• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Оё ҳасодат беморӣ аст?

January 3, 2026
in Инсон ва инсоният
0
Оё ҳасодат беморӣ аст?
0
SHARES
7
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Оё ҳасодат беморӣ аст?

Мактаби инсоният

Ҳасуд доиман нороҳат аст, ва ҳамин амр сабаби бемории ҷисмӣ ва равонии ӯ мешавад. Ҳар андоза дигарон соҳиби муваффақияти бештару неъматҳои фузунтар гарданд, ҳасуд ба ҳамон андоза нороҳат мешавад, то он ҷо, ки гоҳ хобу оромишу истироҳатро ба куллӣ аз даст медиҳад ва бемору ранҷуру наҳифу заъиф мешавад.

Достони хеле маъруфе ҳаст. Дар замони яке аз хулафо, марди сарватманде ғуломе харид. Аз рӯзи аввале, ки ӯро харид, монанди як ғулом бо ӯ рафтор намекард, балки монанди як оқо бо ӯ рафтор мекард. Беҳтарин ғизоҳоро ба ӯ медод, беҳтарин либосҳоро барояш мехарид, васоили осоиши ӯро фароҳам мекард ва дуруст монанди фарзанди худ бо ӯ рафтор мекард.

Ғулом медид, ки арбобаш ҳамеша дар фикр аст, ҳамеша нороҳат аст. Билохира арбоб ҳозир шуд ӯро озод кунад ва сармояи зиёде ҳам ба ӯ бидиҳад. Як шаб дарди дили худро бо ғулом дар миён гузошт ва гуфт:

— Ман ҳозирам туро озод кунам ва ин миқдор пул ҳам бидиҳам, вале медонӣ барои чӣ ин ҳама хидмат ба ту кардам? Фақат барои як тақозо. Агар ту ин тақозоро анҷом диҳӣ, ҳар чи ки ба ту додам, ҳалол ва нӯши ҷонат бошад ва беш аз ин ҳам ба ту медиҳам. Вале агар ин корро анҷом надиҳӣ, ман аз ту розӣ нестам.

Ғулом гуфт:

— Ҳар чи ту бигӯӣ, итоат мекунам, ту валинеъмати ман ҳастӣ ва ба ман ҳаёт додӣ.

Гуфт:

— На, бояд қавли қатъӣ бидиҳӣ. Метарсам агар пешниҳод кунам, қабул накунӣ.

Гуфт:

— Ҳар чи мехоҳӣ пешниҳод кунӣ, бигӯ, то ман бигӯям: “бале”.

Вақте арбоб комилан қавл гирифт, гуфт:

— Пешниҳоди ман ин аст, ки дар як мавқеъ ва ҷои хоссе, ки ман дастур медиҳам, сари маро аз бех бибурӣ.

Ғулом гуфт:

— Охир чунин чизе намешавад.

Гуфт:

— Хайр, ман аз ту қавл гирифтам ва бояд ин корро анҷом диҳӣ.

Нимашаб ғуломро бедор кард, корди тезе ба ӯ дод ва бо ҳам ба пушти боми яке аз ҳамсояҳо рафтанд. Дар он ҷо хобид ва кисаи пулро ба ғулом дод ва гуфт:

— Ҳаминҷо сари манро бибур ва ҳар ҷо, ки дилат мехоҳад, бирав.

Ғулом гуфт:

— Барои чӣ?

Гуфт:

— Барои ин ки ман ин ҳамсояро наметавонам бибинам. Мурдан барои ман аз зиндагӣ беҳтар аст. Мо рақиби якдигар будем ва ӯ аз ман пеш афтода ва ҳама чизаш аз ман беҳтар аст. Ман дорам дар оташи ҳасад месӯзам, мехоҳам қатле ба пойи ин ҳамсоя биафтад ва ӯро зиндонӣ кунанд. Агар чунин чизе шавад, ман роҳат шудаам. Роҳатии ман фақат барои ин аст, ки медонам агар ин ҷо кушта шавам, фардо мегӯянд ҷанозааш дар пушти боми рақибаш пайдо шуда, пас ҳатман рақибаш ӯро куштааст, баъд рақиби маро зиндонӣ ва сипас эъдом мекунанд ва мақсуди ман ҳосил мешавад.

Ғулом пеши худ гуфт:

— Ҳол, ки чунин одами аҳмақе аст, чаро ман ин корро накунам? Ин одам барои ҳамон кушта шудан хуб аст.

