• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Марде аз кишвари истеъморӣ ва мухолиф бо низоми истеъморӣ

November 22, 2025
in Инсон ва инсоният
0
Марде аз кишвари истеъморӣ ва мухолиф бо низоми истеъморӣ

Марде аз кишвари истеъморӣ ва мухолиф бо низоми истеъморӣ

0
SHARES
12
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter
Марде аз кишвари истеъморӣ ва мухолиф бо низоми истеъморӣ
Профессор Сайфулло Муллоҷон
(Дар зодрӯзи Шарл де Гол – марде ки ошиқи Фаронса ва таърихи сарзамин худ буд).
Шарл Андре Жозеф Мари де Гол (1890-1970) дар хонаводаи профессори фалсафа ва адабиёт ба дунё омада, аз овони кӯдакӣ ошиқи хондани таърих ва достонҳои қаҳрамонии фаронсавиёни номдор буд. Ишқ ба хондан вайро шефтаи Меҳан ва ҷоннисори роҳи озодиву сарбаландии кишвар сохт. Хидмат ба Меҳану миллат дар асри ноороми ӯ ҷуз аз роҳи низомӣ тасаввурнопазир буд. Бо ин ҳадаф дар омӯзишгоҳи низомӣ таҳсил карду вориди артиши Фаронса шуд.
Шарл де Гол дар хотироташ навиштааст, ки “Падарам марде андешаманд, бофарҳанг ва суннатӣ буд, ки руҳаш бо эҳсоси азамати Фаронса оғушта шуда буд. Ӯ ба ман ТАЪРИХро омӯхт. Дар Порис ҳеч чиз беҳ аз намодҳои шоирона маро амиқан таҳти таъсир қарор надод. Торикии шаб, ки бар калисои Нотердам фурӯд меомад, азамати ғуруби Версал ва Тоқи нусрат, ки бо нури офтоб рушан мешуд, парчамҳои ғаниматгирифта аз душман, ки аз сақфи Лизанвалид овезон буд”
Дар замони ҷанги якуми ҷаҳон (1914-1918) асири олмониҳо гашта, чанде баъд китоби хотироти асорати хешро мунташир кард. Чун Олмон дар ҷанги ҷаҳонии дувум Фаронсаро ишғол кард, ӯ ба Ингилистон рафт ва ҷунбиши муқовиматро таъсис дода, моҳи августи соли 1944 барои озод кардани Порис ба кишвар баргашт. Сиёсатмадор де Гол тавонист, новобаста аз саҳми ночизи Фаронса дар пирӯзӣ бар Олмон худро дар радифи ИМА, ИҶШС ва Британияи Кабир қарор диҳад ва дертар ҳамчун узви доимии Созмони Миллал гардад. Маъруф аст, ки 8-уми майи соли 1945 фельдмаршал Вилҳелм Кейтел, ки санади таслимшавии Олмонро имзо мекард, бо дидани намояндаи Фаронса дар миёни муттаҳидин бо таҷҷуб пурсид, «Оё инҳо низ бар мо пирӯз шуданд?»
Пас аз итмоми ҷанг ҷабҳаи миллиро таъсис кард. Дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, вазири дифоъ, сарвазир ва Президент адои хидмат кардааст. Дар давраи дувуми риёсати ҷумҳуриро бар дӯш доштан истиқлоли кишвари Алҷазоирро эълон кард. Соли 1966 дар иқдоми бесобиқае дафтари НАТО дар Парижро баста, Фаронсаро аз фаъолиятҳои низомии ин иттиҳодияи низомӣ канор кашид. Ӯ бо ҳамон рутбае ки аз ҷанги ҷаҳонии дувум берун омад боқӣ монд ва иҷозат надод барояш рутбаи болотаре ато кунанд. Ҳамчунон ӯ дархости мушовири чоплусашро, ки мехост китоберо бо номи ӯ мунташир кунанд шадидан рад карда, ӯро аз наҳди худ ронд.
Соли 1969 вақте дархости (!) де Гол барои маҳдуд кардани ихтиёроти сенат (парлумон) пазируфта нашуд, ӯ ба истеъфо рафт ва 17 моҳ пас аз он дори фониро пидруд гуфт.
Де Гол ҳанӯз соли 1952 васият кард, ки вайро бедабдабаву шукӯҳ, танҳо дар ҳузури хешовандону ҳамразмонаш ба хок супоранд. Новобаста ба ин, дар маросими видоъи ӯ сарони 84 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд!
Вақте де Гол фавтид, раиси ҷумҳури Фаронса Жорж Помпиду дар муроҷиати радиоӣ ба мардуми Фаронса гуфт, “Мардону занони Фаронса! де Гол вафот карду Фаронса ятим шуд”.
Ӯ ҳарчанд як марди масеҳии католик буд, вале маросимҳои динии худро пинҳон аз чашми мардум иҷро мекард, то ба асли секулор (дунявият)-и давлат латма ворид нашавад. Аммо ҳар рӯз дар ҷои махсуси қаср, ки барояш муҳайё карда буданд, даст ба ниёиш мебардошту мегуфт: “Парвардигоро, ман қурбонии кучаке ки дар тавони мани бандаат ҳаст анҷом медиҳам, Ту бо бузургии худ онро аз ман бипазиру қалами авф бар гуноҳони ману гузаштагони ман бикаш!”
Франсуа Миттеран – яке аз рақибони Шарл де Гол, дар бораи рақибаш гуфта буд: “ҳеч фаронсавие ба андозаи де Гол Фаронсаро дӯст надошт. Де Гол сухунгӯ ва намоди шахсият ва виҷдони Фаронса буд!” Ричард Никсон дар маросими видои де Гол гуфт: “Ӯ ниёзе ба муҷассама надорад, зеро худ бинои ёдбуде бо номи Фаронсаро сохта, ки дар ҷаҳон беназир аст”.
Вақте соли 1989 дар Фаронса дусадсолагии инқилоби бузургро ҷашн мегирифтанд, миёни мардуми Фаронса пурсиш гузаронда шуд, ки маҳбубтарину машҳуртарин фаронсавии таърих кист. Бештари пурсидашудагон де Голро маҳбубтарин фаронсавӣ дар тули таърих номиданд.
Як кори дигари Де Голл барои ман аҷиб аст. Ин ки ӯ аз зумраи раҳбароне буд, гоҳе азоби виҷдон мекашанд ва корҳое мекунанд, ки миллатҳои ҷаҳонро ба озодӣ ва истиқлол мерасонад. Ҳамин де Гол соли 1958 сухане гуфт, ки ҷаҳонро такон дод. Ӯ дар шаҳри Брозовили Конго дар миёни мардум гуфт “дар баробари тамоюлоти истиқлолталабонаи ҳеч иқдоме нахоҳам кард. Замоне фаро расида, ки мо мустаъмараҳоро раҳо созему бигузорем ба ҳоли худ бошанд”. Ин сухан аз забони роҳбаре садо дод, ки бар эҳсосоти насиюнолистии мардуми хеш такя карда, қудрат ёфта буд. Дар зарфи 4 соли баъди ин суханронӣ бештари кишварҳои Африқо ба истиқлол расиданд. Дар ҳамин вақт, ки де Гол ин суханро гуфт, баъзе нухбагони кишвари Конго шадидан ҷонибдори истеъмори Фаронса буданду дар ниҳояти беномусӣ ба забони истеъморгарон суҳбат мекарданд ва бо ин амали худ мебололиданду онро нишонаи пешрафту тамаддун медонистанд, ҳамон гуна ки бозмондагони истеъмории мо низ ҳанӯз шефтаи фарҳангу забону султаи бегонаанд…
tajnek.com

Тоҷнек

Source: Марде аз кишвари истеъморӣ ва мухолиф бо низоми истеъморӣ
Via: Марде аз кишвари истеъморӣ ва мухолиф бо низоми истеъморӣ
Tags: Марде аз кишвари истеъморӣ ва мухолиф бо низоми истеъморӣ
Previous Post

Қавонини ҷадиди Русия нисбат ба муҳоҷирони корӣ

Next Post

Қазо ва қадари илоҳӣ ба баёни содда

Related Posts

Дарсе фаро гирифтам
Инсон ва инсоният

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Оё шумо шараф доред?
Инсон ва инсоният

Оё шумо шараф доред?

January 3, 2026
Ахлоқи некӯ
Инсон ва инсоният

Покии руҳ

January 3, 2026
Андеша
Инсон ва инсоният

Ҳар инсоне андешаманд аст

January 3, 2026
Тарсондан – зулми бузург
Инсон ва инсоният

Нодон кист?

January 3, 2026
Ҳанӯз ёд дорам
Инсон ва инсоният

Ҳикояти қозӣ ва ғулом

January 3, 2026
Next Post
Оё шумо шараф доред?

Қазо ва қадари илоҳӣ ба баёни содда

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved