Дил баркан
Мактаби инсоният
Бармакан паррову дил баркан аз ӯ,
З-он ки шарти ин ҷиҳод омад адӯ.
(Мавлоно)
Хитоб ба товус аст, мегӯяд: эй товус!
Пару боли худро макан, балки дил аз пару боли зебои худ бикан, зеро шарти ҷиҳод бо нафс, вуҷуди душман аст.
Ҳамон тавр, ки ҳеч пайкори бурунӣ бидуни душман маънӣ надорад, ҷиҳоди дарунӣ низ бидуни вуҷуди душмани нафс бемаврид аст, чунонки сӯфиён дар маънии фақр низ ин нуктаро гуфтаанд:
фақр, фуқдони ғино нест, балки фуқдони майл ва рағбат ба ҳар гуна ғиност.
Тоҷнек
tajnek.com
Source:
Дил баркан
Via:
Дил баркан




















