Сарлашкари хушахлоқ
Достонҳои омӯзанда
Марде дуруштустухон ва баландқомат, ки андоме варзида ва чеҳрае офтобхӯрда дошт ва заду хӯрдҳои майдони ҷанг ёдгоре бар чеҳрааш гузошта ва гӯшаи чашмашро дарида буд, бо қадамҳои мутмаин ва муҳкам аз бозори Куфа мегузашт.
Аз тарафи дигар, марде бозорӣ дар дӯконаш нишаста буд. Ӯ барои он ки мӯҷиби хандаи руфақоро фароҳам кунад, муште зубола (партов) ба тарафи он марди баландқомат парт кард. Марди обир бидуни ин ки хам ба абрӯ биёварад ва илтифоте бикунад, ҳамон тавр бо қадамҳои муҳкам ва мутмаин ба роҳи худ идома дод. Ҳамин ки дур шуд, яке аз руфақои марди бозорӣ ба ӯ гуфт:
— Ҳеҷ шинохтӣ, ки ин марди обир, ки ту ба ӯ иҳонат кардӣ, кӣ буд?
— На, нашинохтам! Обире буд мисли ҳазорҳо обири дигар, ки ҳар рӯз аз ҷилави чашми мо убур мекунанд. Магар ин шахс кӣ буд?
— Аҷаб! Нашинохтӣ? Ин обир ҳамон фармондеҳ ва сипаҳсолори маъруф Молики Аштари Нахаӣ буд.
— Аҷаб! Ин мард Молики Аштар буд? Ҳамин Молике, ки дили шер аз бимаш об мешавад ва номаш ларза бар андоми душманон меандозад?
— Бале, Молик худаш буд.
— Эй вой ба ҳоли ман! Ин чӣ коре буд, ки кардам! Алъон дастур хоҳад дод, ки маро сахт танбеҳ ва муҷозот кунанд. Ҳамин ҳоло медавам ва доманашро мегирам ва илтимос мекунам, то магар аз тақсири ман сарфи назар кунад.
Ба дунболи Молики Аштар равон шуд. Дид, ӯ роҳи худро ба тарафи масҷид каҷ кард. Ба дунболаш ба масҷид рафт, дид ба намоз истод. Мунтазир шуд, то намозашро салом дод. Рафт ва бо тазаррӯъ худро муаррифӣ кард ва гуфт:
— Ман ҳамон касе ҳастам, ки нодонӣ кардам ва ба ту ҷасорат намудам.
Молик гуфт:
— Вале ман, ба Худо қасам, ба масҷид наёмадам магар ба хотири ту, зеро фаҳмидам ту хеле нодон ва ҷоҳил ва гумроҳӣ, бе ҷиҳат ба мардум озор мерасонӣ. Дилам ба ҳолат сӯхт. Омадам дар бораи ту дуо кунам ва аз Худованд ҳидояти туро ба роҳи рост бихоҳам. На, ман он тавр қасде, ки ту гумон кардаӣ, дар бораи ту надоштам.
(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ
tajnek.com
Тоҷнек




















