• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Пойгоҳи низомии Багром

September 30, 2025
in Мавзӯоти доғ
0
Пойгоҳи низомии Багром

Пойгоҳи низомии Багром

0
SHARES
16
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Пойгоҳи низомии Багром

Al-monitor: “Багром, конуни рақобати Омрико, Эрон ва Чин дар минтақа аст”

Байналмилал

Ба навиштаи як нашрияи омрикоӣ, Багром, танҳо як пойгоҳи низомӣ нест, балки як баргаи роҳбурдӣ ва намодин дар рақобат миёни Вошингтун, Пекин ва Теҳрон аст; пойгоҳе, ки ҳар гуна талоши Вошингтун барои бозпасгирии он, метавонад мувозанаи қудрат дар Осиёи Миёна ва мафҳуми ҳокимияти Афғонистонро ба шиддат таҳти таъсир қарор диҳад.

Нашрияи омрикоии Al-monitor дар гузорише, ба барраси тамаркузи дубора бар пойгоҳи Багром ва нақши он дар рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ пардохтааст. Дар ин гузориш таъкид шуда, ки мавзӯъ танҳо намодин нест, балки иқдоме аз сӯйи давлати кунунии Омрико ба риёсати Дунолд Тромп барои тасбити нуфуз дар Осиёи Миёна аст.

Al-monitor дар ин гузориш ишора кардааст, ки Тромп дар нишасти хабарии 18 сентябр, аз Толибони Афғонистон хост, пойгоҳи Багромро ба Омрико бозгардонад ва ҳушдор дод, ки дар ғайри ин сурат, Афғонистон муҷозот хоҳад шуд. Тромп аз замони оғози риёсати ҷумҳуриаш тими амниятии худро ба таври маҳрамона таҳти фишор гузошта, то роҳҳои бозпасгирии ин пойгоҳро – ки дар соли 2021 тавассути Омрико тахлия шуд – баррасӣ кунанд.

 

Мавзеи Толибон ва чашмандози музокира

Ин гузориш тасреҳ кардааст, ки Толибон билофосила дархости Тромпро рад карда ва дар баёнияе дар 21 сентябр, бар истиқлол ва тамомияти арзи Афғонистон таъкид кардааст. Багром, ки дар 50 километрии Кобул қарор дорад, бузургтарин пойгоҳи низомии Омрико дар тӯли 2 даҳаи ҷанг буд.

Al-monitor ҳамчунин навишта, ки Адам Бёлер, фиристодаи вежаи Тромп дар умури гаравгонҳои омрикоӣ, бо Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон дар Кобул дидор карда ва ин нишон медиҳад, ки тамосҳои маҳдуде ҳамчунон вуҷуд дорад. Тромп дар нишасти муштарак бо Кир Стармер, нахуствазири Бритониё низ гуфт, Омрико аҳрумҳое дар баробари Толибон дорад ва таъкид карда, “онҳо ба чизҳое аз мо ниёз доранд”.

Ба навиштаи гузориш, сенарияҳои эҳтимолӣ шомили иҷораи пойгоҳ, ба расмият шинохтани давлати Толибон ё ироаи кӯмаки иқтисодӣ аст, агарчӣ Тромп эҳтимоли истифода аз нерӯи низомиро ҳам рад накардааст. Ба нақл аз таҳлилгарон дар ин гузориш, тавофуқи қаблии Омрико бо Толибон шомили тазминҳои амниятӣ дар баробари дарёфти кӯмак буд, аммо акнун равобити Толибон бо Ҳинд ва Чин авзоъро печидатар кардааст. Ториқ Фарҳодӣ, коршиноси сиёсӣ низ гуфта, бозгашти Омрико бо зӯр мунтафӣ аст, аммо чорчӯбе барои ҳамкории оянда, ки Багромро ҳам шомил шавад, дар баландмуддат имконпазир хоҳад буд.

 

Аҳаммияти стратегӣ дар иртибот бо Чин

Ин гузориш навиштааст, ки Тромп шахсан бар наздик будани Багром ба Чин таъкид карда ва гуфта, ин пойгоҳ “як соат бо маҳалле, ки Чин силоҳи ҳастаӣ месозад фосила дорад”. Ишораи ӯ ба маркази “Луп Нур” дар Синкёнг будааст. Гузориш ҳамчунин ба гузориши Вазорати дифоъи Омрико дар бораи афзоиши тавони мушакӣ ва ҳастаии Чин пардохтааст.

Дар вокуниш, Лин Тсзян, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин ҳушдор дод, ки Пекин аз доман задан ба таниш ва рӯёрӯӣ дар минтақа ҳимоят намекунад ва ояндаи Афғонистон бояд тавассути мардуми ин кишвар таъйин шавад.

Ин гузориш тавзеҳ додааст, ки бозгашти Омрико ба Багром метавонад бар сармоягузориҳои Чин дар Афғонистон ва пружаҳои муртабит бо “камарбанд ва ҷодда” асар бигузорад. Ҳамчунин манобеъи маъдании Афғонистон аз ҷумла аносири нодири хокӣ метавонад аз аҳдофи аслии Омрико бошад.

 

Эрон ва Багром

Al-monitor таъкид кардааст, ки Тромп бо ҳушдор нисбат ба ин ки дар сурати бознагардондани пойгоҳ, “иттифоқоти баде хоҳад афтод”, нишонае аз мавзеъи таҳоҷумитар додааст. Бино бар ёддошти мунташиршуда дар нашрияи Tehran Times, контроли Багром ба Омрико имкон хоҳад дод, амалиёти паҳподӣ, назорати электроник, эъзоми сареъи нерӯҳои вежа ва ҳамалотеро алайҳи манофеъи Эрон иҷро кунад. Press TV низ ёдовар шуда, ки ҳарчанд ин имтиёзҳо барои Омрико воқеӣ ҳастанд, аммо ишғоли дубораи Багром ин пойгоҳро ба як ҳадафи роҳат барои ҳамалоти зидди омрикоӣ табдил мекунад ва мусталзими ҳазинаҳои сангини амниятӣ барои Вошингтун аст.

Бо ин ҳол, ба навиштаи гузориш, Навед Алӣ Шайх истидлол карда, ки арзиши Багром барои назорат бар Эрон андак аст, чаро ки Омрико барои маъмуриятҳое аз ин қабил ба новҳои ҳавопаймобар ва пойгоҳҳои дигаре дар минтақа такя мекунад.

Ин гузориш дар поён натиҷагирӣ карда, ки Багром танҳо як пойгоҳи низомӣ нест, балки як баргаи роҳбурдӣ ва намодин дар рақобат миёни Вошингтун, Пекин ва Теҳрон аст; пойгоҳе, ки ҳар гуна талоши Омрико барои бозпасгирии он метавонад мувозинаи қудрат дар Осиёи Миёна ва мафҳуми ҳокимияти Афғонистонро ба шиддат таҳти таъсир қарор диҳад.

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Пойгоҳи низомии Багром
Via: Пойгоҳи низомии Багром
Tags: Пойгоҳи низомии Багром
Previous Post

Амалиёти муваффақи муқовимати Сурия дар як пойгоҳи низомии Исроил

Next Post

Ҷимми Кар: Агар ба Тромп ҷоизаро надиҳанд, Норвежро бомбборон мекунад

Related Posts

Демократҳо: Тромп Амрикоро ба сӯи ҷанги ноком мебарад
Мавзӯоти доғ

Тромп: Агар ман набудам, имрӯз Исроил вуҷуд надошт

June 21, 2026
Ҳушдори сардор Қоонӣ ба душмани саҳюнистӣ дар мавриди Ғазза
Мавзӯоти доғ

Ҳушдори сардор Қоонӣ ба саҳюнистон дар мавриди Ғазза

June 21, 2026
Санади шикасти Амрико
Мавзӯоти доғ

Санади шикасти Амрико

June 20, 2026
Имзои тафоҳумномаи Эрон ва Амрико
Мавзӯоти доғ

Имзои тафоҳумномаи Эрон ва Амрико

June 19, 2026
Паёми Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Фирдавсӣ
Мавзӯоти доғ

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи тафоҳуми поёни ҷанг

June 19, 2026
Эрон: Барои хадамот дар тангаи Ҳурмуз, маблағ дарёфт мекунем
Мавзӯоти доғ

Эрон: Барои хадамот дар тангаи Ҳурмуз, маблағ дарёфт мекунем

June 17, 2026
Next Post
Ҷимми Кар

Ҷимми Кар: Агар ба Тромп ҷоизаро надиҳанд, Норвежро бомбборон мекунад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Таъсири мутолиа бар кӯдакон

Нуктаҳое дар мавриди тарбияти кӯдак

June 21, 2026
Шафоат чист?

Шафоат чист?

June 21, 2026
Мутаҳҳарӣ

Ҷанги муқаддас

June 21, 2026
Демократҳо: Тромп Амрикоро ба сӯи ҷанги ноком мебарад

Тромп: Агар ман набудам, имрӯз Исроил вуҷуд надошт

June 21, 2026

Recent News

Таъсири мутолиа бар кӯдакон

Нуктаҳое дар мавриди тарбияти кӯдак

June 21, 2026
Шафоат чист?

Шафоат чист?

June 21, 2026
Мутаҳҳарӣ

Ҷанги муқаддас

June 21, 2026
Демократҳо: Тромп Амрикоро ба сӯи ҷанги ноком мебарад

Тромп: Агар ман набудам, имрӯз Исроил вуҷуд надошт

June 21, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Таъсири мутолиа бар кӯдакон

Нуктаҳое дар мавриди тарбияти кӯдак

June 21, 2026
Шафоат чист?

Шафоат чист?

June 21, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved