• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Мунаҷҷиме мебояд

February 10, 2026
in Инсон ва инсоният
0
Меҳмоншо Шарифзода

Меҳмоншо Шарифзода

0
SHARES
29
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мунаҷҷиме мебояд

Ёддошти Меҳмоншо Шарифзода

“Инсон устурлоби ҳақ аст ва мунаҷиме мебояд то ин устурлоб бидонад…”

Мавлоно

… Имрӯз #вазъи_фарҳанги_сиёсии мо ин аст, ки Тоҷикон чӣ дар дохил ва чӣ дар берун, чӣ мувофиқ ва чӣ мухолиф наметавонанд фазои солими фарҳанги-сиёсӣ ташкил кардан. Яъне ҳануз дар буҳроне ҳастем фарогир. Берун аз сарзамин ин мардумро ҳамчун ‘гиёҳ’ (сабзавот, vegetable) баҳо доданд ва дар дарун қавме ҳам аз номи онҳо фасод, дуздӣ ва дурӯғро дар ҷомеъа ниҳодина кардаанд. Дувоздаҳ сол пеш дар мақолае, ки зери унвони “Сустаносир: ошнои ношинос” нашр шуда буд навишта буданд, ки “#давраи_тиллоии_сустаносир фаро расидааст” ва “…ҳастии ҳамин сустаносир аст, ки мафҳумҳои Худӣ, ҳақиқат, озодӣ, ҳуввият, сиёсат, фарҳанг ва дигар арзишҳо, идеяҳо ва идеалҳо дар раванди ҳаёти мо ҳанӯз бо маънии аслии хеш нестанд.” Дақиқан ҳукумронии бистучанд солаи сустаносирҳо мардумро ба чунин ҳолат расонида…Ин падидаест, ки шояд ҳама мардуми дунё метавонанд рӯ ба рӯ шудан ва қисме ҳам аз сар гузаронидаанд. Шояд муддати сиву чанд соли охир, ки мардум нисбат ба сиёсат, ҷомеъа ва давлатдорӣ ва умуман ҳаёти худ мавқеъи бетарафӣ ишғол карданд, ва бо фасод, дуздӣ ва ҷаҳл муқовимат накарданд, ва ихтиёри худро ба дасти қабилае бефарҳанг супурданд, сабаби аслии ин ҳолат бошад. Ин намунаи равшани ҳукумронии сусtаносирҳост, ки тавонистанд Тоҷикистони хастаро харобтар ва бечоратар кардан. Ҳастанд мардуме, ки дар гушаҳое аз ин сарзамин дур аз дарки мушкилиҳои мардум роҳате доранд ва дар ин пиндоранд, ки #гӯёчиземегузарад вале дар асл воқеъият ҳамин аст, ки дорем. Бубинед бо тоҷикон чӣ карданд ва чӣ мекунанд…

Имрӯз сари тоҷик зери пойи фашисти русист ва ҳар чӣ онҳо хостанд ӯ ҷавоб медиҳад. Бо барқ азобашон медиҳанд, зада чашмашро мекафонанд ва ё гуши Тоҷикро мебуранд ва дар даҳонаш меандозанд ва кордеро, ки гуши Тоҷикро буридаанд ба даҳ миллиони русӣ мефурушанд. Дар раванди тафсири ин рӯйдодҳо, яке аз онҳо (Тоҷикон) “сабзавот” (овощи), дигаре “баррачаҳои тарсону ҳайрон”, сеюми “тоҷикони нимҷон” ва ғайра ном мебаранд. Бале ин ҳолат, дар хунукии Руссия бе либос, зери мушту лагати фашист-сарбозони русӣ, ки бо иттиҳоми терорист даcтгир шудаанд ин мардум муқовимате надоранд ва аз забони онҳо ҳарфи хилоф намебарояд. Дар ин ҳолат онҳо танҳо сабзавотанд ва ҳатто мурғ, ки баъзе антропологҳо бо шухи “сабзавоти бо сару садояш” (#noisy_vegetable) меноманд, нестанд. Акнун ин мавҷудест, ки аз Равшану Ҷамшуд ҳам поинтар, кӣ аз худ ҳимоят кардан наметавонад ва орзуву умед ҳам дар вуҷуди ӯ кушта шудаанд…

Ин мавҷудест, ки дар адабиёти сиёсии имрӯзаи ғарб бо номи “муселман” ҳам (#Muselmann) ёд мешавад. Ин намуди одамонест, ки аслан ба Ислом ва мусалмон ягон рабте надорад ва ин мафҳум аз забони фашистоне гирифта шуда, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон мардуми яҳудии ҷисман ва руҳан хаста ва шикастаро меномиданд. Фашистон ҳама гуна хоҳиш ва орзуро дар вуҷуди ин маҳбусон мекуштанд. Ин маҳбусҳо дар лагерҳои фашистӣ дар ҳоле хомӯш ва беҳаракат чун як мусалмон, ки дар намоз ҳама чизро фаромӯш мекунад ва ба зикр машғул аст, меистоданд. Шояд афсарони фашист ба ин хотир ин номро ба маҳбусони яҳудӣ монда буданд. Нишони зиндагӣ дар ин маҳбусон набуд ва бо гуфти Примо Леви, нависандаи яҳудитабори итолиё, онҳо дар чунин ҳолати харобии ҷисмонӣ ва инкори вуҷудӣ буданд, ки “кас шарм мекард онҳоро зинда гуфтан: кас шарм мекард марги онҳоро марг гуфтан”. Ин падидаро аввал Примо Леви, ки худ таҷрубаи будан дар логерҳои фошистиро дошт дар китоби худ “Агар ҳамин одам бошад” (If This Is a Man) тавсиф кардааст ва баъдан файласуфи итолиёӣ Агамбен пайдо шудани чунин намуди одамҳоро натиҷаи био-сиёсати қисмате аз давлатҳои дунё медонад…

***

…Дақиқан, масъалаи барои мо дарднок ин аст, ки чиро Тоҷик то ба ин сатҳ расонида шудааст, ки #худшинос нест ва #худро_соҳиби_кардан_наметавонад. Кӣ фардияти Тоҷиконро шикаста, кӣ дигарон аз онҳо барои корҳои пасту торики худ истифода мекунанд? Чиро ин мардум руҳан ва ҷисман хаста ва шикастаанд ва мавҷуде ҳастанд, ки тавони муқовимат ва мубориза барои ҳақи худ, барои шарофати инсонии худро надоранд? Чиро наметавонанд барои худ ва фарзандони худ фазои солим ташкил кардан? Ин қавм аз кадом мактаб, аз кадом донишгоҳ, аз кадом муҳити фарҳангӣ, аз кадом ҷомеъа ва аз кадом сарзамин берун омадаанд? Ин сарзамин чӣ ном дорад? Кӣ сафи ҳаросафканон, бунёдагроҳо ва серпаратистҳоро аз ҳисоби Тоҷикон зиёд ва зиндонҳоро аз онҳо пур мекард ва мекунад…

#Cустаносир мавҷудест, ки дар ҳамин солҳои “сиёсати хирадмандона” шакл гирифтааст ва ин натиҷаи ҳамин бо ном “#инқилоби_фарҳангӣ_маънавист”, ки Фаттоҳзода, Мирзоён ва дигар #идеолог_пропогандистҳои ин ҳукумати фасодзада, дузд ва дуруғгӯ дар назар доштанд ва доранд. Дақиқан ҳарфҳои пропогандистҳои ин ҳукумат мисли Маҳмадов, Мирализода, Талбаков, Раҳнамо ва дигарон ҳамин аст, ки Тоҷикони дар ин террорҳои Шероз, Кирмон, Истамбул ва Маскав иштирок карда обруйи ‘давлату миллати’ Тоҷикистонро резонидаанд. Зимнан, солҳои охир ҳама ниҳодҳои ‘илми-таҳқиқотӣ’, пажуҳишгоҳҳои академияи илмҳо, донишгоҳо ва мактабҳо ба марказҳои таблиғотии ҳукумати шахсишуда ва фасодзада табдил ёфтаанд. Илм, дониш ва фикр ҳама ҷо дар сояи афсона (дуруғ) мондааст. Масалан Мирализода мегуяд “Дар ин бозии хатарнок имиҷӣ давлату миллат дар миён гузошта шудааст” ё Маҳмадов, ки баъди воқеъаҳои Кирмон, ки зиёда аз навад одам кушта шуда буд, дар бораи “хавфи репутатсонӣ” навишт, ки гуё будани Тоҷикон дар ин ҳодисаҳо ба имиҷ ва обруйи Тоҷикистон таъсиргузоранд. Умуман ин қавми беномус ҳеҷ аз ақл ва мантиқ кор намегиранд, ки дар ин сарзамин чӣ мегузарад…

Имрӯз ин фоҷеаҳо, ки дар дохил ва беруни ин сарзамин такрор мешаванд #реша_дар_воқеъияти_Тоҷикистон доранд. Ин на танҳо воқеъият балки як ҳақиқатест, ки бо ягон баҳсу ҳарфи дигар чаканпуш кардан намешавад. Шумо барвақт симои давлати Тоҷикон ё ба истилоҳи #шумо_имиҷи ‘#давлату_миллат’-ро #таҷовуз_кардаед. Раванди миллатшавии ин мардумро шикастед ва роҳбарони шумо субъектҳои дигар давлатҳоянд ва мушкил аст дар бораи истиқлоли давлатӣ ва имиҷӣ шумо ё симоӣ имрӯзаи давлат чизе боарзиш гуфтан…

Аслан #пропогандистҳои ин низоми бефарҳанг мисли #муллоҳои_толибон ҳамеша воқеъиятро фаромуш мекунанд, ва ҳеҷ гоҳ аз воқеъият ҳарф намезананад, ва фикру кӯшиши дигар кардани воқеъиятро надоранд. Аз сиёсат дур будан ва танҳо ба бозии сиёсат машғул будан яке аз умумияти асосии пропагандистҳои ҳукумати худкомаи Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон аст. Дар ин сарзамин бояд фазоӣ нави будан шакл мегирифт, ки ин колхозчиҳо аз уҳдааш набаромаданд ва зиндагии лучи мардумро бо ягон шакли солими ҳаёти пушонидан натавонистанд. Ба ҷои #фазои_ягонаи_модди_иқтисодӣ, #фазои_ягонаи_сиёси_иҷтимоӣ ва #фазои_ягонаи_солими_равонӣ (Лафевебре) имруз се фазои баръаксро дар Тоҷикистон шакл доданд, 1) #фазои_душмансозӣ, (2) #фазои_дуздиву_дуруғ ва (3) #фазои_номуаянӣ_ва_ноумедӣ. Гузашта аз ин, чӣ гунае ки қайд кардем, ҳукумат ва давлатдориро шахсӣ ва соягӣ карданд. Табиист, ки дар чунин муҳит ҳатман ҳамин гуна субъектҳо шакл мегиранд. Дар муддати ин солҳо ин ҳукумати шахсишуда, аз як сӯ, сафи террористонро бо Тоҷикону Тоҷикистониён пур ва аз дигар сӯ, мухолифони сиёсии худро ‘бунёдгаро’, ‘ҳаросафкан’ ва ‘сепаратист’ гуфта зиндонӣ ва аз фазои сиёсӣ ва аз мамлакат берун мекард…

Дар ин сарзамин дигар ҷомеаи шаҳрвандӣ вуҷуд надорад ва агар дорад сахт за’иф ва парокандаву хомӯш аст. То ҷое, ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон вуҷуд дошт, ки ба таври ваҳшиёна саркӯб карда шуд ва дар ин раванд рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро террор ва зиндонӣ карданд…

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Мунаҷҷиме мебояд
Via: Мунаҷҷиме мебояд
Tags: Мунаҷҷиме мебояд
Previous Post

Тромп аз ҷанги дарозмуддат ҳарос дорад

Next Post

Раиси кумитаи амнияти Қирғизистон барканор шуд

Related Posts

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли
Инсон ва инсоният

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

February 10, 2026
Мавлоно
Инсон ва инсоният

Меҷӯям ба ҳарсӯ одаме

February 10, 2026
Супориш ба ахлоқи зебо
Инсон ва инсоният

Супориш ба ахлоқи зебо

February 10, 2026
Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли
Инсон ва инсоният

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

February 10, 2026
Одобномаи гуфтор
Инсон ва инсоният

Одобномаи гуфтор

February 9, 2026
Гузашту бахшиш
Инсон ва инсоният

Гузашту бахшиш

January 31, 2026
Next Post
Раиси кумитаи амнияти Қирғизистон барканор шуд

Раиси кумитаи амнияти Қирғизистон барканор шуд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

February 10, 2026
Мавлоно

Меҷӯям ба ҳарсӯ одаме

February 10, 2026
Супориш ба ахлоқи зебо

Супориш ба ахлоқи зебо

February 10, 2026
Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

February 10, 2026

Recent News

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

February 10, 2026
Мавлоно

Меҷӯям ба ҳарсӯ одаме

February 10, 2026
Супориш ба ахлоқи зебо

Супориш ба ахлоқи зебо

February 10, 2026
Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

February 10, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

February 10, 2026
Мавлоно

Меҷӯям ба ҳарсӯ одаме

February 10, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved