• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Ахлоқи ҳамидаи Имом Зайнулобидин

February 18, 2026
in Инсон ва инсоният
0
Ахлоқи ҳамида

Ахлоқи ҳамида

0
SHARES
16
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ахлоқи ҳамидаи Имом Зайнулобидин

Мадрасаи инсоният

Абдулмалик ибни Марвон, баъд аз 21 сол ҳукумати истибдодӣ, дар соли 86 ҳиҷрӣ аз дунё рафт. Баъд аз вай, писараш Валид ҷонишини ӯ шуд. Валид барои он ки аз норизоятиҳои мардум бикоҳад, бар он шуд, ки дар равиши дастгоҳи хилофат ва тарзи муомила ва рафтор бо мардум таъдиле бинамояд. Махсусан дар мақоми ҷалби ризояти мардуми Мадина — ки яке аз ду шаҳри муқаддаси мусалмонон ва маркази тобеин ва боқимондагони саҳобаи Пайғамбар ва аҳли фиқҳу ҳадис буд. Аз ин рӯ, Ҳишом ибни Исмоили Махзунӣ, падарзани Абдулмаликро, ки қаблан ҳокими Мадина буд ва ситамҳо карда буд ва мардум ҳамвора орзуи суқути вайро мекарданд, аз кор барканор кард.

Ҳишом ибни Исмоил дар ситам ва тавҳин ба аҳли Мадина бедод карда буд. Саид ибни Мусаййиб, муҳаддиси маъруф ва мавриди эҳтироми аҳли Мадинаро ба хотири худдорӣ аз байъат, 60 тозиёна зада буд ва ҷомае дурушт бар вай пӯшонда, бар шутуре савораш карда, давр то даври Мадина гардонда буд. Ба хонадони Алӣ алайҳис-салом ва махсусан меҳтар ва сарвари онҳо, Имом Алӣ ибни Ҳусайн Зайнулобидин алайҳис-салом, беш аз дигарон бадрафторӣ карда буд.

Валид, Ҳишомро маъзул сохт ва ба ҷои ӯ Умар ибни Абдулазиз, писарамуи ҷавони худро, ки дар миёни мардум ба ҳусни ният ва инсоф маъруф буд, ҳокими Мадина қарор дод. Умар барои боз шудани уқдаи дили мардум, дастур дод Ҳишом ибни Исмоилро назди хонаи Марвони Ҳакам нигоҳ доранд ва ҳар кас, ки аз Ҳишом бадӣ дида ё шунида биёяд ва талофӣ кунад ва доди дили худро бигирад. Мардум даста-даста меомаданд. Дашному носазо ва лаъну нафрин буд, ки нисори Ҳишом ибни Исмоил мешуд.

Худи Ҳишом ибни Исмоил беш аз ҳама нигарони Имом Алӣ ибни Ҳусайн буд. Бо худ фикр мекард, интиқоми Алӣ ибни Ҳусайн дар муқобили он ҳама ситамҳо ва саббу лаънҳо нисбат ба падарони бузургвораш, камтар аз куштан нахоҳад буд. Вале аз он тараф, Имом ба пайравони худ фармуд, хӯйи мо бар ин нест, ки ба афтода лагад бизанем ва аз душман баъд аз он ки заиф шуд интиқом бигирем, балки баръакс, ахлоқи мо ин аст, ки ба афтодагон кӯмак ва мусоидат кунем.

Ҳангоме, ки Имом бо ҷамъияти анбӯҳи ҳаводорон ба тарафи Ҳишом ибни Исмоил меомад, ранг дар чеҳраи Ҳишом боқӣ намонд. Ҳар лаҳза интизори маргро мекашид. Вале бар хилофи интизори вай, Имом тибқи маъмул — ки мусалмоне ба мусалмоне мерасад — бо садои баланд фармуд:

— Ассалому алайкум! – ва бо ӯ мусофиҳа кард ва бар ҳоли ӯ тараҳҳум карда, ба ӯ фармуд:

— Агар кӯмаке аз ман сохтааст, ҳозирам.

Баъд аз ин ҷараён, мардуми Мадина низ шамотат ба Ҳишомро мавқуф карданд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳор”)

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Ахлоқи ҳамидаи Имом Зайнулобидин
Via: Ахлоқи ҳамидаи Имом Зайнулобидин
Tags: Ахлоқи ҳамидаи Имом Зайнулобидин
Previous Post

Даъвати Қуръон ба омӯхтани илму маърифат

Next Post

Ҷабр аст ё ихтиёр

Related Posts

Муҳаммад
Инсон ва инсоният

Обид ва сиддиқ

February 26, 2026
Сарлашкари хушахлоқ
Инсон ва инсоният

Сарлашкари хушахлоқ

February 24, 2026
Фарҳанги фарзонагӣ
Инсон ва инсоният

Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким 

February 24, 2026
Иззати дунё...
Инсон ва инсоният

Фақир ва ғанӣ

February 24, 2026
Достонҳои омӯзанда
Инсон ва инсоният

Истгоҳи садоқат

February 24, 2026
Ахлоқи некӯ
Инсон ва инсоният

Неъмати бузург

February 24, 2026
Next Post
Ҷабр аст ё ихтиёр

Ҷабр аст ё ихтиёр

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

April 5, 2026
Даҳ амалиёти кӯбандаи Ҳизбуллоҳ дар 24 соат

Даҳ амалиёти кӯбандаи Ҳизбуллоҳ дар 24 соат

April 5, 2026
Мавҷи 96 амалиёти "Ваъдаи содиқ-4"

Мавҷи 96 амалиёти “Ваъдаи содиқ-4”

April 5, 2026
Вазоратхонаҳои Кувайт

Кувайт: Муҷтамаи вазоратхонаҳо мавриди ҳадаф қарор гирифтааст

April 5, 2026

Recent News

Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

April 5, 2026
Даҳ амалиёти кӯбандаи Ҳизбуллоҳ дар 24 соат

Даҳ амалиёти кӯбандаи Ҳизбуллоҳ дар 24 соат

April 5, 2026
Мавҷи 96 амалиёти "Ваъдаи содиқ-4"

Мавҷи 96 амалиёти “Ваъдаи содиқ-4”

April 5, 2026
Вазоратхонаҳои Кувайт

Кувайт: Муҷтамаи вазоратхонаҳо мавриди ҳадаф қарор гирифтааст

April 5, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

Андешкадаи амрикоӣ: Тромп бидуни тавофуқ аз ҷанг хориҷ мешавад

April 5, 2026
Даҳ амалиёти кӯбандаи Ҳизбуллоҳ дар 24 соат

Даҳ амалиёти кӯбандаи Ҳизбуллоҳ дар 24 соат

April 5, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved