Қолибоф: То пирӯзии комил, муттаҳид хоҳем монд
Ахбори байналмилал
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Ҷ.И.Эрон, дар Х навишт:
“Ҳамон тавр ки дишаб гуфтам, оташбас танҳо натиҷаи пойдории Ҳизбуллоҳ ва ваҳдати Меҳвари Муқовимат буд.
Мо бо эҳтиёт ба ин оташбас наздик хоҳем шуд ва то замони дастёбӣ ба пирӯзии комил, муттаҳид хоҳем монд.
Аз талошҳои миёнҷигаронаи давлати Покистон ва женерол Осим Мунир барои таъмини ин оташбас ташаккур мекунам.
Мо ҳамчунон ба аҳди худ пойбандем”.
Тоҷнек



















