Таърихсозӣ
Меҳмоншо Шарифзода
Дақиқан, академик Фарҳод Раҳимӣ, як чизи одиро фаромуш карда, ки таърихсозӣ чизе ё корест, ки агар набошад бо далелу ҳуҷҷатҳо сохта намешавад ва ҳатто китоб навишта намешавад. Ин ҳарфро дар воқеияти Тоҷикистон агар академик ҳам гуфта бошад, танҳо дурӯғи академикӣ гуфтааст.
Шояд дар таърифи раиси ҷумҳурӣ, мисли султони Карон таърихшинос Юсуфшоҳ, танҳо бо дурӯғҳое сабуктар мисли таърихнавис, ки мардум акнун одат кардаанд, иктифо мекард. Бешак, навиштан ва гуфтан осонтар аз сохтан аст. Сохтан чизе дигар аст… Масалан мардуми Шӯравӣ, ки чанд қаҳрамон аз он замон дорем, воқеан таърих сохтанд…
Ин қавм ҳатто пирамидаҳояшон ду ҳафта умр намебинанд…
Ҳаким Фирдавсӣ бо ҳама бузургӣ даъват ба таърихсозӣ мекард…
Раҳнамо, Давлат Сафар ва ё дигар узвҳои Иттифоқи Нависандагон метавонанд таърихи нав ё Шоҳномаи мудернро бо назм навиштан, вале таърихсозӣ кори дигар аст. Мардум шоҳиданд, ки ин қавм ва чоплусҳои онҳо чӣ сохтаанд…
Бале, аз он чӣ ин қавм ва хокшапҳои онҳо дар ин сарзамин сохтаанд дигар имкони нафас кашидан нест, ва ҷои ҳарф ҳам нест, балки панҷараҳоро бояд кушод, ки мардум, ба истилоҳи Раҳнамо ба як чизи табиӣ, ба ҳавои тоза ва рӯшноӣ ниёз доранд…



















