• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Одоби сухан гуфтан

February 24, 2026
in Инсон ва инсоният
0
Ҳанӯз ёд дорам

Одоби сухан гуфтан

0
SHARES
10
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Одоби сухан гуфтан

Мактаби инсоният

Одоби сухан гуфтан аз забони Хоҷа Насир

Ва агар дар сухани ӯ маънӣ ғомиз (душвор) афтад, дар баёни он ба мисолҳои возеҳ ҷаҳд (саъй) кунад ва илло шарти эҷоз нигоҳ дорад ва алфози ғариб ва киноёти номустаъмал ба кор надорад.

 

Хоҷа Насируддни Тӯсӣ (р) дар китоби шарифи “Ахлоқи Носирӣ”-и худ дар бораи одоби сухан гуфтан аз ҷумла гӯяд:

“Бояд, ки бисёр нагӯяд. Ва сухани дигаре (яъне сухани як одами дигарро) ба сухани худ қатъ накунад. Ва ҳар ки ҳикояте ё ривояте кунад, ки ӯ бар он воқиф бошад, вуқуфи худ бар он изҳор накунад, то он кас он сухан ба итмом расонад.

Ва чизеро, ки аз ғайри ӯ пурсанд, ҷавоб нагӯяд.

Ва агар суол аз ҷамоате кунанд, ки ӯ дохили он ҷамоат буд, барояшон сибқат нанамояд.

Ва агар касе ба ҷавоб машғул шавад ва ӯ бар беҳтар аз он ҷавоб қодир буд, сабр кунад, то он сухан тамом шавад, пас ҷавоби худ бигӯяд бар ваҷҳе, ки дар мутақаддим (ҷавобдиҳандаи пеш аз худ) таън накунад.

Ва дар маҷороте (гуфтугӯе), ки бо ҳузури ӯ миёни ду кас равад, хавз нанамояд (яъне дахолат накунад). Ва агар аз ӯ пӯшида доранд, истироқи самъ накунад (яъне оҳиста ба он гӯш накунад) ва то ӯро бо худ дар он сирр мушорикат надиҳанд, мудохила накунад.

Ва бо меҳтарон сухан ба киноят гӯяд (яъне бо эҳтиром гӯяд). Ва овоз на баланд дорад ва на оҳиста, балки дар эътидол нигоҳ медорад.

Ва агар дар сухани ӯ маънӣ ғомиз (душвор) афтад, дар баёни он ба мисолҳои возеҳ ҷаҳд (саъй) кунад ва илло шарти эҷоз нигоҳ дорад ва алфози ғариб ва киноёти номустаъмал ба кор надорад.

Ва то сухане, ки бо ӯ тақрир (баён кардан) мекунанд тамом нашавад, ба ҷавоб машғул нагардад. Ва то он чи хоҳад гуфт дар хотир муқаррар нагардонад, дар нутқ наёварад (яъне бе андеша сухан накунад).

Ва сухан мукаррар (ба такрор) накунад магар ки бад-он мӯҳтоҷ шавад ва агар бад-он мӯҳтоҷ шавад, изтироб нанамояд ва фуҳшу шатм бар лафз нагирад ва агар ба иборат аз чизе фоҳиш музтар гардад (яъне маҷбур шавад), бар сабили таъриз киноят кунад аз он ва мизоҳи мункар накунад.

Ва дар ҳар маҷлисе сухан муносиби он маҷлис гӯяд. Ва дар аснои сухан, ба дасту чашму абрӯ ишорат накунад, магар ки ҳадис иқтизои ишорате латиф кунад, он гоҳ онро бар ваҷҳ адо кунад.

Ва дар росту дурӯғ бо аҳли маҷлис хилоф накунад ва лиҷоҷ накунад, хосса бо меҳтарон ё бо сафеҳон.

Ва касе, ки илҳоҳ (пойфишорӣ ва исрор) бо ӯ муфид набуд, бар ӯ илҳоҳ накунад.

Ва агар дар мунозира ва маҷорот тарафи хасмро руҷҳон ёбад (яъне ӯро бар ҳақ бинад), инсоф бидиҳад.

Ва аз мухотабаи авом ва кӯдакон ва девонагон ва мастон то тавонад эҳтироз (парҳез) кунад.

Ва сухани борик (дақиқ) бо касе, ки фаҳм накунад, нагӯяд.

Ва лутф дар муҳовира нигоҳ дорад ва ҳаракоту ақвол (суханони) ҳеч касро муҳокот накунад ва суханҳои муҳиш (вашҳатзо) нагӯяд…

Ва аз ғайбат ва наммомӣ (суханчинӣ) ва бӯҳтону дурӯғ гуфтан таҷаннуб (дурӣ) кунад, чунонки ба ҳеч ҳол бар он иқдом нанамояд ва бо аҳли он мудохил (худро омехта) накунад ва истимоъи онро кориҳ (нописандида) бошад ва бояд, ки шунидан ӯро аз гуфтан бештар (кориҳ) бошад. Аз ҳакиме пурсиданд, ки чаро истимоъи ту аз нутқ зиёдат аст (бештар аст)?, гуфт: “зеро, ки маро ду гӯш доданд ва як забон, яъне дучандон, ки гӯӣ, мешунавӣ.”

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Одоби сухан гуфтан
Via: Одоби сухан гуфтан
Tags: Одоби сухан гуфтан
Previous Post

Тромп: Ҷулониро худам сари кор овардам

Next Post

Неъмати бузург

Related Posts

Сарлашкари хушахлоқ
Инсон ва инсоният

Сарлашкари хушахлоқ

February 24, 2026
Фарҳанги фарзонагӣ
Инсон ва инсоният

Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким 

February 24, 2026
Иззати дунё...
Инсон ва инсоният

Фақир ва ғанӣ

February 24, 2026
Достонҳои омӯзанда
Инсон ва инсоният

Истгоҳи садоқат

February 24, 2026
Ахлоқи некӯ
Инсон ва инсоният

Неъмати бузург

February 24, 2026
Carl Linnaeus
Инсон ва инсоният

Гиёҳшинос

February 22, 2026
Next Post
Ахлоқи некӯ

Неъмати бузург

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Гумшудаи инсон

Newsweek: Тромп заифтарин раиси ҷумҳури Омрико

February 24, 2026
Сарлашкари хушахлоқ

Сарлашкари хушахлоқ

February 24, 2026
Фарҳанги фарзонагӣ

Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким 

February 24, 2026
Иззати дунё...

Фақир ва ғанӣ

February 24, 2026

Recent News

Гумшудаи инсон

Newsweek: Тромп заифтарин раиси ҷумҳури Омрико

February 24, 2026
Сарлашкари хушахлоқ

Сарлашкари хушахлоқ

February 24, 2026
Фарҳанги фарзонагӣ

Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким 

February 24, 2026
Иззати дунё...

Фақир ва ғанӣ

February 24, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Гумшудаи инсон

Newsweek: Тромп заифтарин раиси ҷумҳури Омрико

February 24, 2026
Сарлашкари хушахлоқ

Сарлашкари хушахлоқ

February 24, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved