• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Як санади торихӣ

January 3, 2026
in Мавзӯоти доғ, Ниёгони гузаштаи мо
0
Як санади торихӣ
0
SHARES
7
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Як санади торихӣ

Номаи Тоҳир ба писараш

Тоҳир ибни Ҳусайн, поягузори давлати Тоҳириён дар Хуросон, ки дар ибтидо яке аз сардорони Маъмун, халифаи аббосӣ буд, номае ба писараш, Абдуллоҳ — замоне ки ӯро дар аз Риққа то Миср волӣ таъйин намуд – навишт; номае, ки дар баёни усули ҳукуматдорӣ як санади бисёр пурарзиш ба шумор меравад. Номае, ки ҳар ҳокиме бояд онро бихонад. Ибни Халдун дар таърихаш (ҷилди 1, сафҳаи 377) ин номаро овардааст, ки аз ҳамин манбаъ ба ихтисор нақл мекунем:

* * *

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Аммо баъд: парҳезгории Яздони яктову беҳамторо бар хеш воҷиб шумор, шабу рӯз дар нигаҳбонии шаҳрвандони хеш бикӯш… Эзад фармонравоии гурӯҳе аз бандгонашро ба ту супурдааст. Пас, бар туст, ки меҳри хешро аз бандагони Худо дареғ мадорӣ ва дар миёни онон ба адлу дод пардозӣ… ва аз ҷону номусу сарзамини онон дифоъ кунӣ ва нагузорӣ, ки хуни касе ба ҳадар равад; ва дар таъмини амнияти роҳҳои эшон бикӯшӣ ва осоиши мардумро таъмин кунӣ.

Зеро ки туро барои воҷиботе, ки бар ӯҳдаи туст, бозхост мекунанд ва дар пешгоҳи адолат қарор мегирӣ ва аз ту пурсиш мекунанд ва подошу кайфари ту вобаста ба дер ё зуд анҷом додани ин вазифаҳост. Пас, барои гузордани онҳо фаҳму хираду биноии хешро ба кор бар. Ва мабодо ҳеч мояи ғафлату саргармии дигар, туро аз анҷом додани воҷибот ғофил дорад…

Ҳаргиз дар корҳо аз ҷоддаи адолат мунҳариф машав, хоҳ он корро дӯст бидорӣ ё бар вифқи дилхоҳи ту набошад ва ё марбут ба касоне бошад, ки аз бузургону хешовандон туанд, ё дар бораи касоне бошад, ки нисбат ба ту бегона мебошанд.

Ва бар туст, ки дар ҳамаи корҳо миёнаравӣ (эътидол) пеш гирӣ; зеро суди он аз ҳама чиз ошкортар мебошад…

Ба ҳеч як аз касоне, ки ба кор мегуморӣ, беш аз он ки ҳақиқати ҳоли онон бар ту ошкор шавад, тӯҳмат мабанд. Зеро тӯҳмат задан ва бадгумонӣ ба мардуми бегуноҳ, аз бадтарини гуноҳон ба шумор меравад…

Вале (бо ин ҳама) ҳусни занн (хушгумонӣ) ба ёрону ҳамроҳон ва меҳрубонӣ нисбат ба шаҳрвандон, набояд туро аз ҷустуҷӯ (тафтиш) дар корҳо боздорад ва мунофии он нест, ки дар тарзи кори хидматгузорону ҳамроҳонат муроқибат кунӣ.

Ҳангоми хашм хештандор бош ва виқору бурдборӣ баргузин, аз тундхӯӣ ва сабуксарӣ ва ғурур дар коре, ки бар ӯҳда дорӣ, бипарҳез…

Ва озмандиро аз худ дур кун. Зеро бояд ганҷинаҳо ва андӯхтаҳои ту некӣ ва парҳезгорӣ ва ислоҳи ҳоли шаҳрвандон ва обод сохтани шаҳрҳо ва расидагӣ ба умури мардум ва ҳифзи ҷони халқ ва доварии ситамдидагон бошад.

Ва бидон, ки ҳар гоҳ сарватро дар ганҷинаҳо биандӯзанд, баҳра ва суд намебахшад, вале агар онро дар роҳи салоҳи ҳоли шаҳрвандон ва эътои ҳуқуқи онон ба кор баранд ва ба василаи он бори ранҷу машаққатро аз дӯши халқ бардоранд, фузунӣ меёбад ва мояи фаровонии неъмат мешавад ва оммаи мардум бад-он растгор мешаванд… Пас, бояд кори ганҷина ва хазонаи ту, парокандани сарват дар роҳи ободонии ислому мусалмонон бошад…

Ҳеч гоҳ гуноҳро кучак машумор ва ҳасудро ёрӣ макун ва бар бадкор раҳмат маёр ва ба носипос инъом макун ва бо душман ба чарбзабонӣ мапардоз ва гуфтори суханчинро рост мангор, ва бар бевафо итминон макун ва ба дӯстии фосиқи майхора ва аз гумроҳ пайравӣ макун, ва риёкорро мастой ва ҳаргиз одамеро таҳқир макун ва хоҳандаи (яъне гадои) бенаворо навмед бозмагардон, ва ба ботил посух мадеҳ, паймоншикан мабош ва ба гуфтаи хандаовар мангар.

Ва бидон, ки агар озманду тамаъкор бошӣ, кори ту ба истиқомат нахоҳад гаройид. Зеро шаҳрвандон танҳо аз ин рӯ ба меҳри ту дил мебанданд, ки ба сарвати онон дастдарозӣ накунӣ ва ситамгариро фурӯ гузорӣ.

Сипоҳиёнро мавриди тафаққуд қарор дода ва ба дафотири онон дарнигар ва ба онҳо расидагӣ кун ва бар рӯзии эшон бияфзой.

Ва бидон, ки пойгоҳи қазоват ва доварӣ дар пешгоҳи Худо, аз ҳама корҳо бартар аст… Ва бо иҷрои баробарӣ дар амри қазоват, рӯзгори шаҳрвандон ба ислоҳ мегарояд ва роҳҳо амн мешавад ва ситамдида доди хешро аз ситамгар меситояд…

Ҳангоми шубҳа диранг пеш гир ва сиҳҳати далели касонро ба диққат расидагӣ кун ва набояд дар бораи ҳеч як аз шаҳрвандони худ зери таъсири ҳуббу буғз воқеъ шавӣ ва ҷониби бетарафиро раҳо кунӣ…

Ҳаргиз дар рехтани хуни касе шитоб маварз… Ва ба кори муҳимми хироҷ (молиёт) нек иноят кун… Ба ҳеч рӯ раво нест беш аз тавоноии мардум аз онон хироҷ (молиёт) гирифт ва эшонро ба коре мукаллаф сохт, ки мояи таҷовуз ба ҳаққи онон гардад ва ба ситамгарӣ мунҷар шавад…

Бояд хироҷро аз он қисмати сарвати эшон бигирӣ, ки зоид бар махориҷи онон бошад… Ва бояд он хироҷро дар роҳи устуворӣ ва беҳбуди зиндагӣ ва ислоҳи нобасомониҳо ва ноҳамвориҳои умури мардум сарф кард…

Ва ба ҳар як аз вилоятҳое, ки зери фармони туст, касони амин гусел кун, то ахбори марбут ба кормадони давлатиатро ба ту хабар диҳанд ва равиши кору тарзи рафтори онҳоро барои ту гузориш кунанд…

Ва ҳар гоҳ бихоҳӣ кормандони давлатиии худро ба коре фармон диҳӣ, дар фарҷоми дастуре, ки мехоҳӣ содир кунӣ, нек биандеш, ба касоне муроҷеа кун, ки дар он биноӣ ва огоҳӣ доранд…

То метавонӣ, иҷоза бидеҳ, ки мардум бештар назди ту оянд ва худро аз онон пинҳон макун ва ҳамаи ҳавосси худро ба гуфтаҳо ва шикоятҳои онон мутаваҷҷеҳ соз ва ба онон фурӯтанӣ кун.

Ва бояд гиромитарини атрофиёнат касоне бошанд, ки ҳар гоҳ айбе дар ту бинанд, бе он ки аз шукӯҳи ту биҳаросанд, дар ниҳон ё ошкоро ба ту гӯшзад кунанд ва нақси туро бозгӯянд; зеро чунин касоне хайрхоҳтарини ёрону дӯстон ва беҳтарин пуштибони ту бошанд.

Ба кормандони давлатӣ иноят кун ва барои ҳар як аз котибон дар ҳар рӯз вақти муайян ихтисос деҳ, то назди ту оянд ва номаҳо ва умуре, ки бояд мавриди мушовира қарор гирад матраҳ кунанд ва ниёзмандиҳои коргузорон ва умури вилоятеро, ки дар қаламрави фармонравоии туст ва вазъи ҳоли шаҳрвандон ба ту гузориш диҳанд. Он гоҳ бояд бо диққати кофӣ гӯшу дидаву фаҳми худро ба масоиле, ки матраҳ мешавад мутаваҷҷеҳ созӣ ва ҳар якро чандин бор мавриди баррасӣ қарор диҳӣ ва дар бораи онҳо нек биандешӣ. Ва он чиро бо ҳаққу ҳақиқат ва дурандешӣ ва хирад мувофиқ бошад бипазирӣ ва дастури иҷрои онро содир кунӣ… Дар матолибе, ки мухолифи ҳаққу дурандешӣ бошад, таъаммул ва диранг кун ва онҳоро аз аҳли басират бипурс.

Бар шаҳрвандони худ ва дигар касон, ба хотири эҳсон ё кори неке, ки анҷом медиҳӣ, миннат манеҳ ва аз ҳеч кас ҷуз вафодорӣ ва истиқомат ва расидагӣ ба умури мусалмонон чизи дигаре мапазир ва ҷуз дар баробари ин гуна сифот ба касе эҳсон макун. Ин номаро нек дарёб ва ба диққат дар он биандеш ва онро ба кор банд.”

(Таърихи Ибни Халдун, ҷилди 1, сафҳаи 377, ба нақл аз Ашшомила)

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Як санади торихӣ
Via: Як санади торихӣ
Tags: Як санади торихӣ
Previous Post

Ҳикояти қозӣ ва ғулом

Next Post

Ман ҳоҷате надорам!

Related Posts

Ахлоқи некӯ
Инсон ва инсоният

Покии руҳ

January 3, 2026
Алӣ
Мавзӯоти доғ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Аҳмадшоҳи Масъуд
Мавзӯоти доғ

Агар сиёсатмадор иштибоҳ кунад…

January 3, 2026
Алии Шариатӣ
Адабиёт ва ашъор

January 3, 2026
Тасмими Меҳрдод
Мавзӯоти доғ

Тасмими Меҳрдод

January 3, 2026
Мавлоно
Адабиёт ва ашъор

Осори Мавлоно дар Амрико пурфурӯш аст

January 3, 2026
Next Post
Достонҳои омӯзанда

Ман ҳоҷате надорам!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Ахлоқи некӯ

Покии руҳ

January 3, 2026
Алӣ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Аҳмадшоҳи Масъуд

Агар сиёсатмадор иштибоҳ кунад…

January 3, 2026
Алии Шариатӣ

January 3, 2026

Recent News

Ахлоқи некӯ

Покии руҳ

January 3, 2026
Алӣ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Аҳмадшоҳи Масъуд

Агар сиёсатмадор иштибоҳ кунад…

January 3, 2026
Алии Шариатӣ

January 3, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ахлоқи некӯ

Покии руҳ

January 3, 2026
Алӣ

Ҳикматнома

January 3, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved