Номаҳои ӯ бо салому сулҳ буд
Фазилатҳо ва вижагиҳои Паёмбари Акрам (с)
Мактаби инсоният
Аз ошкортарин сифоти Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин буд, ки ғурури пирӯзӣ ӯро намегирифт, чунонки дар бозгашт аз набарди Бадр ва фатҳи Макка нишон дод. Ва низ аз шикаст ноумед намешуд, ҳамон тавр, ки шикасти Уҳуд бар вай таъсир надошт. Ва низ паймоншикании Банӣ Қурайза ва пайвастани онон ба сипоҳи Аҳзоб, бар руҳияи ӯ таъсире нагузошт.
Сифати дигари ӯ нармии ҳамроҳ бо салобат буд. Бо ёрон ва қавми худ рафторе мубтанӣ бар ҷазб ва ислоҳ дошт ва руҳи эътимод ва оромишро дар миёни онҳо тақвият мекард.
Ба кучак раҳм мекард, бузургро гиромӣ медошт, ятимро хушнуд карда ва паноҳ медод, ба фақирон ва мискинон некӣ ва эҳсон мекард, ҳатто ба ҳайвонот ҳам тараҳҳум менамуд ва аз озори онҳо наҳй мекард.
Аз муҳимтарин намунаҳои инсонияти Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ин буд, ки он ҳазрат нерӯҳоеро, ки барои ҷанг бо душман эъзом мекард, ба дӯстӣ ва мудоро бо мардум ва адами юриш ва шабихун алайҳи эшон васият ва суфориш мефармуд. Ӯ бештар дӯст дошт душманро ба сӯи сулҳ бикашонад, на ин ки мардони эшонро бикушад.
Ӯ ба сулҳи комил дар ҷаҳон даъват мекард ва аз ҷанг, ҷуз ба ҳангоми зарурат ва ночорӣ, парҳез дошт.
Номаҳое, ки ба сӯи подшоҳон мефиристод, ба салому сулҳ ороста ва музайян буд ва саломро барои оғози калом дар дидор байни фарзандони Одам қарор дода буд.
Тоҷнек
tajnek.com



















