• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

February 10, 2026
in Инсон ва инсоният
0
Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

0
SHARES
14
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавеллӣ ва донишмандони исломӣ

Бахши аввал

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пешгуфтор

Робитаи ахлоқ ва сиёсат ва таомули ин ду бо якдигар, яке аз дағдағаҳои аслии фалосифаи сиёсӣ ва соҳибназарон дар тӯли таърих будааст. Ба унвони мисол, дар нигоҳи Арасту, сиёсат василае барои “расидан ба саодат ва зиндагии ахлоқӣ” аст. Вай дар китоби “Ахлоқи никумохусӣ” (Nikomachische Ethik = Никомахова этика), ахлоқро ба унвони даромаде бар сиёсат мешиносад ва пайванд миёни ин ду мафҳум, зербинои тафаккури фалсафии ӯро ташкил медиҳад. Зеро ӯ сиёсатро “дониши бартар” ва ғояти онро “хайри инсон” талаққӣ мекунад, яъне ҳамон чизе, ки илми ахлоқ дар пайи он аст.

Никколо Макиавеллӣ (Niccolò Machiavelli), файласуфи сиёсӣ, шоир, оҳангсоз ва намоишноманависи машҳури итолиёӣ, ки муқорини давраи ренусонс (renaissance ё ҳамон давраи навзоӣ) зуҳур кардааст, мӯътақид ба “тафкик ва ҷудоии ҳавзаи ахлоқ аз сиёсат” буд ва тавсияҳоеро дар ин замина ба шаҳриёрон арза медорад. Барои намуна, ба шаҳриёр (ҳоким) тавсия мекунад, ки дар зоҳир бояд нишон диҳад, ки рафтори ӯ бар тақво ва ахлоқ устувор аст, вале дар айни ҳол, аз ҳар василае дар ҷиҳати мустаҳкам кардани қудрати худ истифода намояд. Аз назари ӯ, давлатҳоро наметавон бо дуо ва мавъизаи Масеҳ идора кард, зеро дар бисёре аз маворид, ногузиранд бар хилофи усули ахлоқӣ амал кунанд. (Gaetano Mosca ва Gaston Bouthoul, Таърихи ақоид ва мактабҳои сиёсӣ аз аҳди бостон то имрӯз, тарҷумаи Ҳусайн Шаҳидзода, с.135. Ба нақл аз рисолаи: “Муҳимтарин омӯзаҳои назарии Макиавеллӣ”)

Макиавеллӣ огоҳона амали хилофи ахлоқро дар сиёсат тавсия мекунад, ва тоза дар аксари маворид, аз додани чунин тавсияҳое пӯзиш металабад ва барои тавҷеҳи амалаш чунин далел меоварад, ки: “чун мардум зотан бадҷинс ва бадниҳод ҳастанд, бояд бо шайтанат бо онҳо рафтор кард…” (Ҳамон манбаъ, с.135)

Инак, нигоҳе кӯтоҳ ба дидгоҳҳои сиёсии Макиавеллӣ ва сипас назаре ба ҷойгоҳи ахлоқ дар сиёсат аз назари Ислом ва донишмандони исломӣ аз қабили Форобӣ, Ибни Сино, Ғаззолӣ ва ғайра намуда, доварӣ ва қазоват дар ин заминаро бар ӯҳдаи худи хонандагони гиромӣ мегузорем.

* * *

Макиавеллӣ кист?

Никколо Макиавеллӣ (Niccolò di Bernardo dei Machiavelli) дар 3 майи соли 1469 дар Флоренсиёи Итолиё ба дунё омад ва дар 21 июни 1527 даргузашт. Макиавеллӣ зиндагии худро сарфи сиёсат кард. Бо ин ки бархе ӯро ба иттиҳоми “ҳимоят аз ҳукумати иқтидоргаро ва ситамгар” мавриди ҳамла қарор додаанд, вале дар Мағрибзамин донишмандони ҳомии ӯ низ андак нестанд. Фалосифаи ҳомии вай мӯътақиданд, ки Макиавеллӣ як воқеънигар (реалист) буд ва ашёро ҳамон тавр, ки ҳастанд тавсиф кардааст. Масалан, Фрэнсис Бэкон (Francis Bacon), файласуф ва сиёсатмадори шаҳири ангилисӣ, дар бораи Макиавеллӣ чунин мегӯяд:

“Мо ба касоне ҳамчун Макиавеллӣ мадюнем, ки ҷаҳони сиёсат ва раҳбарони онро он тавре, ки ҳаст, ба мо нишон медиҳанд, на он тавре кӣ бояд бошад…”

Ба ҳар ҳол, иллати он иттиҳомҳо навиштани китобе ба номи “Шаҳриёр” (Il Principe = Государь) аст, ки онро барои хонаводаи Медичӣ, ҳокимони Флоренсиё навиштааст.

 

Нигоҳе ба муҳимтарин дидгоҳҳои Макиавеллӣ

Бар асоси китоби “Шаҳриёр” ва ҳамчунин китоби “Гуфторҳо”, муҳимтарин дидгоҳҳои Макиавеллиро метавон ба шарҳи зайл баён кард:

1) Асли мустаҳкамсозӣ ва ҳифзи қудрати сиёсӣ:

Макиавеллӣ, бар хилофи омӯзаҳои файласуфони пешин ба вежа Афлотун ва Арасту, саодати давлатро на дар пойбандӣ ба фазоили ахлоқӣ, балки дар “мустаҳкам кардани пояҳои ҳукумат ва қудрат ва фармонбардории шаҳрвандон” медонист. Ӯ дар ин росто, ба сароҳат раҳбарони сиёсиро аз пойбандӣ ба фазоили ахлоқӣ муоф медонад ва пойбандӣ ба фазоили ахлоқиро бо “ҳифзи қудрат” дар таъоруз медонад. Макиавеллӣ дар фасли 18-уми китоби “Шаҳриёр” мегӯяд:

“Ҳама медонанд, ки чӣ некӯст агар шаҳриёр дар гуфтор содиқ ва дурустқавл бошад ва дар амал дурусткирдор, вале бо ин вуҷуд, таҷрибаҳои рӯзгори мо нишон додааст подшоҳоне, ки корҳои бузург анҷом додаанд, онҳое будаанд, ки ба покдилӣ арҷе наниҳодаанд ва бо зиракӣ ва найранг тавонистаанд саранҷом бар касоне, ки ростӣ ва дурустӣ пеша кардаанд пирӯз шаванд…” (Machiavelli, N. The Prince ed and trans. Peter Bondanella, Oxford University, Press, 1998, Chapter XVIII, p.58. Ба нақл аз рисолаи: “Муҳимтарин омӯзаҳои назарии Макиавеллӣ”)

“Мардум он қадр содда ва дарбанди ниёзҳои рӯзмарраи худ ҳастанд, ки ҳар гоҳ касе бихоҳад ононро гӯл бизанад, ба осонӣ муваффақ хоҳад шуд…” (Ibid, p.59)

Макиавеллӣ ба шаҳриёр раҳнамуд медиҳад, ки барои пешбурди аҳдоф, танҳо ба қонун ва равишҳои ахлоқӣ такя накунад, балки дар сурати ниёз, аз равишҳои ғайриинсонӣ (ва ба таъбири худаш, ҳайвонӣ) низ баҳра ҷӯяд. Мегӯяд:

“… Ночор бояд тасдиқ кард, ки роҳи амал беш аз ду роҳ нест: яке, рафтори мунтабиқ бо қонун ва ахлоқ, ва дигаре, ба кор бурдани зӯр. Роҳи нахуст вежаи инсон аст, ва роҳи дуввум вежаи ҳайвон. Аз он ҷо, ки роҳи нахуст тақрибан ғайримуассир аст, пас баночор ва аз рӯи ниёз, бояд ба роҳи дуввум паноҳ бурд…” (Machiavelli, The Prince, Edited by Q. Skinner & Russell Price, Cambridge University Press, 2003, p.61. Ба нақл аз рисолаи: “Муҳимтарин омӯзаҳои назарии Макиавеллӣ”)

Макиавеллӣ доштани хислатҳои шеру рӯбоҳ ва ба кор бурдани оқилонаи онҳоро барои подшоҳ зарурӣ медонад. Шер мазҳари шуҷоат ва диловарӣ ва рӯбоҳ намояндаи макру найранг аст. Пас, шаҳриёр бояд ба сифатҳои рӯбоҳ ошно бошад, ки домҳоро тамйиз диҳад ва бояд шерсифат бошад, ки гургро фирорӣ диҳад. (Ibid, p.61)

Макиавеллӣ дар пойбанд набудани подшоҳ ба ваъдаи худ ба ҳангоми маслиҳатандешӣ, ба вазъияти ахлоқии мардум ишора мекунад ва мегӯяд:

“… Аз он ҷое, ки ағлаби мардум шариф нестанд ва қавлу ваъдаи худашонро нисбат ба шаҳриёр нигоҳ намедоранд, шаҳриёр низ набояд бар сари қавлу аҳди худ нисбат ба мардум истодагӣ кунад ва ҳеч подшоҳе барои бадқавлӣ (бадаҳдӣ)-и худ, гирифтори зарару зиён нашудааст… (Ibid. 62)

* * *

2) Ҷудоии ахлоқ аз сиёсат:

Чунонки дар пешгуфтор ишора шуд, Арасту рисолае дорад бо унвони “Ахлоқи никумохусӣ” (Nikomachische Ethik = Никомахова этика). Вай ин рисоларо ба унвони дебочае бар рисолаи “Сиёсат”, асари гаронсанги дигараш, ба риштаи таҳрир даровард ва ҳадафаш, баёни ин матлаб буд, ки ин ду (ахлоқ ва сиёсат) аз ҳам ҷудонопазиранд. Аммо Макиавеллӣ барои ҳоким (на барои тӯдаи мардум) дар сурати зарурат ва маслиҳат, пойбанд набудан ба усули ахлоқиро ҷоиз шумурд. Албатта, рӯи сухани Макиавеллӣ бо шаҳриёрон аст, на тӯдаи мардум. (The Prince, N. Machiavelli, Oxford University Press, 1998, p.60. Ба нақл аз рисолаи: “Муҳимтарин омӯзаҳои назарии Макиавеллӣ”)

Омӯзаҳое монанди паймоншиканӣ, истифода аз найрангу макр дар пешбурди аҳдоф, бакоргирии хислатҳои ҳайвоноте монанди шеру рӯбоҳ (диловарӣ ва макр), тазоҳур ба ахлоқ ва рафтори нек ба вежа тазоҳур ба диндорӣ ба манзури нуфуз дар қалбҳои тӯдаи мардум, фиреби онон ва ғайра аз равишҳои ғайриахлоқӣ, ба ҳукми маслиҳати сиёсӣ, аз назари Макиавеллӣ ҷоиз шумурда мешаванд. Макиавеллӣ медонист, ки тӯдаи мардум навъан бар асоси зоҳир ва он чи мебинанд ё мешунаванд, доварӣ мекунанд. Аз ин рӯ, тазоҳур ба сифатҳои писандида ба вежа диндориро барои ҳоким матлуб мешумурд. Дар ин замина Макиавеллӣ менависад:

“Доварии мардум, дар чашмҳои онҳост, на дар дастҳояшон; ба ин маънӣ, ки ҳама метавонанд бибинанд, вале фақат гурӯҳи андак метавонанд ламс кунанд. Ҳамчунин ҳар кас шуморо он гуна, ки ба назар меойед мушоҳида мекунад, вале гурӯҳи андаке медонанд шумо (воқеан) чӣ гуна ҳастед. Ва он гурӯҳи андак ҷуръати мухолифат бо ақидаи аксариятро, ки шаҳриёрро ба зоҳираш ҳукм мекунанд, надоранд… (Machiavelli (2003), The Prince, p.63. Ба нақл аз рисолаи: “Муҳимтарин омӯзаҳои назарии Макиавеллӣ”)

Макиавеллӣ, бо таваҷҷӯҳ ба табиати фузунталаби инсон мӯътақид буд, ки шаҳриёр ва соҳиби қудрат бояд ҷиҳати ҳифзи масолеҳи худ (ки масалан масолеҳи кишвар низ ҳаст), фузунталабии мардумро маҳор кунад ва дар ин роҳ аз ҳар василае суд ҷӯяд. Макиавеллӣ шаҳриёрон ва ҳокимонро ба зӯргӯӣ ва тарсондани мардум фаро мехонад. Дар фасли 17-уми китоби “Шаҳриёр”, Макиавеллӣ дар воқеъ суолеро матраҳ менамояд, ки: “Оё барои подшоҳ беҳтар аст, ки аз ӯ битарсанд ё ба ӯ ишқ биварзанд?» Макиавеллӣ дар посух, тарси мардум аз ҳокимро бар ҷалби муҳаббати онон ба шарти адами эҷоди танаффур тарҷеҳ медиҳад ва мегӯяд:

“… Мардум дар рафторашон нисбат ба касе, ки худро меҳрубон ва маҳбуб нишон медиҳад, чандон таваҷҷӯҳ надоранд, дар сурате, ки бештар нисбат ба он касе, ки худро тарснок ҷилва додааст, мутаваҷҷеҳ мебошанд. Зеро муҳаббат фақат бо як таваҷҷӯҳи отифӣ пайдо мешавад, ва чун башар зудранҷ аст, ин ришта бо таҳрики як манфиати кучак қобили пора шудан аст, вале тарс ин гуна нест. Тарс вобаста ба муҷозот аст, ва ин ришта ҳаргиз суст намешавад. Як подшоҳи дурандеш бояд тарсро чунон оқилона побарҷо кунад, ки агар натавонад ҷалби муҳаббат кунад, ҳаддиақал манфур нашавад…” (Machiavelli, The Prince, chapter XVII: On Cruelty and Mercy, and Whether It Is Better to be Loved Than To Be Feared or the Contrary, pp.55-57. Ба нақл аз рисолаи: “Муҳимтарин омӯзаҳои назарии Макиавеллӣ”)

Албатта, ӯ ҳушдор медиҳад, ки: подшоҳ бояд мутаваҷҷеҳ бошад, ки ба номусу моли мардум дастдарозӣ накунад, зеро мардум марги падарро зудтар аз моли падар фаромӯш мекунанд. (Machiavelli, N. The Prince Ibid, p56. Ба нақл аз рисолаи: “Муҳимтарин омӯзаҳои назарии Макиавеллӣ”)

Ба сухани дигар, Макиавеллӣ дар айни баёни лузуми бакоргирии “тарс” тавассути ҳоким, аммо андоза нигаҳ доштан ва парҳез аз эҷоди нафрат бо тасоҳуби норавои амволи мардумро барои ҳоким тавсия мекунад, зеро ба бовари вай, ин амал сабаби норизоятӣ ва шӯриш алайҳи подшоҳ метавонад бишавад. (Ibid, Chapter VIII, P 33)

* * *

3) Дин аз назари Макиавеллӣ:

Макиавеллӣ ба дурустӣ ва нодурустии омӯзаҳои динӣ коре надорад. Он чи барои ӯ муҳим аст, таъсири дин дар афзоиши қудрати зимомдорон аст. Бинобар ин, аз назари вай дин бояд дар ҷомеа тақвият шавад ва мавриди истифода қарор гирад. Аз назари вай, ҳатто метавон аз хурофот, фолбинӣ ва пешгӯӣ ба номи дин баҳрабардории абзорӣ кард. Зеро инҳо метавонад дар мавориде мӯҷиби ангезиш ва пӯёии сарбозон ва коргузорон шавад. (Гуфторҳо, китоби нахуст, фасли 11-ум ва 14-ум. Ба нақл аз рисолаи “Макиавеллӣ ва нигариши нав ба ахлоқ ва сиёсат”)

Аммо дини мавриди назари Макиавеллӣ, дини Руми қадим яъне қабл аз масеҳият буд, на дини калисои котулик. Зеро, аз назари вай, калисо арзишҳои инҷаҳониро ночиз мешуморад, аҳдофи дунявиро таҳқир мекунад, мардумро фақат ба шикебоӣ ва бурдборӣ фаро мехонад ва барои пазириши тақдир ва сабр дар баробари душвориҳо арзиши фаровон қоил аст. Дар омӯзаҳои калисо, хайре аз беҳрӯзии инҷаҳонӣ нест.

