Ҷӯяндагони ҳақ ба он мерасанд
Ҳикматнома
Касоне, ки бар ҳақ пофишорӣ мекунанд, мавонеъ бар онон таъсире надоранд ва балоё ононро нороҳат намекунанд; чун балоё роҳҳое ҳастанд, ки Худованд барои корвони мардони бузург таъйин кардааст, ки агар он роҳҳоро паймуданд, саранҷом онро хоҳанд ёфт ва натиҷаҳояш бар онҳо ошкор мегардад. Ҳар сарзамине, ки ба яке аз масоиб дучор нагардад, дар орзуи касби пирӯзӣ хоҳад монд.
***
Гуруснагӣ ва шаббедорӣ беҳтарин дӯстоне ҳастанд, ки бо онон метавон душманро бо тамоми орзуҳояшон тазъиф кард ва аз шарри дуздон дар амон буд.
Тоҷнек
Source:
Ҷӯяндагони ҳақ ба он мерасанд