• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Ошноӣ бо Мавлоно – 3

January 1, 2026
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Ҳакимона

Ҳакимона

0
SHARES
7
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ошноӣ бо Мавлоно – 3

Тафриқа биандоз ва ҳукумат кун!

Бахши севвум

Як тарфанд ва равиши маъруфе ҳаст, ки ҳамеша мавриди истифодаи зӯргӯёни ҷаҳон барои ҳукумат кардан бар мардумон қарор гирифтааст: тафриқа биандоз ва ҳукумат кун!
Ва бо ин ки ин воқеиятро тақрибан ҳамаи мову шумо медонем, аммо ҳамеша душманони мо ба воситаи ҳамин тарфанд бар мо ҳукумат кардаанд ё лоақал тасаллути онҳо бар мо, бештар ба ҳамин васила будааст.

Имрӯза агар як мушт саҳюнист – ки дар муқобили якуним миллард мусалмон ададе нестанд – бар қиблаи мо, мусалмонон тасаллут пайдо кардаанд ва мо дар баробари онҳо ҳеч кор кардан наметавонем, иллаташ фақат ин нест, ки пушти кишвари ҷаълии “Исроил” Омрико ва соири абарқудратҳо истода (ҳарчанд ин ҳам як иллат аст, аммо тамоми иллат нест), балки иллати асосӣ дар худи мост. Мо, мусалмонон — ки яке суннӣ аст, яке шиъа аст, суннӣ ҳам яке сӯфӣ аст, яке салафӣ аст ва ғайра – ба ҷойи ин ки ҳамаи мо дар муқобили душман яди воҳида бошем, баръакс вақте душман бар яке аз мо тохт, дигарамон хушҳол мешавад.

Мавлоно дар ин мавзӯъ ҳикояте меоварад – ва чӣ зебо ҳикояте, ки беҳтар аз он қобили тасаввур нест! – ва дар зимни он ҳикоят, ин воқеияти талхро пеши чашмонамон муҷассам месозад ба гунае, ки гӯё ба чашмонамон мебинем ва ламсаш мекунем. Ҳикоят ба ин шарҳ аст:

Боғбоне вориди боғи худ мешавад ва мебинад, ки се нафар дар боғ ҳастанд. Ин се нафар иборат буданд аз як фақеҳ ва як сайид ва як сӯфӣ. Боғбон нигарон мешавад ва хиёл мекунад, ки инон дузданд. Пеши худ мегӯяд: Ман наметавонам яктана бо онон муқобила кунам, зеро онҳо ҷамъанд ва ман танҳо. Бинобар ин роҳи чораро дар ин мебинад, ки: нахуст ин се нафарро аз якдигар ҷудо мекунам ва сипас ба ҳисоби ҳар яке ҷудо-ҷудо мерасам.

Аз ин рӯ, пеш меравад ва ба сӯфӣ мегӯяд: Барои ин ки аз сайру гашт дар ин боғ лаззати бештар бибаред, бирав ва аз утоқи ман дар интиҳои боғ гилеме биёвар. Сӯфӣ бедиранг бармехезад ва ҳаракат мекунад.

Боғбон дар ин мавқеъ ба фақеҳ ва сайид рӯй мекунад ва мегӯяд: Ту фақеҳи мо ҳастӣ ва ин ҳам сайиди алавии мо. Мо мардум ба баракати фатвоҳои ту зиндагӣ мекунем, ин сайид ҳам, аз сулолаи хонадони нубувват аст ва назди мо басе эҳтиром дорад. Бинобар ин, ин сӯфии шикампараст кист, ки бо шумо бузургон ҳамнишин шуда?!

Вақте боғбон мебинад, ки афсунаш муассир афтода ва дили он дуро нисбат ба ҳамроҳи худ сард кардааст, чӯбе бузург ба даст мегирад, ба суроғи сӯфӣ меравад ва ӯро танҳо меёбад ва то метавонад ӯро мезанад ба тавре, ки ҷасади нимаҷонаш бар замин меафтад.
Сипас боғбон назди фақеҳ ва сайид бозмегардад ва ба сайид мегӯяд: Оқо сайид! Дар утоқи ман нонҳои нозуку хубе ҳаст, бирав ба навкарам бигӯ, ки он нонҳоро ҳамроҳ бо мурғобии бирён бифиристад, то шикаме сер кунем. Сайид меравад ва фақеҳ танҳо мемонад.

Дар ин лаҳза боғбон рӯй ба фақеҳ мекунад ва мегӯяд: Эй фақеҳи воломақом! Барои мо мусаллам аст, ки ту фақеҳи бузургворӣ, вале ин сайид кист, ки ҳамроҳи ту шуда?! Тоза, маълум ҳам нест, ки воқеан сайид бошад.

Суханони ӯ фақеҳро таҳти таъсир қарор медиҳад. Боғбон билофосила ба дунболи сайид меравад ва то ҳадди тавон ӯро низ мезанад. Вақте ки боғбон хиёлаш аз ҷониби сайид ҳам роҳат мешавад, суроғи фақеҳ меравад ва ба ӯ наҳиб мезанад: Оҳой мардак! Ту фақеҳӣ?! Ба кадом далелу иҷозае вориди боғи мардум шудаӣ?! Дар инҷо фақеҳ мутаваҷҷеҳи нақшаи боғбон мешавад ва дармеёбад, ки ҳамаи ин гуфторҳои фиребанда барои ҷудо кардани он се нафар аз якдигар будааст.

Пас мегӯяд: Эй боғбон! Бизан, ки бояд бизанӣ, ин аст сазои касе, ки аз ёрони худ ҷудо шавад.

Боғбоне чун назар дар боғ кард,
Дид чун дуздон ба боғи худ се мард.
Як фақеҳу як шарифу сӯфие,
Ҳар яке шӯхе, баде, лоюфие.
Гуфт: бо инҳо маро сад ҳуҷҷат аст,
Лек ҷамъанду ҷамоат қувват аст.
Барнаёям яктана бо се нафар,
Пас, бибуррамшон нухуст аз ҳамдигар.
Ҳар якеро з-он дигар танҳо кунам,
Чунки танҳо шуд, сиболаш барканам.
Ҳила карду кард сӯфиро ба роҳ,
То кунад ёрон-шро бо ӯ табоҳ.
Гуфт сӯфиро: бирав сӯйи висоқ,
Як гилем овар барои ин рифоқ.
Рафт сӯфӣ. Гуфт хилват бо ду ёр:
Ту фақеҳӣ, ин шарифи номдор.
Мо ба фатвои ту ноне мех(в)арем,
Мо ба парри дониши ту мепарем.
В-ин дигар шаҳзодаву султони мост,
Саййид аст, аз хонадони Мустафост.
Кист он сӯфӣ? Шикамхори хасис,
То бувад бо чун шумо шоҳон ҷалис?
Чун биёяд, мар варо пунба кунед,
Ҳафтае бар боғу роғи ман занед.
Боғ чӣ бвад? Ҷони ман они шумост,
Эй шумо буда маро чун чашми рост.
Васваса карду мар эшонро фирефт,
Оҳ, к-аз ёрон намебояд шикефт!
Чун ба раҳ карданд сӯфирову рафт,
Хасм шуд андар паяш бо чӯби зафт.
Гуфт: эй саг, сӯфие бошад, ки тез
Андароӣ боғи мо ту аз ситез?..
Кӯфт сӯфиро, чу танҳо ёфташ,
Нимкушташ карду сар бишкофташ.
Гуфт сӯфӣ: они ман бигзашт, лек
Эй рафиқон, поси худ доред нек.
Мар маро ағёр донистед, ҳон?
Нестам ағёртар з-ин қалтабон.
Ин чӣ ман хӯрдам, шуморо хӯрданист
В-ин чунин шарбат ҷазои ҳар данист…
Чун зи сӯфӣ гашт фориғ боғбон,
Як баҳона кард з-он пас ҷинси он.
К-эй шарифи ман, бирав сӯйи висоқ,
Ки зи баҳри чошт пухтам ман руқоқ.
Бар дари хона бигӯ Қаймозро,
То биёрад он руқоқу қозро.
Чун ба раҳ кардаш, бигуфт: эй тезбин,
Ту фақеҳӣ, зоҳир аст ину яқин.
Ӯ шарифӣ мекунад даъвийи сард,
Модари ӯро кӣ донад то кӣ кард?
Бар зану бар феъли зан дил мениҳед?
Ақли ноқис в-онгаҳоне эътимед?
Хештанро бар Аливу бар Набӣ
Бастаасту дар замона бас ғабӣ…
Хонд афсунҳо, шунид онро фақеҳ,
Дар паяш рафт он ситамкори сафеҳ.
Гуфт: эй хар, андар ин боғат кӣ хонд?
Дуздӣ аз пайғамбарат мерос монд?
Шерро бачча ҳамемонад бад-ӯ,
Ту ба пайғамбар ба чӣ монӣ? Бигӯ…
Бо шариф он кард марди мултаҷӣ,
Кӣ кунад бо Оли Ёсин хориҷӣ.
То чӣ кин доранд доим деву ғул
Чун Язиду Шамр бо Оли Расул?
Шуд шариф аз захми он золим хароб,
Бо фақеҳ ӯ гуфт: ман ҷастам аз об.
Пой дор, акнун ки мондӣ фарду кам,
Чун дуҳул шав, захм мехур бар шикам.
Гар шарифу лоиқу ҳамдам наям,
Аз чунин золим туро ман кам наям.
Шуд аз ӯ фориғ, биёмад, к-эй фақеҳ!
Чӣ фақеҳӣ? Эй ту нанги ҳар сафеҳ.
Фатвият ин аст, эй бубридадаст,
К-андаройиву нагӯйӣ амр ҳаст?
Инчунин рухсат бихондӣ дар “Васит”?
Ё будаст ин масъала андар “Муҳит”?
Гуфт: ҳаққ астат, бизан, дастат расид,
Ин сазои он ки аз ёрон бурид.

Поён

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Ошноӣ бо Мавлоно - 3
Via: Ошноӣ бо Мавлоно - 3
Tags: Ошноӣ бо Мавлоно - 3
Previous Post

Ошноӣ бо Мавлоно – 2

Next Post

Нисбӣ будани ахлоқ ба чӣ маъност?

Related Posts

Алӣ
Мавзӯоти доғ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Тасмими Меҳрдод
Мавзӯоти доғ

Тасмими Меҳрдод

January 3, 2026
Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино
Мавзӯоти доғ

Рисолаи ишқи Буалӣ Сино

January 3, 2026
Нигоҳе ба зиндагии Шамсуддини Самарқандӣ
Мавзӯоти доғ

Нигоҳе ба зиндагии Шамсуддини Самарқандӣ

January 3, 2026
Достонҳои омӯзанда
Мавзӯоти доғ

Ман ҳоҷате надорам!

January 3, 2026
Як санади торихӣ
Мавзӯоти доғ

Як санади торихӣ

January 3, 2026
Next Post
Нигоҳе ба зиндагии Шамсуддини Самарқандӣ

Нисбӣ будани ахлоқ ба чӣ маъност?

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved