Марги виҷдон
Гуфторе дар рӯ ба рӯ бо оина
Вақте ноадолатиро мебинӣ ва туро раъша фаро намегирад, на намозат пазирост, на рӯзаат, на ҳаҷат, на ниёишат, на донишат, на буданат.
Агар виҷдонатро таги сахрае ниҳон кардӣ, бифурӯхтӣ, бисӯхтӣ дигар ҳама узвҳои баданат фалаҷ мешаванд ва ҳеч ҳаббе, доруе даво намебахшад.
Шахсе, ки виҷдонаш мурд ба як ҳашароти зараровар бадал мегардад, ки то ҳаст ба ҳама сироят мекунад. Ҳолиё кишвари моро вабои бевиҷдонӣ фаро гирифтааст. Ҳама мушкилоти мо аз бевиҷдонист.
Инсонро аз ҳайвон на Қуръон, на Инҷил, на Таврот, на Авасто, на Трипитака, на Кодекси ахлоқии созандагони кумунизм, на Эъломияи ҳукуқи башар, балки танҳо ва танҳо виҷдон ҷудо мекунад.
Иммануил Кант, файласуфи олмонӣ, виҷдонро аслу асоси ҳамаи ёфтаҳои инсон медонад. Ӯ ҳатто вуҷуди Худоро ба виҷдон исбот мекунад. Хулосаи ин гуфтовард: одаме, ки виҷдонро аз даст дод, Худоро ҳам аз даст медиҳад!
Дар ғуруби зиндагӣ виҷдонро дар ҳайвонҳо бештар аз инсонҳо дидам ва дардноктарин бардоштам аз зиндагӣ ин аст. Баъди ин ғуруб тулӯъе ҳаст?
Додоҷон Атовуллоев
tajnek.com
Тоҷнек