Макиавеллӣ медид, ки усули инзивогароёна ва дунёситезонаи калисо мардумро, ба гуфтаи ӯ, забун ва нотавон сохта ва ҳамчун шикоре осон ба доми бадсиголон дарандохтааст. Мардум бо умеди расидан ба “фирдавси барин” ҷомаи истодагӣ ва мубориза ва далериро аз тан ба дар карда ва тозиёнаҳои дарду ҳирмонро ба ҷон мехаранд: “Онон тирабахтоне ҳастанд фурӯ ғалатида дар ҳовияи ҷабргароии фиребкорона…” (Ҳамон манбаъ, китоби дуввум, фасли дуввум)

Макиавеллӣ бар ҷабини калисои котулик нури растгорӣ намедид. Калисои котулик на тавониста буд маънавиятро дар ҷомеа пойдор ва устувор созад ва на дунёи мардумро обод кунад.

Бо ин шароит ва авзоъ, Макиавеллӣ аз дини калисо рӯй мегардонад ва гумшудаи хешро дар мазҳаби Руми бостон меҷӯяд. Ӯ дар таърихи Руми бостон фазилат, озодӣ ва қонунро ҷустуҷӯ мекунад. Бозхонӣ ва бозофаринии таърихи Рум аз сӯи Макиавеллӣ, нуқтаи оғозини ҷойгузинии омӯзаҳои башарӣ ба ҷои аҳкоми калисост.

Леу Штроус (Leo Strauss) дар “Фалсафаи сиёсӣ чист?” менависад:

“Тамҷид аз мазҳаби Руми бостон дар воқеъ интиқоде талвеҳӣ бар мазҳаби Руми ҷадид яъне масеҳият аст ва Макиавеллӣ ба ҳамон далеле мазҳаби Руми бостонро мавриди тамҷид қарор медиҳад, ки нависандагони озодандеши мухолифи Қайсар, ки дар айни ҳол дар қаламрави қудрати ӯ мезиистанд, Брутус (Brutus) — душмани Қайсарро мавриди тамҷид қарор медоданд…” (Фалсафаи сиёсӣ чист?, с.286, Ба нақл аз рисолаи “Макиавеллӣ ва нигариши нав ба ахлоқ ва сиёсат”)

Чунонки гуфтем, Макиавеллӣ коре ба дурустӣ ё нодурустии дин надошт. Ӯ сирфан ба таъсироти иҷтимоӣ ва сиёсии дин менигарист. Агар Макиавеллӣ бо қудрати Поп мухолиф буд, аз он рӯ буд, ки қудрати Поп натавониста буд барои Итолиё ваҳдат ва ҳамбастагӣ ба армуғон оварад. Дар воқеъ, дин дар назари вай, абзори қудрат ба шумор меомад, ки метавонист дар мустаҳкам кардани пояҳои қудрати кишвар мадад бирасонад. Яъне талаққии Макиавеллӣ аз дин, як талаққии судгароёна буд.

Дар қисмати баъдӣ, иншоаллоҳ дар бораи робитаи ахлоқ ва сиёсат дар Ислом ва аз назари донишмандони исломӣ баҳс ба амал хоҳем овард.

Идома дорад…

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли
Via: Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли
Tags: Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли
Previous Post

Аз санам то Самад

Next Post

Супориш ба ахлоқи зебо

Related Posts

кӯдакон
Инсон ва инсоният

Лаззат ва ширинии зиндагӣ

February 10, 2026
Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли
Инсон ва инсоният

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

February 10, 2026
Мавлоно
Инсон ва инсоният

Меҷӯям ба ҳарсӯ одаме

February 10, 2026
Супориш ба ахлоқи зебо
Инсон ва инсоният

Супориш ба ахлоқи зебо

February 10, 2026
Меҳмоншо Шарифзода
Инсон ва инсоният

Мунаҷҷиме мебояд

February 10, 2026
Одобномаи гуфтор
Инсон ва инсоният

Одобномаи гуфтор

February 9, 2026
Next Post
Супориш ба ахлоқи зебо

Супориш ба ахлоқи зебо

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
кӯдакон

Лаззат ва ширинии зиндагӣ

February 10, 2026
Саидуддини Фарғонӣ

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

February 10, 2026
Қорӣ Ишкамба

Қорӣ Ишкамба

February 10, 2026

Recent News

кӯдакон

Лаззат ва ширинии зиндагӣ

February 10, 2026
Саидуддини Фарғонӣ

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

Чӣ андоза ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем

February 10, 2026
Қорӣ Ишкамба

Қорӣ Ишкамба

February 10, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

кӯдакон

Лаззат ва ширинии зиндагӣ

February 10, 2026
Саидуддини Фарғонӣ

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved