Гузашту бахшиш
Сабки зиндагӣ
Паёмбари Акрам(с) кинаи касеро дар дил нигаҳ намедошт ва дар садади интиқом барнамеомад.
Руҳи нерӯмандаш афву бахшоишро бар интиқом тарҷеҳ медод.
Дар ҷанги Уҳуд бо он ҳама ваҳшигарӣ ва иҳонат, ки ба ҷанозаи амуяш Ҳамза ибни Абдулмутталиб раво дошта буданд ва аз мушоҳидаи он ба шиддат дарднок буд, даст ба амали мутақобил бо куштагони Қурайш назад ва баъдҳо, ки ба муртакибони он ва аз он ҷумла Ҳинд зани Абӯсуфён даст ёфт, дар мақоми интиқом барнаёмад, ва ҳатто Абӯқутодаи Ансориро, ки мехост забон ба дашноми онҳо бигушояд, аз бадгӯӣ манъ кард.
Пас аз фатҳи Хайбар, ҷамъе аз яҳудиён, ки таслим шуда буданд, ғизои масмум барояш фиристоданд. Ӯ аз суиқасд ва тавтиаи онҳо огоҳ шуд, аммо ба ҳоли худ раҳояшон кард.
Бори дигар зане аз яҳуд даст ба чунин амале зад ва хост заҳр дар комаш кунад, ки ӯро низ афв намуд.
Абдуллоҳ ибни Убай, сардастаи мунофиқон, ки бо адои калимаи шаҳодат масуният ёфта буд, дар ботини амр аз ин ки бо ҳиҷрати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба Мадина басоти риёсати ӯ барчида шуда буд, адовати он ҳазратро дар дил мепарваронид ва зимни ҳамкорӣ бо яҳудиён, аз коршиканӣ ва кинатӯзӣ ва шойеъасозӣ бар зидди ҳазрат фурӯгузор набуд.
Он ҳазрат на танҳо иҷоза намедод ёронаш ӯро ба сазои амалаш бирасонанд, балки бо камоли мудоро бо ӯ рафтор мекард ва дар ҳоли беморӣ ба иёдаташ мерафт.
Тоҷнек
tajnek.com



















