• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Ҳикояти қозӣ ва ғулом

January 3, 2026
in Инсон ва инсоният, Мавзӯоти доғ
0
Ҳанӯз ёд дорам

Одоби сухан гуфтан

0
SHARES
10
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳикояти қозӣ ва ғулом

Достони падари Абдуллоҳ ибни Муборак

Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) дар “Насиҳат-ул-мулук” овардааст:

“Дар Марв марде буд, ӯро Нӯҳ ибни Марям гуфтандӣ ва қозии Марв буд ва ҳам риёсат дошт. Ва ӯро неъмат бисёр буд ва духтаре некӯрӯй дошт. Ва бисёр кас аз раисон ӯро (духтарро) мехостанд ва падар мутаҳайир буд ва намедонист, ки киро диҳад ва мегуфт, агар якеро диҳам, дигареро хуш наояд, бечора шуд.

Ӯро ғуломе буд ҳинду, номи вай Муборак буд, вақте ӯро гуфт: “Бирав ба бӯстон, ӯро (бӯстонро) нигоҳ кун”, ғулом бирафт ва ду моҳ дар бӯстон буд.

Хоҷа рӯзе ба бӯстон шуд, гуфт: “Эй ғулом! Хӯшаи ангур биёр.” Ғулом биёвард, турш буд.

Гуфт: “Бирав як хӯшаи дигар биёр.”

Ғулом биёвард ва ҳамчунон турш буд.

Хоҷа гуфт: “Аз бӯстоне бад-ин бузургӣ, чаро ангури ширин намеоварӣ?”

Ғулом гуфт: “Надонам, ангури ин бӯстон нахӯрдаам.”

Гуфт: “Чаро?”

Гуфт: “Ту маро фармудӣ, ки ангур нигоҳ дор, нагуфтӣ, ки ангур бихӯр.”

Қозӣ гуфт: “Худои Таоло туро ҳам бад-ин нигоҳ дорад!” Ва донист, ки ғулом бедор аст.

Бо ғулом гуфт: “Маро туро тадбире аст.”

Ғулом гуфт: “Ман яке дирамхаридаам ҳинду (яъне ғуломе ҳастам ҳинду, ки ба дирам харидаанд) ва ту қозӣ. Туро бо ман чӣ тадбир?” Қозӣ гуфт: “Чунин ки ман мегӯям бишнав.”

Гуфт: “Бифармой!”

Қозӣ гуфт: “Муборак! Маро духтаре аст ва бисёр кас ӯро ба занӣ мехоҳанд аз меҳтарон. Надонам киро диҳам? Ту чӣ мегӯӣ?”

Гуфт: Эй хоҷа! Кофирон асл хоҳанд ва ҷуҳудону тарсоён рӯи нек ҷӯянд ва ба вақти Паёмбар (с)-и мо дин меҷустанд ва имрӯз дунё мехоҳанд. Ту аз ин ҷаҳор ҳар кадом хоҳӣ, ихтиёр кун.”

Қозӣ гуфт: “Дин ихтиёр кардам ва гузидам, эй ғулом! Ман ин духтарро ба ту медиҳам.”

Гуфт: “Эй хоҷа! Ман ғуломе дирамхаридаам (яъне ғуломе ҳастам, ки ба дирам харидаанд), ту чун маро духтар диҳӣ, духтари ту ҳаргиз маро ба шавҳарӣ нахоҳад.”

Қозӣ гуфт: “Эй ғулом! Бархез ва бо ман ба хона ой.”

Чун ба хона омаданд, қозӣ модари духтарро гуфт: “Эй зан! Ин ғулом бағоят шоиста ва порсост ва маро рағбат чунон аст, ки ин духтар ба вай диҳам, чӣ мегӯӣ?”

Гуфт: “Биравам ва аз духтар суол кунам.”

Модар биёмад ва бо духтар бигуфт, духтар гуфт: “Ҳар чи шумо хоҳед ва фармоед, он кунам.”

Қозӣ духтар ба Муборак дод ва зар низ бисёр бидодаш ва эшонро ба ҳамдигар нишонд. Баъд аз муддате, Муборакро писаре омад ва Абдулоҳ ном карданд; он ки номи вай дар ҳамаи олам машҳуру маъруф аст ва дар китобҳо мастур ва аз зуҳду илми ӯ то ҷаҳон бувад, ҳадис мекунанд.”

(Насиҳатул-мулук, с.145)

Ишора: Мақсуди соҳиби китоб Абдуллоҳ ибни Муборак аст, ки дар миёни урафо ва донишмандон шӯҳрате басазо дорад ва дар “Тазкиратул-авлиё”-и Шайх Аттор порае аз калимоти ҳакимонаи вай нақл шудааст.

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Ҳикояти қозӣ ва ғулом
Via: Ҳикояти қозӣ ва ғулом
Tags: Ҳикояти қозӣ ва ғулом
Previous Post

Некӣ барои худ ва дигарон

Next Post

Як санади торихӣ

Related Posts

Посухи Эрон ба Вазорати хориҷаи Олмон дар мавриди поён додан ба ҷанг
Мавзӯоти доғ

Паёми сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ба мутаҷовизон

May 24, 2026
Иддаои Тромп дар бораи бозгашти тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қабл воқеият надорад
Мавзӯоти доғ

Иддаои Тромп дар бораи бозгашти тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қабл воқеият надорад

May 24, 2026
Шабакаи “Ману ту” ба фаъолияти худ поён дод
Мавзӯоти доғ

Шабакаи “Ману ту” ба фаъолияти худ поён дод

May 24, 2026
Нигаронии зудҳангоми Нетонёҳу аз тавофуқи эҳтимолии Эрон ва Амрико
Мавзӯоти доғ

Нигаронии зудҳангоми Нетонёҳу аз тавофуқи эҳтимолии Эрон ва Амрико

May 24, 2026
Фазилати ҳамнишинӣ бо хонавода
Инсон ва инсоният

Фазилати ҳамнишинӣ бо хонавода

May 20, 2026
Одоби муошират
Инсон ва инсоният

Ахлоқи некӯи Расули Акрам(с)

May 20, 2026
Next Post
Як санади торихӣ

Як санади торихӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Посухи Эрон ба Вазорати хориҷаи Олмон дар мавриди поён додан ба ҷанг

Паёми сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ба мутаҷовизон

May 24, 2026
Иддаои Тромп дар бораи бозгашти тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қабл воқеият надорад

Иддаои Тромп дар бораи бозгашти тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қабл воқеият надорад

May 24, 2026
Шабакаи “Ману ту” ба фаъолияти худ поён дод

Шабакаи “Ману ту” ба фаъолияти худ поён дод

May 24, 2026
Нигаронии зудҳангоми Нетонёҳу аз тавофуқи эҳтимолии Эрон ва Амрико

Нигаронии зудҳангоми Нетонёҳу аз тавофуқи эҳтимолии Эрон ва Амрико

May 24, 2026

Recent News

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Посухи Эрон ба Вазорати хориҷаи Олмон дар мавриди поён додан ба ҷанг

Паёми сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ба мутаҷовизон

May 24, 2026
Иддаои Тромп дар бораи бозгашти тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қабл воқеият надорад

Иддаои Тромп дар бораи бозгашти тангаи Ҳурмуз ба ҳолати қабл воқеият надорад

May 24, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved