Дарсе фаро гирифтам
Достонҳои омӯзанда
Дарси шогирд ба устод
Абӯмуҳаммад ибни Яҳё, донишманди маъруф менависад:
Рӯзе ба иллати беморӣ ва изтирор, нишаста намоз мехондам, иттифоқан аз шогирдам хатое сар зад, бархостам то ӯро танбеҳ кунам. Шогирд гуфт:
— Эй шайх! Барои гуноҳ ва танбеҳи тифле чун ман, бапо хостӣ, вале ибодат ва итоати Худои бузургро нишаста анҷом медиҳӣ?
Шарманда ва хиҷолатзада шудам ва бо тамоми кучакиаш, дарсе бузург аз ӯ фаро гирифтам…
tajnek.com
Тоҷнек
Source:
Дарсе фаро гирифтам
Via:
Дарсе фаро гирифтам



















