Маънои ҷиҳод
Расули Акрам(с) дар баёни маънои ҷиҳод фармуданд:
Ҷиҳод чаҳор қисм аст:
Амр ба маъруф
Наҳй аз мункар
Ростӣ дар мавқеи сабр
Танаффур аз фосиқ.
***
Кушодарӯӣ кинаро бибарад.
***
Хушҳамсоягӣ мояи ободии шаҳрҳо ва дарозии умрҳост.
***
Некхӯӣ хулқи бузурги Худованд аст.
***
Некхӯӣ як нимаи дин аст.
***
Некхӯӣ дӯстиро устувор мекунад.
***
Некхӯӣ гуноҳонро маҳву нобуд мекунад, чунон ки хуршед яхро об мекунад.
Тоҷнек
					Source: 
					Маънои ҷиҳод
				
					Via: 
					Маънои ҷиҳод
				
																
															
			
		    



















