Мардони устувор эҷодкунандаи ҳаводис ҳастанд
Ҳикматнома
То метавонӣ, барои охиратат дуо кун ва он қадр, ки саъй мекунӣ, аз Худованд подошашро бихоҳ, чун аъмолат ҳаргиз аз байн намераванд.
***
Саъй кун, имрӯзат беҳтар аз дирӯзат бошад, вагарна дучори зиён хоҳӣ шуд. Розат ва ҳар он чиро аз паёмадҳояш, ки бар ту фишор меоварад, бо фаромӯш карданашон, тоза кун. Ҳамеша маргро дар зеҳнат ёдоварӣ кун ва посдори мардум бош, то мардум ҳам посдори ту бошанд ва кори имрӯзро ба фардо маяндоз, ки фардо бо гирифториҳои хосси худ хоҳад омад.
***
Саъй кун, дар корҳоят устувор бошӣ, ки мардони устувор эҷодкунандаи ҳаводис ҳастанд.
Тоҷнек