Сари ӯро бурид, кисаи пулро ҳам бардошт ва рафт.

Хабар дар ҳама ҷо печид. Он марди ҳамсояро ба зиндон бурданд. Вале ҳама мегуфтанд: агар ӯ қотил бошад, рӯи пушти боми хонаи худаш, ки ин корро намекунад, пас қазия чист? Муаммое шуда буд.

Виҷдони ғулом ӯро роҳат нагузошт, пеши ҳукумати вақт рафт ва ҳақиқатро ин тавр гуфт:

— Ман ба тақозои худаш ӯро куштам. Ӯ ончунон дар ҳасад месӯхт, ки маргро бар зиндагӣ тарҷеҳ медод.

Вақте мушаххас шуд қазия аз ин қарор аст, ҳам ғулом ва ҳам марди зиндониро озод карданд. (Манбаъ: Инсони комил, Мутаҳҳарӣ)

* * *

Ҳасодат воқеан як бемории равонӣ аст. Ҳазрати Алӣ (а) фармояд:

أسوء الناس عیشا الحسود

“Бадтарини мардум аз назари оромиш дар зиндагӣ, ҳасуд аст.” (Ғурарул-ҳикам)

Ҳамин маънӣ дар хабари дигаре аз он ҳазрат (а) ривоят шуда, ки:

لا راحة لحسود

“Ҳасуд оромиш ва роҳате надорад.” (Биҳор, 70/256)

Ва ё:

الحسد شرّ الأمراض

“Ҳасад, бадтарини бемориҳост.” (Ғурарул-ҳикам)

Ва ё:

العجب لغفلة الحساد عن سلامة الاجساد

“Таъаҷҷуб мекунам чӣ гуна ҳасудон барои саломатии ҷисми худ арзиш қоил нестанд ва аз он ғофиланд!” (Биҳор, 70/ 256)

Ва ё:

الحسد لا یجلب الاّ مضرّة وغیظا یوهن قلبک ویمرض جسمک

“Ҳасад ҷуз зиёну хашм чизе дар вуҷуди инсон эҷод намекунад, ҳасад сабаб мешавад, ки қалби инсон нотавон ва ҷисми ӯ бемор гардад.” (Биҳор, 70/256)

Имом Содиқ (а) фармояд:

الحاسد مضرّ بنفسه قبل أن یضرّ بالمحسود، کإبلیس أورث بحسده بنفسه اللّعنة، ولآدم علیه السلام الاجتباء والهدى

“Ҳасуд пеш аз он чи метавонад ба маҳсуд зарар бирасонад, ба хештан зиён мерасонад, монанди Иблис, ки бо ҳасадаш лаънат барои худ офарид ва барои Одам баргузидагӣ ва ҳидоят.” (Биҳор, 70/255)

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Оё ҳасодат беморӣ аст?
Via: Оё ҳасодат беморӣ аст?
Tags: Оё ҳасодат беморӣ аст?
Previous Post

Сухан гуфтан биомӯзем

Next Post

Рисолаи ишқ ба баёни сода

Related Posts

Ахлоқи некӯ
Инсон ва инсоният

Покии руҳ

January 3, 2026
Андеша
Инсон ва инсоният

Ҳар инсоне андешаманд аст

January 3, 2026
Нодон кист?
Инсон ва инсоният

Нодон кист?

January 3, 2026
Ҳанӯз ёд дорам
Инсон ва инсоният

Ҳикояти қозӣ ва ғулом

January 3, 2026
Адабомӯхтаи Худованд
Инсон ва инсоният

Некӣ барои худ ва дигарон

January 3, 2026
Беҳтарин ҳадя
Инсон ва инсоният

Корҳои хубу писандида дар назди Худованд

January 3, 2026
Next Post
Рисолаи ишқ ба баёни сода

Рисолаи ишқ ба баёни сода

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Ахлоқи некӯ

Покии руҳ

January 3, 2026
Алӣ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Аҳмадшоҳи Масъуд

Агар сиёсатмадор иштибоҳ кунад…

January 3, 2026
Алии Шариатӣ

January 3, 2026

Recent News

Ахлоқи некӯ

Покии руҳ

January 3, 2026
Алӣ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Аҳмадшоҳи Масъуд

Агар сиёсатмадор иштибоҳ кунад…

January 3, 2026
Алии Шариатӣ

January 3, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ахлоқи некӯ

Покии руҳ

January 3, 2026
Алӣ

Ҳикматнома

January 3, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved