо инсон чунин нест, яъне чунин нест, ки ҳувияти ӯ фақат дар навъи инсонии ӯ хулоса шавад. Зиндагии инсон бо гузашти замон тадриҷан такомул ёфта ва ҳувияти ӯ лояҳои гуногуне пайдо кардааст. Дар воқеъ он чи ба инсон ҳувият мебахшад, ин насли табиӣ ва модии ӯ нест, ки сирфи зода шудан аз раҳими як инсон ба ӯ ҳувияти инсонӣ бахшад. Балки он чи ба инсон ҳувият мебахшад, ин ҳувияти маънавӣ ва ҷойгоҳи иҷтимоии ӯст. Падараш кист? Модараш кист? Миллаташ чист? Забонаш кадом аст? Динаш кадом аст?… ва ғайра.. Ин чизҳост, ки ҳувияти як инсонро мушаххас мекунад.
Аз ин рӯ, ба ҳеч ваҷҳ чунин ҳувияти инсонӣ дар равобити безавобити даврони «обшинаи ибтидоӣ», ё равобити лаҷомгусехтаи имрӯзаи ҷомеаи ғарбӣ ҳифз нахоҳад шуд.
Вақте як зан ҳамзамон чанд шавҳар дошта бошад, бешак ҳувияти фарзанди ӯ дучори хатар мешавад, чун падараш, ки яке аз аркони ҳувияти инсон ба шумор меравад, ба шубҳа меафтад. Вақте падар шубҳанок шуд, ба табаъи он миллаташ ҳам номушаххас мешавад ва ҳамин тавр соири унсурҳои ҳувияти ӯ.
Аммо дар ҳолати чанд зан доштани як мард чунин хатаре фарзандро таҳдид намекунад ва ҳувияташ зери суол намеравад.
Ба хотири ҳамин, чандшавҳарӣ бо ҳифзи насли инсон мунофот дорад, вале чандзанӣ на.
Баррасии масъалаи чандҳамсарӣ аз назари ахлоқӣ
Дар илми усул ва ҳамин тавр дар фалсафаи ахлоқ, баҳсе ҳаст таҳти унвони «мақоми субут ва мақоми имтисол (мақоми амал)», арзишҳо ҳама дар мақоми субут — яъне он гоҳ ки ба худии худ дар назар гирифта шаванд — ҳеч таъорузе байни ҳам надоранд. Ба таъбири дигар, ҳаргиз як арзиши ахлоқӣ бо арзиши дигар ба худии худ тақобул надорад. Вале дар мақоми амал, гоҳе имтисоли як арзиш ва дастури ахлоқӣ музоҳими арзиши дигаре мешавад. Бинобар ин, гуфта мешавад: байни арзишҳои ахлоқӣ ҳеч таъорузе нест, балки тазоҳум ҳаст. Таъоруз дар мақоми субут нест, вале тазоҳум дар мақоми имтисол ва амал ҳаст.
Масалан, ростгӯӣ як арзиши ахолоқӣ аст ва ҳамин тавр амонатдорӣ, ин ду арзиш ба худии худ ҳеч таъорузе байни ҳам надоранд. Вале гоҳе пеш меояд, ки дар мақоми амал, ростгӯӣ музоҳими амонатдорӣ мегардад ва билъакс. Мисли он ҳангом ки дар дасти шумо амонати касе бошад ва душмани он кас аз шумо бипурсад, ки дар дастат чист? Дар инҷо имтисоли яке аз дастуроти ахлоқӣ, баробар аст бо зери по гузоштани яке дигар. Яъне агар рост бигӯед, бар амонати он кас хиёнат кардаед ва агар бихоҳед бар амонат хиёнат накунед, маҷбуред дурӯғ бигӯед.
Дар чунин ҳолат, масъалаи масолеҳ ва мафосид пеш меояд, яъне маслиҳати кадом як аз он ду дастури ахлоқӣ бештар аз дигарӣ аст?! Ва дар ин сурат, ҳар кадом дорои маслиҳати камтаре бошад қурбонии он дигарӣ мегардад.
Бо таваҷҷӯҳ ба он чи гуфта шуд, масъалаи чандҳамсарӣ ҳам равшантар мешавад.
Дар мавриди чандҳамсарӣ низ мо бо чунин тазоҳуме бархӯрд мекунем. Тазоҳум дар ин аст, ки аз тарафе агар чандҳамсарӣ барои мардон таҷвиз нагардад, афроде дар ҷомеа бе сарпараст мемонанд. Аз тарафи дигар, риояти адолат байни чанд ҳамсар амалан мумкин нест ва агар ҳам имкон дошта бошад, хеле сахт аст, ки дар ҳукми адам мебошад.
Инҷо қонунгузор (ҳар қонунгузоре, чӣ динӣ ва чӣ урфӣ) бояд маслиҳате, ки дар таҷвизи чанҳамсарӣ хобида ва маслиҳате, ки дар риояти адолат байни чанд ҳамсар нуҳуфтааст, сабук сангин бикунад. Ва ҳамчунин мафсадае, ки дар манъи чандҳамсарӣ хобида бо мафсадае, ки дар адами риояти адолат байни ҳамсарон вуҷуд дорад, хуб бисанҷад.
Вақте масолеҳ ва мафосиди ин ду амал ба хубӣ санҷида шавад, маълум мегардад, ки бе тардид маслиҳати таҷвизи чандҳамсарӣ барои мардон, бештар аз маслиҳати риояти адолат байни онҳост. Ва ҳамин тавр мафсадае, ки дар манъи чандҳамсарӣ хобида, ба таҳқиқ вахимтар аз мафсадае аст, ки дар адами риояти адолат байни ҳамсарон мумкин аст пеш ояд. Ҳамон тавре ки дар мисоли зикршуда ҳангоми тазоҳум байни амонатдорӣ ва ростгӯӣ тарҷеҳи яке бар дигарӣ ҳаргиз ба маънои таҷвизи хиёнат бар амонат ва ё таҷвизи дуруғгӯӣ нест, яъне вақте як дастури ахлоқӣ бар дигарӣ тарҷеҳ дода мешавад, ин бад-он маъно нест, ки он дастури дигар фоқиди арзиш мебошад ва ё маслиҳате, ки дар он вуҷуд дошта, ҳоло табдил ба мафсада шудааст. Балки бад-ин маъност, ки арзиши он камтар аз арзиши дигарӣ аст.
Дар масъалаи чандҳамсарӣ ҳам вақте чандҳамсарӣ алорағми хавфи риоят нашудани адолат таҷвиз мегардад, ин ҳаргиз ба маънои он нест, ки адолат дар он маврид арзиши худро аз даст додааст, балки бад-ин маъност, ки дар ин маврид маслиҳати он камтар аз маслиҳати дастури дигарест, ки бо он тазоҳум пайдо кардааст.
Тоҷнек